ҲУКМИ АНЪАНАРО МЕГИРАД

Мисле ки аз ҷониби кумитаи муттаҳидаи ходимони иттифоқи касабаи соҳаҳои соҳибкорӣ, тиҷорат ва хидматрасонии шаҳри Тошканд баргузор намудани спартакиада дар байни роҳбарон ва фаъолони ташкилотҳои ибтидоии он ҳукми анъана касб менамояд.

Ҳоло он зери шиори «Саломатӣ-2023» дар сиҳҳатгоҳи «Чотқол»-и ноҳияи Бӯстонлиқ барпо гардид. 

Ин мусобиқаи пешвоёни ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касабаи шаҳри Тошканд бори сеюм барпо гардид, имсол бинобар 11-ноябр дар ҷумҳурӣ Рӯзи иттифоқҳои касаба ва рӯзи истироҳат эълон гардиданаш рӯҳи идона ҳам дошт. 
Иштирокдорон аз 80 ташкилоти ибтидоӣ бинобар шашка, волейбол, тенниси рӯйи миз, арғамчинкашӣ, билярд, дартс қувваозмоӣ намуда, дар ҳар намуд ғолибони алоҳида муайян гардиданд.
– «Дар тани солим – ақли солим», – бо ҳикмати маъруф ба иштирокдорон муроҷиат кард раиси кумитаи муттаҳида Дилфуза Исмоилова, – ҳар кадоми шумо, пеш аз он ки дар ташкилотатон ба чунин ҳаёти солим ва варзиш ходимонро ҳидоят намоед, худатон бояд ба он шавқ ва рағбат дошта бошед. Ҳоло, ки мо охири ҳафтаи ҷорӣ бори аввал иди касбии худ – Рӯзи иттифоқҳои касабаро ҷашн менамоем, мехоҳам ки онро муносиб ва бо дастовардҳои варзишиву меҳнатӣ пешвоз гиред.
Дар майдончаву толорҳои варзишии «Чотқол»  бошад, қувваозмоиҳо авҷ гирифта, хусусан дар арғамчинкашиву волейбол талошҳо бемуросо гузаштанд. Бояд гуфт, ки дар намудҳои бозии спартакиада ҷамоаҳо аз марду зан омехта сабқат намуданд ва ин то андозае шавқи талошу бозиро зиёд намуд.
Ва, тавре ки анъана тақозо менамояд, ғолибон бо ифтихорномаву туҳфаҳо қадр карда шуданд ва як рӯзи варзишу мадании худро бо самар ва муфид пушти сар карданд. 

Т. МИРҲАЁЕВ,
вилояти ТОШКАНД. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: