Шумораи аҳолии доимии Тошканд аз 3 миллион нафар гузашт

Тибқи маълумоти Агентии омор, то 1 октябри соли 2023 шумораи сокиноне, ки доимӣ дар Тошканд зиндагӣ мекунанд, 3 миллиону 20 ҳазор нафарро ташкил додааст.

Аз онҳо:

мардон – 1 миллиону 481 ҳазор;

занон – 1 миллиону 538 ҳазор нафар.

Бояд гуфт, ки шумораи аҳолии пойтахт бори аввал соли 1960 аз 1 миллион нафар, соли 1985 шумораи аҳолии Тошканд аз 2 миллион нафар гузашт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: