ЧАРО МАКТАБҲОИ МО СИМОИ МИЛЛӢ НАДОРАНД?

Ҳар сол миллатҳои рӯйи олам 21-уми февралро ба сифати Рӯзи байналмилалии забони модарӣ таҷлил мекунанд, ки онро ЮНЕСКО муайян кардааст.

Мақсад аз он ҳифзи забонҳои миллатҳои гуногуни рӯйи замин аз ситези забонҳои муқтадир, ба вуҷуд овардани заминаҳои рушд барои забонҳои миллӣ ва такони ҳисси эҳтиром ба забони модарии худ дар байни миллатҳои мухталиф мебошад. Тоҷикони маскуни Ӯзбекистонро низ зарур аст, ки огоҳона ин иди барои рушди миллат муҳимро ба таври васеъ ҷашн гиранд. Мо масъул ҳастем, ки забони модарии худро бидуни талафот солиму мубарро ба насли оянда вогузорем.  Ҳоло мехоҳам, ки баҳсеро ба миён гузорам ва дар зимн кулли ҳамзабононро ба эҳтироми забони модариашон даъват намоям.

 

Дар давоми зиёда аз як соли кориам ба ҳайси мухбири рӯзномаи «Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё меҳмони аксари мактабҳои тоҷикии ин қаламрав гаштам. Аз деҳаҳои гуногуни ноҳияи Деҳқонобод сар карда, то ба дурдасттарин рустоҳои ноҳияи Шаҳрисабз, ба монанди Кӯлу Ғелон рафтаву бо ҳаёти ҳамзабонон шинос шудам, мактабҳои таълимашон ба забони тоҷикиро низ аз назар гузаронидаву аз рӯзгори омӯзгорони варзида мақолаҳо ба нашр расонидам. Дар навоҳии Деҳқонобод, Китоб, Шаҳрисабз ва дигар минтақаҳои вилояти Қашқадарё мактабҳои тоҷикӣ амал мекунанд, аммо як қисмати онҳо ба фишори замона тоб наоварда, ногузир дари худро ба рӯйи донишомӯзони тоҷик баставу таълимро ба забони давлатӣ идома медиҳанд. Як замон дар ноҳияи Ғузор ҳам мактабҳои тоҷикӣ вуҷуд доштанд, ки кунун беному нишонанд. Ин тавр, ба ман муяссар гашт, ки мактабҳои тоҷикии вилояти Сурхондарёро низ қадам ба қадам бигардам ва бо вазъи ин дабистонҳо ошно шавам. 
Вақте вориди мактабҳои тоҷикӣ мегардед, аввалин чизе, ки касро нороҳат мекунад, нодуруст навишта шудани номи онҳост. Як замоне мактабҳо ба ҷуз аз шумора номи алоҳидае доштанд ва шогирдони ин муассисаҳои таълимӣ бо номи мактаби худ ифтихор мекарданд. Аммо ҳоло танҳо рақами мактабҳо боқӣ мондаанд, ки ҳамон ҳам дар пештоқашон дуруст сабт наёфтааст. Ҳарчанд чандин навиштаи эътирозӣ ҳам рӯйи чоп омаданд ва зиёиёни рӯшанфикр борҳо ин мавзӯъро ба баҳс кашиданд, ки ин амал қобили қабул нест, аммо он хатои номатлуб ҳамон пойбарҷост. Масалан, дар болои дарвозаи ҳамаи мактабҳои тоҷикӣ чунин навиштаро мехонем: «23 мактаб», «67 мактаб»... Аммо чаро ба забони тоҷикӣ «Мактаби 23», «Мактаби 67» (дар байн калимаи «рақами»-ро ҳам ҳамроҳ кардан мумкин) наменависанд? Мебинем, ки миллати мо ақаллан дар навиштани номи мактаби худ ба забони модариаш иқдом намекунад!  Дар мактабҳои таълимашон ба забони тоҷикӣ шиносномаи дабистон ба забони ӯзбекӣ, русӣ ва ҳатто англисӣ навишта шудааст, аммо ба забони тоҷикӣ вуҷуд надорад. Дар даромадгоҳи мактабҳо ба ин  забонҳо, «Добро пажаловать!», «Велком» навиштаанд, аммо «Хуш омадед!»-и тоҷикӣ «фаромӯш» гаштааст! Чунин муносибатро ба забони модарӣ дидаву хеле хиҷил мегардед, як навъ шарм ҳам медоред, ки ҳаммиллатони мо кунун дар бобати эҳтироми забони модарии худ чӣ дараҷа бемасъулият шудаанд. Охир, шарт нест, ки ин корро кадом мақомдоре аз ташкилотҳои болоӣ ба гӯши мо ҳиҷо кунанд! Танҳо ба раҳбарони муассисаҳои таълимӣ ҳисси масъулият лозим асту халос. Дар деҳаҳои тоҷикнишин, ки аз марказҳо даҳҳо фарсах дуранд ва дар оғӯши кӯҳҳои сарбафалак ҷой гирифта, ягон нафар бошандаи ӯзбеку русу англис надоранд, чаро ба ин забонҳо номи муассисаҳо навишта шудаву ба тоҷикӣ не?! Раҳбарони мактабҳои тоҷикӣ ба он эътиборе намедиҳанд. Кас ба чунин мактабҳои тоҷикӣ ворид мегардаду худро дар дунёи мутлақ бегона мебинад. Симои ғайритоҷикии мактабҳо ба рӯҳияи донишомӯзон сахт таъсир мерасонад ва дар зеҳни онҳо мавқеи забони модариашонро ночиз талаққӣ медиҳад. Ҳатто дар дарсҳо ба забони адабӣ дарс нагуфтани устодон, ки имрӯз ба ҳукми анъана даромадаву касеро ба он коре нест, ба рӯҳияти умумии шогирдони мактаб таъсири манфӣ расонда, ба пояи худшиносии онҳо завол меорад. Бадии кор дар он аст, ки дар баъзе мактабҳои тоҷикӣ фанҳои физика, кимиё, риёзиёт, ҷуғрофия, таърихро ба забони тоҷикӣ намегузаранд.   Чунки устодони ин фанҳо таълими олиро ба забони модарӣ нагирифтаанд. Сабаби дигари дилхунукии онҳо забони мураккаби китобҳои дарсии ба тоҷикӣ тарҷумашуда мебошад, ки на устодон (!) мефаҳманду на шогирдон. Ин як мушкилест, ки бояд тамоми мутахассисони соҳаи таълим таваҷҷуҳ зоҳир намоянд ва макотиби тоҷикиро аз ин бунбаст берун кашанд. 
Боварӣ дорем, ки тоҷикон ҳам дар Рӯзи байналмилалии забони модарӣ каме ҳушёр гаштаву ба эҳтироми забони модарии худ иқдом карда бошанд ва дар роҳи бартараф кардани камбудиҳои зикршуда аз сидқи тамом талош меварзанд. 

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори «Овози тоҷик». 

Вилояти ҚАШҚАДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: