Дар байни пажӯҳишгарон нафароне ҳастанд, ки баъди ба даст даровардани дастовардҳои илмӣ ва ба назари заршиносони соҳа афтидан низ, аз таълифоти худ қонеъ нагардида, роҳҳои дигари тафаккури илмиро интихоб менамоянд.
Дар байни пажӯҳишгарон нафароне ҳастанд, ки баъди ба даст даровардани дастовардҳои илмӣ ва ба назари заршиносони соҳа афтидан низ, аз таълифоти худ қонеъ нагардида, роҳҳои дигари тафаккури илмиро интихоб менамоянд. Доктори илмҳои филологӣ, навоишиноси дақиқназар Абдусалом Абдуқодиров аз зумраи чунин пажӯҳишгарон буд.
Олими ояндаи бисёрҷанба Абдусалом Абдуқодиров соли 1949 дар деҳаи Ҳавутаки ноҳияи Деваштичи Тоҷикистони бародарӣ дида ба дунё кушодааст. Баъди хатми мактаби миёна Абдусалом як муддат китобдор ва омӯзгор буд. Баъди адои хидмати ҳарбӣ ӯ соли 1970 дар факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод (ҳоло Суғд) ба таҳсил пардохт. Тӯли панҷ соли таҳсил бо баҳои аъло хонд, яке аз фаъолони ҷамъияти илмии донишҷӯён, маҳфилҳои фанни забон ва адабиёт буд, дар анҷуманҳои илмии донишҷӯён маърӯза мекард...
Баъди хатми донишкада А. Абдуқодиров як муддат дар мактаби рақами 7-уми ноҳияи Деваштич ба хонандагон аз фанни забон ва адабиёти ӯзбек дарс гуфт. Вале муҳаббат ба илм ва корҳои тадқиқотӣ ӯро ором намегузошт. Ин буд, ки ӯ соли 1976 ба даргоҳе, ки худ таълим гирифта буд, баргашт: аввал лаборанти кафедраи забон ва адабиёти ӯзбек буд, сипас омӯзгорӣ кард. Омӯзгори ҷавон аз рӯзҳои аввали кору фаъолият саъю кӯшиш ба харҷ медод, ки корҳои омӯзишӣ, тарбиявию маърифатӣ ва услубиро ба ҳам оштӣ диҳад. Ҳамон солҳо вай ба омӯхтани масъалаҳои анъана ва хусусияти ба худ хоси шеъри шоирони ӯзбеки даври Ҷанги дуюми ҷаҳон таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, тавассути маҷаллаҳои соҳавӣ ва маҷмӯаҳои илмӣ даҳҳо мақоларо аз қабили «Ғоя ва образи шеърӣ», «Давр, услуб ва образи шеърӣ», «Образи шеърӣ ва назарияи инъикос» ба алоқамандони каломи бадеъ пешниҳод намуд. Чанд сол ба дунболи мавзӯи худ гашт, дар ин хусус бо устодон ва донишмандони соҳа табодули афкор намуд. А. Абдуқодиров соли 1986 дар маҷлиси Шӯрои илмии ихтисосонидашудаи назди Фарҳангистони улуми Ӯзбекистон доир ба мавзӯи «Образҳои шеърӣ дар шеърияти ӯзбеки давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ» рисолаи номзадиашро дифоъ намуд.
Комёбии нахустин дар ҷодаи илм ба олими ҷавон болу пар бахшид. Ин аст, ки солҳои бори вазифаи мудири кафедра ва декани факултаро бар дӯш доштан, лаҳзае аз тафаккури илмӣ фориғ набуд. Олими дар олами адаб ба сифати шеършинос ташаккулёфта баъдан саъй кард, ки моҳияти ботинӣ ва зоҳирии образи шеъриро дар шеъри классикӣ кашф бинамояд. Ба ин мақсад ӯ аз нигоҳи интиқодӣ ба омӯхтани осори шоир ва мутафаккир Алишер Навоӣ пардохт. Тадқиқи ин кор ӯро ба ҳузури навоишиноси номвар, профессор, барандаи ҷоизаи давлатӣ А. Ҳайитметов овард.
Пайдост, ки дар аҳди шӯравӣ тадқиқот дар самтҳои маърифати исломӣ, тасаввуф ва адабиёти бадеӣ манъ шуда буд. Дар ҳамон солҳои душвор А. Ҳайитметови дурандеш ба ӯ тавсия дода буд, ки доир ба мавзӯи «Навоӣ ва тасаввуф» корҳои тадқиқотӣ анҷом диҳад. А. Абдуқодиров саъю кӯшиш ба харҷ дод, ки осори шоирро дар асоси аҳкоми исломӣ ва тасаввуф амиқ дарк намояд. Тӯли қариб даҳ сол масъаларо ҳамаҷониба омӯхта, дарёфтҳояшро дар анҷуманҳои байналхалқие, ки дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баргузор мешуданд, ба самъи иштирокдорон мерасонд, ба алоқамандони каломи бадеъ тавассути мақолаҳояш, ки ба забонҳои ӯзбекӣ, русӣ ва тоҷикӣ интишор меёфтанд, пешниҳод мекард. Дар ин ҷараён чанд монографияю рисолаҳои ӯ мисли «Навоӣ ва тасаввуф», «Навоӣ ва нақшбандия», «Навоӣ ва таълимоти ваҳдат-ул-вуҷуд», «Алишер Навоӣ ва талқини ваҳдат-ул-вуҷуд дар эҷодиёти салафони ӯ» ба дасти чоп расиданд. Ин таълифот аз ҷониби донишмандони соҳа баланд арзёбӣ гардиданд. Меҳнати ӯ бесамар нарафт. Абдуқодиров соли 1998 дар маҷлиси Шӯрои илмии ихтисосонидашудаи назди Донишкадаи забон ва адабиёти ба номи Алишер Навоии Фарҳангистони улуми Ӯзбекистон доир ба мавзӯи «Тасаввуф ва эҷодиёти Алишер Навоӣ» рисолаи докториашро дифоъ намуд.
Олими фарохназар дар тӯли фаъолияти худ ба омӯхтани паҳлӯҳои гуногуни робитаҳои адабии тоҷику ӯзбек ва тарғибу ташвиқи онҳо рӯйи эътибор гардонд. Таълифоти доктори илмҳои филология А. Абдуқодиров «Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ», «Навоӣ ва Ҳилолӣ», «Садриддин Айнӣ ва Навоӣ», «Алишер Навоӣ ва шоирони классики тоҷик» далели ин гуфтаанд. Мунаққид дар баробари ин бобати ба хонандаи ӯзбек пешниҳод намудани дуру гуҳарҳои шеъри форсӣ заҳмат кашид. Тӯли солҳои 2012-2019 бо ташаббуси А. Абдуқодиров тарҷумаи «Панднома»-и тоҷик иборат аз ҳафт китоб аз тариқи нашриёти «Нури маърифат» интишор дода шуд. Китоби дарсии ӯ «Адабиёти ӯзбек» дар мактабҳо мавриди истифода қарор гирифтааст.
То солҳои 80-уми асри сипаригардида аҳли илм дар он андеша буданд, ки алломаи самарқандӣ Имом Мотрудӣ танҳо бо забони арабӣ эҷод кардааст. Дар ибтидои солҳои 90-ум маълум шуд, ки ҳамватани бузурги мо бо забони форсии тоҷикӣ низ таълифоти кам надоштааст. А. Абдуқодирови ҷӯянда пандномаи олими бузургро аз забони тоҷикӣ ба ӯзбекӣ гардонда, боз як кори хайрро анҷом дод.
Ҳар омӯзгоре, ки дар муассисаҳои таълими олӣ дарс медиҳад, дар тӯли фаъолияти хеш, дар баробари аз корҳои илмию услубӣ бархурдор будан, бояд бо ягон ҷиҳати он сарукор дошта бошад. Агар бисоти ин эҷодкори заҳматписандро аз назар гузаронед, гувоҳи он мегардед, ки мударрис аз ӯҳдаи ин кор низ баромадааст. Чунин ба назар мерасад, ки навиштани китобҳои дарсӣ, омода кардани маҷмӯаҳои гуногуни дастурӣ барои донишҷӯёни факултаҳои забон ва адабиёти ӯзбек ва мактабиён яке аз шуғлҳои дӯстдоштаи ӯ будааст. Ин гуфтаро таълифоти олим «Китобҳои дарсии адабиёт», «Таърихи адабиёти ӯзбек», «Назарияи адабиёт», «Панҷ дарс аз арӯз», «Таълими сохтори ҳиҷоӣ», «Хониши ифоданок», «Шеършиносӣ» (барои синфҳои 9-10) собит менамояд. А. Абдуқодиров дар тӯли солҳои 2013-2019 чор китоби «Пандномаи ӯзбек»-ро, ки дорои аҳамияти калони тарбиявию маърифатиянд, интишор намуд.
Барои хидматҳои шоёнаш дар роҳи рушди таълими олию миёна соли 2015 ба А. Абдуқодиров унвони профессорӣ дода шуд. Дар баробари ин ҳама ӯ раҳнамои беминнати пажӯҳишгарони ҷавон низ буд. То имрӯз ҷавонони боистеъдоди зиёде таҳти роҳбарии А. Абдуқодиров рисолаҳои номзадии худро дифоъ намудаанд.
Фикр мекунед, ки барои як олим ин миқдор заҳмат кам нест. Вале доктори илмҳои филологӣ, профессор А. Абдуқодиров фикр мекард, ки ҳар як фидоии касб ва инсони меҳанпарвар бояд инсони заҳматписанд бошад. Таассуф, ки дили чунин инсони заҳматписанд, ки чун ғаввос дар дарёи илм фурӯ рафта, аз қаъри он ба халқаш дуру гуҳарҳои маънавиро эҳдо мекард, охири соли сипаригардида аз задан бозмонд.
Ҳамидҷон ҲОМИДӢ,
доктори илмҳои филологӣ, профессор.