МЕДАЛ БАРОИ ГЕНЕРАЛ

Бо фармони Вазорати дифои Муғулистон ба муносибати 80-солагии озодшавии Халхин Гол шаҳрванди Ӯзбекистон, генерал-майор Абдуллоҷон Ортиқбоев барои хидматҳои шоистааш бо медали махсус сарфароз гардид.

Мукофоти шодравон Абдуллоҷон Ортиқбоев  ба ҳамсараш Шаҳзода Ортиқбоева супурда шуд.
Зимни супоридани медал мушовири раиси Кумитаи равобити байналмилалӣ бо кишварҳои хориҷӣ Валерий Тян ба хидматҳои Абдуллоҷон Ортиқбоев баҳои баланд дод.
Ӯ таъкид намуд, ки генерал-майор ҳаёти худро баҳри ҳифзи Ватан нисор карда, роҳи зиндагии ӯ барои насли наврас намунаи ибрат аст.
– Ба Ватан хидмат намудан ва ҳаёти осоиштаро мардонавор муҳофизат кардан шиори Абдуллоҷонака буд, – мегӯяд ҳамсари ӯ. 
Шаҳзода Ортиқбоева даст ба дуо бардошта, барои эҳтиром ва қадршиносӣ арзи сипос кард.

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: