ДОНИШҶӮ, ХАТМКУНАНДА ВА ШАРТНОМАИ МЕҲНАТӢ

Ҳама медонанд, ки баъди хатми муассисаи таълими олӣ масъалаи ба кор даромадан дар назди хатмкунандагон меистад.

Ҳама медонанд, ки баъди хатми муассисаи таълими олӣ масъалаи ба кор даромадан дар назди хатмкунандагон меистад. Дар баробари ин донишҷӯёне низ ҳастанд, ки ҳам кор мекунанд, ҳам мехонанд. Таассуф, ки ба сабаби хуб надонистани қонуни меҳнат баъзе хатмкунандагон ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешаванд. 
Тибқи Конститутсияи Ӯзбекистон ҳар як шахс ҳуқуқи меҳнат кардан, интихоби озодонаи кор, кор кардан бино ба шартҳои меҳнат, ҳимоя аз бекорӣ, гирифтани ҳақ на кам аз миқдори тарифи ягона тибқи Қонуни меҳнатро дорад. Ҳар як шахс тавассути муроҷиат ба соҳиби кор, ба воситаи мақомоти меҳнати шаҳру ноҳия ё хидмати агентии бошуғлфарогирӣ метавонад кор ёбад.
Асоси фармонро оиди ба кор қабулкунӣ шартномаи меҳнатӣ ташкил медиҳад. Шартномаи меҳнатӣ созишномаест байни ходиму соҳибкор, ки бо назардошти ихтисос, малака, вазифаи мутахассис, риояи тартиби меҳнати дохилӣ баста мешавад. Бояд гуфт, ки дар ин маврид (мавриди бастани шартнома) ҳуҷҷатҳои қонун дар бораи меҳнат ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ бино ба пардохти ҳаққи меҳнат низ ба назар гирифта мешавад. Шартномаи меҳнатӣ ба муддати номуайян, ба муддати панҷ сол ё назардошти анҷоми кори муайяне, ки вақти зиёдро дар бар мегирад, баста мешавад. Шаҳрвандонро метавон аз синни 16 ба кор қабул кард. Ҳангоми ба кор қабул кардан ҷараёни таҳсил, вақти холӣ, ризоияти хаттии падар ё модари шаҳрванд ба назар гирифта мешавад. 
Агар соҳиби кор дар мавриди қабул ба кор ҷавоби рад диҳад, бояд сабабҳояшро асоснок намояд ва дар муддати се рӯз хаттӣ ҷавоб гардонад. Барои санҷидани қобилияти ходим шартномаи меҳнатиро метавон ба муддати се моҳ баст. Баъзе соҳибони кор муддати санҷишро нодуруст роҳандозӣ мекунанд. Яъне, ҳангоми муроҷиат кардани ходим ӯро бе шартномаи меҳнатӣ ба кор ҷалб мекунанд. Ин ҳолат ба қонуни дарамалбуда зид аст, яъне ин муддат (муддати санҷиш) баъди ба кор қабул кардани ходим роҳандозӣ карда мешавад. Ба занони ҳомила, заноне, ки кӯдаконашон се солро пур накардаанд, онҳое, ки баъди хатми муассисаҳои таълими миёнаи махсус, касбу ҳунар ва муассисаҳои таълими олӣ дар тӯли се сол бори нахуст ба кор медароянд, муддати санҷиши аввал пешбинӣ намешавад. Дар давраи санҷиши аввал ба ходимон қонунгузории меҳнат ва шартҳои дар корхона пешбинишуда пурра тадбиқ карда мешавад. То ба охир расидани муддати санҷиши аввал ҳар як ҷониб ҳақ дорад, ки ҷониби дуюмро хаттӣ огоҳ намуда, шартномаи меҳнатро бекор созад. 
Дар қонунгузории дарамалбуда барои шахсоне, ки ҳам мехонанд ва ҳам кор мекунанд, як қатор имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд. Соҳиби кор вазифадор аст, ки таътили солонаи онҳоеро, ки ҳам мехонанду ҳам кор мекунанд, ба вақти имтиҳонсупории онҳо мутобиқ гардонад. Ҳамчунин, агар ходим барои дохил шудан ба муассисаи таълими олӣ ҳуҷҷат супорида бошад, ба ӯ дар муддати панҷ рӯз, аз ҳисоби худ, таътил диҳад. Дар ин маврид, вақти ба муассисаи таълимӣ рафтан ва баргаштан ба панҷ рӯзи пешбинишуда дохил намешавад. 
Дар давраи иштирок дар сессияи лабораторию имтиҳонҳо ба ходимоне, ки дар муассисаҳои таълими олӣ ва миёнаи махсус таълим мегиранд, тибқи тартиби зерин: ба онҳое, ки дар курси якуму дуюм дар муассисаҳои таълими олӣ шабона таълим мегиранд – ҳар сол камаш бист рӯзи тақвимӣ, ба онҳое, ки дар муассисаҳои таълими миёнаи махсус таълим мегиранд – ҳар сол камаш даҳ рӯзи тақвимӣ, ба онҳое, ки дар муассисаҳои таълими олӣ ва миёнаи махсус ғоибона таълим мегиранд, ҳар сол камаш сӣ рӯзи тақвимӣ; онҳое, ки шабона дар курсҳои сеюм ва болотар таълим мегиранд – ҳар сол камаш сӣ рӯзи тақвимӣ, онҳое, ки дар муассисаҳои таълими миёнаи махсус мехонанд – ҳар сол камаш бист рӯзи тақвимӣ, онҳое, ки дар муассисаҳои таълими олӣ ва миёнаи махсус ғоибона мехонанд – ҳар сол камаш чил рӯзи тақвимӣ; дар давраи супоридани имтиҳонҳои хатмкунӣ дар муассисаҳои таълими олӣ ва миёнаи махсус – камаш сӣ рӯзи тақвимӣ; ба донишҷӯёни муассисаҳои таълими олие, ки лоиҳа (кор)-и дипломиро омода ва дифоъ мекунанд – камаш чор моҳ, ба толибилмони муассисаҳои таълими миёнаи махсус бошад, ба муддати ду моҳ дар ҳоли нигоҳ доштани музди миёнаи меҳнат таътил дода мешавад. Ходимони ҷавон бояд инро донанд, ки вақте дар курсҳои охири муассисаҳои таълими олӣ ва миёнаи махсус мехонанд, метавонанд ба мақсади ҷамъоварии мавод барои лоиҳа (кор)-и дипломӣ аз ҳисоби худ ба муддати сӣ рӯзи тақвимӣ таътил гиранд. Дар ин муддат ба донишҷӯён ва толибилмон стипендия таъин карда мешавад. 
Ҳамчунин бояд илова кард, ки соҳибони кор ба ходимоне, ки ғоибона дар муассисаҳои таълими олӣ мехонанд, дар вақти иштирок дар сессияи лабораторию имтиҳонҳо, бояд соле як маротиба панҷоҳ фоизи роҳкирои онҳоро пардозанд. Ин тартиб ба давраи омода кардани лоиҳа (кор)-и дипломӣ, дифои он ва супоридани имтиҳонҳои хатмкунӣ низ тааллуқ дорад.

Диловар РАШИДОВ,
устоди кафедраи идораи 
корпоративии Донишгоҳи давлатии нақлиёти Тошканд.      
       

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: