ДАР ТАХИАТОШ ЛОИҲАҲОИ НАВ АМАЛӢ МЕШАВАНД

Солҳои охир корҳои васеъмиқёсе, ки ба истифодаи самарабахши иқтидори иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла истеҳсолӣ ва сармоявии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, беҳтар кардани инфрасохтори муҳандисиву коммуникатсионӣ, иҷтимоиву истеҳсолӣ, рушди устувори соҳаҳои иқтисодиёт, дар ин поя таъмин намудани шуғл ва баланд бардоштани дараҷаи ҳаёти аҳолӣ нигаронида шудаанд, амалӣ мегарданд.

Дар ин самт қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои рушди маҷмӯии иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон дар солҳои 2020-2023» аз 11 ноябри соли 2020 омили муҳим ба шумор меравад.
Ба қарибӣ як гурӯҳ соҳибкорон аз вилояти Сурхондарё ба мақсади рушди ҳарчи зудтари фаъолияти соҳибкорӣ дар минтақаи Наздиарал, ба роҳ мондани фаъолияти худ дар соҳаҳои истеҳсоли маҳсулот бо арзиши баланди иловагӣ дар пояи ғояи «Тиҷоратро дар Қароқалпоқистон ба роҳ гузор» ба ноҳияи Тахиатоши Ҷумҳурии Қароқалпоқистон рафтанд.
Дар мулоқоте, ки бо соҳибкорон баргузор шуд, раиси Кумитаи масъалаҳои рушди минтақаи Наздиарали Сенат Б. Алихонов дар бораи имкониятҳо, махсусиятҳои минтақа, шароитҳое, ки барои рушди соҳибкорӣ фароҳам оварда шудаанд, маълумоти муфассал дод.
Соҳибкорони ба сухан баромада қайд намуданд, ки дар минтақа баҳри рушди саноат имкониятҳои нодир, инфрасохтори зарурӣ мавҷуд буда, он омили муҳими фаъолияти онҳо ба шумор меояд.

Хидмати ахбори Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: