Астрофизики машҳури Швейтсария, лауреати мукофоти Нобел оид ба физика, соҳиби даҳҳо унвони байналхалқӣ, профессори Донишгоҳи Женева Мишел Майер бо камоли эҳтиром ба таклифи роҳбари лоиҳаи умумимиллии «Инсон.
Фарҳанг. Сулҳ»-и Маркази илмӣ-маърифати назди Донишгоҳи байналхалқии технологии Самарқанд Анатолий Ионесов ба иштирок дар анҷуманҳои фарҳангӣ ва илмӣ розигӣ дод.
Бояд таъкид намуд, ки соли 1995 Мишел Майер бо яке аз шогирдонаш
Дидё Кёло берун аз системаи Офтоби мо, дар меҳвари роҳи бузурги Каҳкашон давр задани сайёраи навро кашф карда, мукофоти Нобелро гирифта буд.
Мишел Майер ба Анатолий Ионесов ғайр аз арзи сипос аз Женева боз номаи худро бо роҳи хаёл ба мунаҷҷими Шарқ – Мирзо Улуғбек ирсол кардааст, ки матни он чунин мебошад:
«Шахсан ба шаҳаншоҳи астрономия Мирзо Улуғбек! Чӣ гуна зебо, пурҷозиба тасвири аспҳои болдор (пегас) дар осмони лоҷуварди Самарқанд дар замони ҳукмронии ту! Маҳз ҳамин гӯшаи фалакиёт ба дили ҳассоси ман наздик аст, ки 51 аспи болдор кашф шудаанд. Аз қаъри асрҳо мо хотири неки туро дар қалб нигоҳ медорем, ту пайдо кардани онро дӯст медоштӣ. Ман хеле мехостам бо ту суҳбат ороста, иттилоъ диҳам, ки мо хеле пеш рафтем.
Ба ту, Улуғбек, ба кашфиёти ту мафтун ҳастем ва ифтихор мекунем.
Бо камоли эҳтиром, профессори Донишгоҳи Женева, соҳиби ҷоизаи Нобел Мишел Майер».
Бояд хотиррасон намуд, ки бо ташаббус ва дастгирии Академияи улуми Ӯзбекистон ва ширкати «Эриэлл» асари безаволи Мирзо Улуғбек «Зиҷи Кӯрагонӣ» аз нусхаи асл – тоҷикӣ ба забонҳои ӯзбекӣ, русӣ, англисӣ ва хитоӣ тарҷума шудааст.
Набераи дӯстдоштаи Амир Темур Муҳаммад Тарағай 22-уми марти соли 1394 дар шаҳри Султонияи Эрон чашм ба олами ҳастӣ кушода, соли 1449 дар Самарқанд бо фатвои руҳониён ва писараш Абдулатиф фоҷиавӣ кушта шуд.
Мирзо Улуғбек ба сифати арбоби давлатӣ ва маърифатпарвар машҳур буд. Ӯ дар Самарқанд мадраса созонд, ки дар он алломаҳо Қозизодаи Румӣ, Алии Қӯшчӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарон мударрис буданд.
Боз як хидмати шоёни ӯ ин аст, ки дар мавзеи Кӯҳак, назди наҳри Оби Раҳмат расадхонае дар шакли устувона (силиндр) бунёд гардидааст, ки аз се қабат иборат буд. Олимону пажӯҳишгарони расадхона бо асбобу анҷоми худ кунҷи байни хати экватор ва минтақатулбурҷ (эклиптика) давомати соли тропикиро дақиқ санҷида, ҳаракати сайёраҳо ва Моҳро чен кардаанд.
Афсӯс, ки руҳониён ва баъзе кӯрдилони бемаърифат осорхонаи Мирзо Улуғбекро несту нобуд карданд. Хушбахтона олими рус В. Л. Вяткин (1869-1932) дар асоси ҳуҷҷатҳои таърихӣ харобаҳои расадхонаро ёфт.
Ҳоло расадхонаи Мирзо Улуғбек яке аз зиёратгоҳи асосии Самарқанд буда, ҳар рӯз садҳо нафар сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ аз он дидан мекунанд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.