ВИҶДОНИ БЕДОРИ ҶОМЕА

Абдуқодир вақте аз мактаб ба хона бармегашт, зуд либоси корӣ пӯшида, ба корҳои хоҷагии оила кумак мерасонд ва баъд... ноаён ба ҷойи азалан дӯстдоштааш – гӯшаи боғ меомад.

Худро ба қиёфаи муаллим андохта, дари каҳдонро тахтаи синф қарор медод ва дар ҳузури чанд дарахти навбор... бо шавқи тамом «дарс» мегузашт. Аввал таърихи рӯзро менавишт ва баъд чун омӯзгорони ҳирфаӣ мавзӯи дарсро дар «тахтаи синф» сабт карда, пас аз як назари ҷиддӣ ва огоҳии кӯтоҳ, ки «бояд ҳама гӯшу ҳуш гарданд», ба баёни он шурӯъ мекард. Шогирдони ӯ ҳамин чанд ҷуфт дарахтони сабз буданд, ки қадаме дур аз дари каҳдон қад кашида, ҳоло ногузир ҳарфҳои ин омӯзгори кӯчакро хомӯшона «гӯш» мекарданд. Рафта-рафта ин шуғл ба бозии дӯстдоштааш мубаддал гашт – акнун бачаҳои хурдсоли ҳамсоягонро ҷамъ оварда, ба онҳо «дарс» мегузашт. Гоҳе муаллими риёзиёт мешуд, гоҳе муаллими адабиёт, гоҳе... 
Устод Абдуқодир Саломов аз ёди он лаҳзаҳои марғуби бачагӣ ба завқ омадаву фарох механдад ва риши пахтасон сафедашро қабза кардаву аз нав раҳо мекунад. Дили ман аз шунидани ин саргузашти омӯзгори акнун синну солаш ба ҷое расида лабрези ҳаяҷон мегардад. «Бачагӣ айёми беғубору нозанинест! Олами рӯъёро мемонад гӯё» – фавран аз дилам мегузарад ин фикр.  
Саломов ноаён оҳ кашида, лаб зери дандон мегирад,  – дандонҳояш ҳанӯз бутунанд!  Ногоҳ ба рӯи серожангаш сояи ғам фаромада, дар оҳанги таассуф мегӯяд:
– Ҳамааш гузашту рафт! Хобу хаёл барин гузашт... Фикр мекунӣ, ки гӯё дирӯзак буд ва мо – бачаҳои рустоӣ аҷаб фориғбол будем, ғарқи орзуҳои ширин зиндагӣ мекардем.
– Устодонатон ба шумо таассуроти хубе гузоштаанд. 
– Бале, аз ҳар дарси онҳо дидаи ақламон оҳиста-оҳиста равшан мешуд. Хоса, дарс гузаштани устод Фузайл Давлатов маро ба ваҷд меовард. Ҳар як сухани ин марди фозил дар ёдам нақш бастааст. Хоса, либоси озода пӯшидан, муаддаб ҳарф задан, дониши фарох доштани устодамро дида, дар дил орзу мекардам, ки ҳатман хондаву муаллим хоҳам шуд. Охир, омӯзгоронро дар деҳа ҳама эҳтиром мекарданд, зиёда дӯсташон медоштанд. Ман, ин тавр, аз хурдӣ шефтаи китобу дафтар ва мактабу ин маслак... будам. Падарам рағбати беназири маро ба касби омӯзгорӣ пай бурда, сидқан шод мешуд, китобҳои нав мехарид, пайваста ташвиқ мекард, ки илм омӯзам, – ба ёд меоварад ӯ. 
Абдуқодир Саломов 22-юми июли соли 1938 ба дунё омадаву тарбияти неке ёфтааст. Баъд дар мактаби рақами 53-и ба номи Сотим Улуғзода хонда ва азбаски ин мактаб 7-сола буд, соли 1955 бо як гурӯҳ ҳамсинфони худ, ба мактаби рақами 5-уми ноҳияи Бойсун омада, ин дабистонро соли 1958 бо баҳои аъло хатм кардааст. Сипас, дар даст номаи камол ба шаҳри Душанбе раҳсипор мегардад. Ба факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон ҳуҷҷат супоридаву донишҷӯи ин даргоҳи илм мешавад. Донишкадаро соли 1963 хатм намуда, як сол дар мактаби деҳаи Комсомоли ноҳияи Регар  кор мекунад. Ниҳоят соли 1964 ба Ватан баргашта, дар мактаби рақами 32-юми деҳаи Ҳавз ба кори омӯзгорӣ мепардозад. Азбакси дар дабистони деҳа мутахассиси дорои маълумоти олӣ набуд, Абдуқодир Саломовро раҳбари мактаб таъин мекунанд. Вай ҳам ба шогирдон аз фанни забон ва адабиёт дарс медод ва ҳам дар як вақт таълимгоҳро сарварӣ мекард. Аммо аҳвол таърифӣ набуд, бинои мактаб дар ҳоли низоре қарор дошт ва шароити таълиму тадрис хеле бад буд. Абдуқодир Саломов соли 1965 як номаи шикоятие навишта, то худи идораҳои сатҳи ҷумҳурӣ рафт. Натиҷаи даводав мусбат анҷомид, – дабистони деҳаи Ҳавз таъмир шуда, шароити кор андаке беҳбуд ёфт. Аммо дар ин мактаб аз деҳаҳои атроф низ хонандагон омадаву таҳсил мекарданд. Бинобар ин сол аз сол ҷойи хониш маҳдуд мегашт. Абдуқодир Саломов соли 1969 бори дигар ба идораҳои болоии давлатӣ арз намуд, ки дар деҳаи Ҳавзи ноҳияи Олтинсой (он вақт тобеи ноияи Шӯрчӣ) мактаби замонавие созанд ва мардумро аз ноҳинҷориҳо раҳо диҳанд. Талабу дархости пайваста ва ҳақталабонаи ин раҳбари дабистонро ба инобат гирифта, ваъда доданд, ки мактаби наве бунёд месозанд. Вале роҳ ба талаб ҷавобгӯ набуд, масолеҳи сохтмониро ба манзил расондан мушкил буд. Саломов бо кумаки ҳамдеҳагони баоқибат муаммои роҳро низ ҳал кард. Аммо раҳбарони давр боз як баҳонаро пеш оварданд. Ҷойи хоби коргарон ва ғизои онҳоро дастак намуданд. Аммо Абдуқодир Саломов ин мушкилро низ ҳал кард – роиҷ ваъда дод, ки коргаронро худ бо ҷои зисту ғизои даркорӣ таъмин мекунад. Дигар баҳонае намонд ва худи ҳамон сол гурӯҳи сохтмончиён омадаву тарҳи нави биноро кашиданд ва дар давоми як сол мактаби наве эъмор карданд. Абдуқодир Саломов ҳамаи онҳоро дар хонаи худ ҷой дод ва аз ҳисобаш се вақт бо ғизои гарм таъмин намуд. 
Ҳоло ин хидматҳои омӯзгори чирадаст, собиқ раҳбари кордони мактабро ҳар як бошандаи деҳаи Ҳавз ба ёд оварда, таърифу тавсиф мекунанд. Абдуқодир Саломов пас аз 17 соли раҳбарӣ 18 соли дигар дар мактаби рақами 32 чун омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик кор карда, ниҳоят соли 1998 ба нафақа баромад ва ҳоло гашти пирӣ рондаву ба синни 85 даромадааст. Вай бо ҳамсари худ Робия Амонова 8 писару 3 духтарро ба дунё оварда, тарбияи накӯ додаанд ва аксари онҳо соҳиби маълумоти олӣ ҳастанд.
Аммо аз суҳбат бо ин пири хирадманд дарёфтам, ки аз гирудори омӯзгорону шогирдони имрӯзаи дабистони деҳа чандон ризо нест. Каме дилозурда аст, ки имрӯз хонандагони мактаб ба илму ирфон таваҷҷуҳи зиёд надоранд ва омӯзгорон, ки равшангарони роҳи минбаъди ҷомеа ҳастанд, ба тадриси шогирдони худ аз сидқи тамом ҷаҳд намекунанд. 
– Агар ҳукумат муаллимони тасодуфиро аз ғалбераш гузаронда, соҳаи таълимро аз вуҷуди чунин тоифаи туфайлихӯр пок насозад, дар бораи пешрафти ҷомеа, тараққиёти илму техника... сухан кардан душвор, шояд хандаовар ҳам аст, – мегӯяд ин омӯзгори кордида ва барҳақ таъкид мекунад: – Хатои омӯзгорро бояд баробари хиёнат ба Ватан ва миллат донистан лозим!
Ба гуфтаи қаҳрамони мо, агар омӯзгорон иштибоҳ кунанд, саҳлангорие нишон додаву ба фарзанди мардум таълими шоиста надиҳанд, як насли ҷомеа маҷрӯҳ мешаванд, зиёни ҷиддӣ дида ва минбаъд ин зарарро ҷуброн кардан бас гарон хоҳад афтод.
Аммо, ин омӯзгори собиқадор аз он изҳори шодмонӣ кард, ки дар саросари Ӯзбекистони Нав соҳаи таълим бознигарӣ шуда, ислоҳоти густурдае ҷорӣ гаштааст. Агар ба он ҷиддӣ муносибат шавад, пеш аз ҳама худи омӯзгорон ба қадраш расида, кулли дархостҳои Президентро бо виҷдони бедору дили гарм иҷро кунанд, самари хубе хоҳад дод. 
 
Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори «Овози тоҷик». 
Вилояти СУРХОНДАРЁ.

 

 

 

 

Мураббӣ

Дилу ҷон дар талаби хоҳишу фармони мураббӣ, 
Шарафи ҳар нафаре мақсаду армони мураббӣ.

Бани Одам зи мураббӣ ба камолот расидаст,
Хира мегашт ҷаҳон бе рухи хандони мураббӣ.

Ҳамаро илму адаб ёд диҳад бо дилу ҷонаш, 
Аз азал ҳастии мо дар сари паймони мураббӣ.

Ман аз он шукр кунам, навбати ӯ омада имрӯз, 
Ба Ватан ид шавад гардиши даврони мураббӣ.

Чу падар-модари мушфиқ ба ҳама меҳр бибахшад, 
Ки аз ин рӯ дили мо шод зи унвони мураббӣ.

Чу Саодат зи Худо металабам рӯзи накӯяш, 
Нарасад ҳеч газанде ба тану ҷони мураббӣ.

Саодат САНГИНОВА,
омӯзгор аз вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: