ШАСТИ КАМОЛИ ЭШҚОБИЛ ШУКУР

Ибтидои солҳои ҳаштодум.

Даврае, ки нумӯи ба худ хоси боғи адабиёти муосир, хусусан, рангу бӯйи тозаи шеърияти ӯзбек эҳсос мегашт, матбуоти даврӣ аз хусуси дар пайроҳаи назм  ҷиддӣ  қадамзании боз як истеъдоди ҷавон, ки садои худро дорад, маводе ба чоп дода буд. 
Эшқобил Шукур аз ноҳияи Қумқӯрғони вилояти Сурхондарё. Воқеан вай аз зумраи қаламкашони ояндадоре буд, ки пайи қаламашон сабз аст. Солҳо гузаштанд. Эшқобил дар риштаи назм самаранок эҷод кард, дар адабиёт мавқеъ пайдо намуд ва ба сарсабзиҳои эҷодӣ расид. Инак, вай дар адабиёти муосир яке аз суханварони баркамол, ки ба наздикӣ 60-солагиаш таҷлил гардид.
Эшқобил Шукур таҳсилкардаи факултаи филологии Донишгоҳи давлатии Тошканд мебошад. Ҳанӯз дар даврони мактабхонӣ шеър машқ мекард. Дар матбуоти даврӣ бошад, падидаҳои қаламиаш асосан солҳое, ки донишҷӯ буд, рӯйи чоп дида ва эътибори дӯстдорони назмро ба худ кашидаанд. Баъди хатми донишгоҳ ба зодгоҳ баргашт. Дар мактаби деҳа як муддат аз забон ва адабиёти ӯзбек ба шогирдон дарс дод. Вале муҳити адабии пойтахт чун оҳанрабо ба худ мекашид. Мегӯянд, шоирон дар деҳ ба дунё омада, дар шаҳр кору эҷод мекунанд. Ба Эшқобил Шукур низ ин ҳолат рӯй дод. Кӯлбори орзу ва ниятҳои пок рӯйи китф, роҳи Тошкандро пеш гирифт. Бо кӯмаки адиби номвар Асқад Мухтор, ки ҳамеша эҷодкорони ҷавонро ҳимоя ва дастгирӣ менамуд, дар телевизиони Ӯзбекистон ба фаъолият шурӯъ намуд. Як қатор барномаҳои адабии муаллифиаш эътибори тамошобинҳои зиёдро ба худ кашид. 
Ҳанӯз дар ибтидои солҳои ҳаштодум бо «Сабтҳо ба харсангҳои қадима», «Ҳолпурсии Менгимомо» барин падидаҳои қаламиаш ба назарҳо афтод. Пасон дафтарҳои шеъриаш «Омӯзондани қалб», «Мӯйҳои сумбул», «Гулҳои шабҳангом», «Мурғони сабз» ба дасти ҳаводорони каломи бадеъ расиданд. Барои маҷмӯааш «Гулҳои шабҳангом» ба Мукофоти созмони ҷавонони ҷумҳурӣ ба номи Усмон Носир сазовор гардид. Баробари назм дар наср низ табъ озмуд ва дар натиҷа асарҳояш «Оқибати шомҳангом», «Ривоятҳои боғи куҳан» ва «Падаркуш» рӯйи чопро диданд.
Ӯ ба унвони Ходими хидматнишондодаи маданияти Ӯзбекистон, мукофоти «Эътироф» сазовор гардид. Соли 2016 дар озмуни мукофоти миллии «Олтин қалам» пирӯзӣ ба даст овард.
На ҳамаи аҳли сухан баробари шоирӣ мутафаккиранд, вале ҳастанд суханвароне, ки фикрашон солим буда, фармудаҳояшон касро ба андеша водор месозад. Э.Шукурро метавон аз қабили ин гуна суханварон шумурд. Суханшиносӣ ва нуктадонии хосаш дар гузоришҳои ӯ, ки дар ҳифзи тозагии забони модарӣ гуфта шудаанд, бараъло эҳсос мегардад. Вай мегӯяд, барои ҳис кардани гузаштаи пуршаъни миллат забони онро бояд идрок намуд. Барои фаҳмиши қалби халқ забонашро бояд амиқ азхуд кард.
Ҳар гуна одам Ватани худро тавассути забони модарӣ мешиносад, ҳам худашро, ҳам дунёро бо ҳамин воситаи бузург фаро мегирад. Кӯдакеро тасаввур созед, ки нахустин сухан аз модар омӯхтааст. Вай бо ҳамин сухан ҷониби забони модарӣ аввалин қадами худро мегузорад. Забони модарӣ бошад, аз дасти ӯ дошта, оҳиста ҷониби олами васеъ мебарад. Пас, эҳсоси забони модарӣ мисли эҳсоси Ватан дар рӯҳи одамӣ офарида мешавад, ақида дорад Эшқобил, ҷаҳонбинӣ, эҳсосот, тафаккур, муносибат ба оламу одам дар ҳар шахс, бешубҳа ба ҳолати забони модарӣ вобаста аст. Бале, ҳақ ба ҷониби ин шоири тавоно, ки мегӯяд: «Халқе, ки забонаш эътироф шудааст, эътирофшуда ҳисоб меёбад».
Эшқобил, баробари ин, ҷонибдори ошноии дилу рӯҳ ба адабиёт ва шеърият мебошад. Маслиҳат медиҳад, агар аз дастатон ояд, аз ҳар чиз поэзия ҷӯед. Ҳаёт бо ҳамин шавқовар. Зиндагиро як неъмат ҳисобем, шеърият намаки он аст. Кӯдакҳоро нигаред, ҳамаи онҳо бо поэзия зиндагӣ доранд. Ба ҳайрат меафтанд. Агар ҳаёт поэзия надошт, кӯдаки гаҳвора зиқ шуда мемонд. Қалби одамиро ҳайрат ва муҳаббат ба камол ва бузургӣ мерасонад. Барои ҳамин ҳам дар замири ҳар гуна наср поэзия мехобад. Бо ифодаи дигар, насри бе назм як чизи берӯҳ...
Ӯ китобе дорад бо унвони «Аз пайи бобосухан». Вай ба шарҳи калимаю ибороте саъй намуда, ки таърихи бештар аз ҳазорсола дошта, дар қаъри дарёи забон ҳанӯз чун гавҳарпора медурахшанд.
Қисме аз беҳтарин шеърҳои Э.Шукур ба як қатор забонҳо, аз ҷумла, тоҷикӣ тарҷумаю нашр шудаанд. Ба тоҷикӣ ва тоҷикон муҳаббат дорад. Нағз дар хотирам, вай яке аз дубайтиҳои халқии тоҷикиро аз тариқи телевизиони Ӯзбекистон (охири солҳои ҳаштодум) чӣ тавр ифоданок хонда буд:
Сари кӯҳи баланд ҷуфти 
ситора,
Ҷавони навхати бистудусола.
Ҷавонон, қадри якдигар
 бидонед,
Дигар кай мерасад умри
 дубора.
Чанд сол пеш гурӯҳи тарғиботӣ, ки дар сафи он ман низ ҳузур доштам, ба вилояти Сурхондарё сафар намуд. Гули сари сабади давраҳо – Эшқобил Шукур. Медидем, ки халқ ба шоири худ чӣ гуна муҳаббат дорад.

М. ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: