БОШУҒЛФАРОГИРИИ ҶАВОНОНИ ФАРҒОНА

Дар водӣ, алалхусус вилояти Фарғона аҳолӣ нисбатан зичтар ҷойгир шудааст.

Дар водӣ, алалхусус вилояти Фарғона аҳолӣ нисбатан зичтар ҷойгир шудааст. Дар қаламраве, ки ҳамагӣ 6.800 км.кв. масоҳат дорад, бештар аз 3 миллиону 600 ҳазор нафар аҳолӣ умр ба сар мебарад. Чун аҳли меҳнати дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ фарғониён низ дар ҳамаи соҳаҳо баҳри татбиқи ислоҳоти кулл, ки дар навбати аввал ба мустаҳкамсозии пояҳои иқтисодии ҷумҳурӣ, ободии диёр, баланд бардоштани дараҷаи рӯзгори мардум нигаронида шудаанд, таҳтидилона ҳаракат мекунанд.
Имрӯзҳо дар ҷодаи ба амал татбиқ намудани 544 лоиҳае, ки 7,6 триллион сӯм арзиш дошта, барои соли равон муайян шудааст, саъйҳо самара мебахшанд. Имконият фароҳам омад, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ наздик 11 ҳазор ҷои нави корӣ ташкил карда шавад.
Бо шуғл фарогирии ҷавонон, хусусан, дар маркази эътибор. Аз ҷумла, дар ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ӯз –Сеганг», ки қодир аст дар як сол то 16 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзию боғдориро коркард намояд, 250 нафар писарону духтарон меҳнат мекунанд.
Ибтидои соли равон ҷои кори доимӣ надоштани 49 ҳазору 168 нафар ҷавонони вилоят аниқ гардида буд. Дар асоси нақшаи манзилноки иқтисодӣ бошуғлфарогирии 37 ҳазор нафар ҷавонон, ки ин тақрибан 75 фоизи ҷӯяндагони корро ташкил менамояд, пешбинӣ гардид. Дар шӯроҳои маҳаллӣ бо иштироки роҳбарони секторҳо реҷаҳои солона тасдиқ карда шуданд. То рӯзҳои мо 27 ҳазору 815 нафар ҷавонон бо шуғл фаро гирифта шуданд. Аз ҷумла, 5400 нафар ҷавонони вилоят ба соҳибкорӣ, 4300 нафар ба корҳои ҷамоатӣ, 5100 нафар ба идораю ташкилотҳои давлатӣ, 463 нафар ба сохтмон, 11 ҳазору 854 нафар ба корҳои кишоварзию боғдорӣ фаро гирифта шуданд.
Татбиқи усулҳои нави хоҷагидорӣ дар ба амал баровардани ислоҳоти кишоварзию боғдорӣ самараи дилхоҳи худро мебахшад. Дар кооператсия ва кластерҳо, хоҷагиҳое, ки дар самтҳои кишоварзӣ фаъолият мебаранд, корҳо оқилона ташкил гардида, соли равон ба онҳо 859 га майдон ҷудо карда шуд. 2643 нафар ҷавонон ба ин қабил усулҳои хоҷагидорӣ ҷалб гардонда шуданд. Аз ҷумла, кооператсияи истеҳсолии «Караван – Багдад» вақтҳои охир доираи фаъолияти худ васеътар сохт ва имкон фароҳам овард 75 нафар ҷӯяндагони шуғлро ба истеҳсолот ҷалб намояд. Аксарияти бекорон, ки ба ин кооператсия ҷалб шуданд, аъзои оилаҳои камтаъмин ҳисобида шуда ё аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашта мебошанд.
Лоиҳаи «Ба ҳар як ҷавон – як гектар» дар вилоят татбиқи амалии худ меёбад. Вале ҳар минтақа, ҳар ҳудуд ва хоҷагӣ захира ва имкониятҳои ба худ хос дорад. Вазифаи асосӣ он аст манбаъҳои даромад омӯхта ва бо баҳисобгирии шароит қувваҳо дар ҷодаи бошуғлфарогирии ҷавонон пурра сафарбар карда шавад. Бинобар ҳар ноҳия нақшаҳои мушаххас таҳия гардида, пеш аз ҳама имкониятҳо ба назар гирифта мешаванд.
Дар ноҳияи Бағдод, ки аҳолӣ зичтар ҷойгир аст, ба ҷавононе, ки бо деҳқонӣ шавқ доранд, 20 сотихӣ замин ҷудо карда дода мешавад. Кишоварзони бағдодӣ дар истеҳсоли занҷабилҳои тунд ва булғорӣ таҷрибаи зиёд доранд. Имрӯзҳо дар заминҳое, ки санглох ва бекорхобида ҳисобида мешуданд, навъҳои зиёди занҷабил парвариш меёбанд. Ҷавони чашмикордон М.Умаров дар доманаҳои адир, ки бинобар беобӣ бо як аҳвол мехобиданд, киштзорҳои нав бунёд кард. Гармхонаҳо сохт. Ҳанӯз дар аввали баҳор маҳсулоти ӯ, ки айни замон соҳибкори ҷавон аст, даромади калон овард. 54 тонна бодиринг ва помидори хушсифат ба хориҷ рафт.
Дар натиҷаи ҷудо карда шудани субсиди давлатӣ ба қитъаҳои назди адир, ки нисбатан дар баландӣ ҷойгиранд, об бароварда ва майдонҳои навкорам ҳосили дилхоҳ медиҳанд.
Ин гуна мисолҳоро дар тамоми ноҳияҳои вилоят дучор кардан мумкин. Вақте Фарғонаи марказӣ мегӯем, қабл аз ҳама даштҳои Ёзёвон, ки ҳоло қисми асосиаш ба гулистон табдил ёфта, пеши назарамон меоянд. Баъзе қитъаҳо хароб ва ҳатто ваҳмангез буданд. Ҳоло дар ин ҷоҳо кӯлҳо барпо ва дар онҳо моҳидорӣ ба роҳ гузошта шудааст. Таклифи ҷавонони ёзёвонӣ аснои қабули роҳбарони сайёри сектори дуюм ба инобат гирифта шуд ва дар ин ҷо 25 га майдон ба ихтиёри ҷавонони моҳипарвар вогузор гашт. 
Дар қисме аз қитъаҳо аз ғалла ҳосили хеле ночиз рӯёнида мешуд. Ҳатто имкон надошт аз як гектар 20 сентнер ҳосил ба даст ояд. Ҳоло дар ин навъ майдонҳо чормағззорҳо бунёд мегарданд. Ба зери ниҳолҳое, ки ҳанӯз ҷавонанд, картошка, помидор ва аз полизот тарбузу харбуза кишт карда мешавад. Ӯткирбек Эргашеви ёзёвонӣ дар ҷустуҷӯи кор ба хориҷ мерафт. Акнун азм кард дар зодгоҳи худ боғбонӣ намояд. Вай аз натиҷаи меҳнати худ мамнун. Ҳамчунин дилпур аз фардои худ мебошад, бо дасту дили гарм ва хотири ҷамъ арақи ҷабин мерезад. Ҷавононе, ки дар собиқа муҳоҷирони меҳнатӣ шуморида мешуданд ва умр дар мусофират мегузаронданд, ҳоло дар диёри худ ба ободию фаровонии ҳаёт ҳамчун соҳибони мулк саҳм мегузоранд.
Байни шаҳрҳои Фарғона ва Қувасой деҳкадаест бо номи Пакана. Ҳоло он шаҳрчаи зеборо мемонад. Биноҳои замонавии маъмурию истиқоматии бисёрошёна дар ин ҷо қад мекашанд. Айни замон ҷойҳои холӣ дар атрофи биноҳо хеле зиёд ва ҷавонон бо гирифтани воми ипотекаи дарозмуддат ба навъҳои гуногуни соҳибкорӣ кашида мешаванд. Бо ба роҳ андохтани фаъолияти соҳибкорони ҷавон офаридани 21 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ба нақша даромадааст. Иқлими Пакана ба парвариши навъҳои хушсифати гелос мувофиқ. Гелосзорҳо аллакай ҳосили дилхоҳ доданд. Ҷавононе, ки дар боғҳо аз паи парвариши ниҳолҳоянд, баробари андӯхтани таҷриба соҳиби даромад мешаванд. Дарк кардаанд барои зиндагии хуб аз таҳти дил меҳнат кардан даркору халос. Президентамон низ аснои шиносоӣ бо ислоҳоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҳаёти аҳолии Фарғона таъкид сохт: «Чӣ қадар беҳтар кор кунем, зиндагӣ ҳамон қадар беҳтар хоҳад шуд».

М. ШОДИЕВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: