Модар ноёбтарин неъмати дунё, сарманшаи муҳаббати беканор ва азизтарин шахсияти башар аст.
Меҳри бепоён ва навозишҳои гарми ӯ фонуси хаёли мост. Канори модар дабистони кӯдакии инсон аст. Шояд ба ин хотир аст, ки абармардони олам: шоҳон, шоирон ва олимони машҳури сайёра назди бузургии модар сари таъзим фуруд овардаанд. Шоири тавонои миллат Лоиқ Шералӣ модарро ба замин – офарандаи неъмат монанд карда, бо як илҳоми шоирона гуфтааст:
Ту монанди замин яктоӣ, модар,
Ту монанди замин танҳоӣ, модар.
Пайдост, ки орифону фозилон, косибону олимон парвардаи боғи муаттари дунёи ҳавасҳои модаранд. Аз ин рӯ, донистани қадру манзалати модар вазифаи муқаддаси мост.
Модаро, олиҳаи покии ишқ,
Бо дили покиза покам зодаӣ.
Аз вуҷуди поки худ чун меҳри пок,
Шири поки модариам додаӣ.
Модар! Яъне, занҷире, ки аъзои оиларо ба ҳам мепайвандад. Меҳру муҳаббат, хушгуфторию хушрафторӣ, бузургиву муҷассамаи хоксорӣ дар тинати ӯ ниҳон аст. Дар олам муқаддастар аз модар мавҷуде нест.
Оре, тамоми ҳастии мо аз модар аст, маҳз ба туфайли ҷонкоҳонии модар мо ба дунё омада, одам ном гирифтем. Аз ин ҷост, ки мо ӯро муқаддас мешуморему дар лаҳзаҳои душвортарин номашро ба забон мегирем ва мегӯем: Модарам! Модарҷон! Меҳру муҳаббати самимии модар ва шабзиндадориҳои модарро ба ҳеч чиз натавон баробар кард. Модар ҳаст, ки мо ҳастему ҳаёт ҳаст. Кист он касе, ки аллаи модарро нашунида бошад, аз шири сафеди ӯ баҳра набурда бошад. Модар дар заифӣ қувва, дар дили сиёҳи шаб нур, чашмаи шафқат, саховат, муқаддимаи ҳаловату осоишта аст. Модар калимаест зебо ва шуниданаш гуворо. Вақте ин калимаро ба забон мегирем, ба ҷаҳоне ворид мешавем, ки дар он суруди «Алла» танинандоз аст. Дар дунё гармтар аз меҳри модар, ширинтар аз лафзи ширини модар, болотар аз тавоноиву қудрат, нармтар аз дили модар чизе нест.
Он, ки бар рӯйи ҷаҳон орад туро,
Он, ки дар умраш наёзорад туро.
Он, ки аз ҷон дӯсттар дорад туро,
Модар асту модар асту модар аст.
Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Заҳмати шабонарӯз, бедорхобию пурбардоштии ӯ танҳо ба худаш хос буда, касро ба ҳайрат меорад. Мо канори модар бо олами рангини кӯдакӣ ба воя мерасем, аз ӯ дарси одамгарию Ватандӯстиро меомӯзем. Канори модар худ биҳишти аввалини ҳаёти мост. Ба зери болини кӯдак гузоштани китоби Қуръон ё муқаддасоти дигар рамзи худро дорад. Модар мехоҳад, ки тифлашро бе нуқс ба воя расонад, то ӯ мададгори даврони пириаш гардад.
Ҳангоме ки чеҳраи зебои модар пеши назар меояд, аз чашмони ӯ, аз тамоми ҳастияш нуру сафо меборад. Ва ин нур пайроҳаи ояндаи ҳаётамонро равшан месозад.
Севара ТОҲИРОВА,
донишҷӯйи ДД Тирмиз.