КИТОБҲО БАРОИ МАКТАБҲО

Кулли мактабҳои вилояти Қашқадарё бо 16 номгӯй китобҳо оид ба тарғиботи сиёсати ҳукумати кишвар, ки теъдоди умумии онҳо 3572-то аст ва 10 ҷилд китобҳои илмиву бадеӣ, ки 21200 нусхаро ташкил мекунанд, таъмин мегарданд.

Ин тасмим аз ҷониби Вазорати томактабӣ ва мактабии Ҷумҳурии Ӯзбекистон гирифта шудааст ва айни ҳол корвони мошинҳои ҳомили ин китобҳо ба самти 1225 дабистонҳои вилоят равон гаштаанд. Китобҳо ба китобхонаҳои мактабҳо дар ҳузури мутахассисони Саридораи томактабӣ ва мактабии вилоят супорида хоҳанд шуд. Аксари китобҳо ба забонҳои ӯзбекӣ, русӣ ва англисӣ ҳастанд.

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Қашқадарё.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: