Ҷопон ба Ӯзбекистон 245 миллион доллар қарз медиҳад

Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) бо Ӯзбекистон созишномаи қарзӣ оид ба ҷудо кардани то 245 миллион доллар қарз барои барномаи дастгирии иқтисоди устувор ва рушди иҷтимоӣ ба имзо расонд.

Дар ин бора хидмати матбуоти агентӣ хабар медиҳад.

Ин қарз ба ислоҳоти иқтисодии Ӯзбекистон дар давраи гузариш ба иқтисоди бозорӣ, тақвияти фарогирии иҷтимоӣ ва субот, аз ҷумла ҳимояи табақаҳои осебпазири аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.

Фоизи солона 1,8%, муҳлати баргардонидан 30 сол бо давраи имтиёзнок 10 сол. Лоиҳа ба нақша гирифта шудааст, ки моҳи марти соли 2024 анҷом дода шавад.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: