ДАР НОМИ СОЛ МАЪНИИ МАНТИҚӢ ҲАСТ

Инак, соли 2023 анҷом ёфт.

Вай барои Ӯзбекистон соли воқеаҳои дорои аҳамияти умумиҷаҳонӣ ва таърихӣ гардид. Соли 2023 барои кишвари мо соли фаровонӣ буд, дар мамлакат сулҳу салоҳ ва некӯҳолӣ ҳукмрону дар байни намояндагони миллатҳои мухталифе, ки дар Ӯзбекистон зисту зиндагӣ доранд, муҳити дӯстиву ҳамдилӣ барқарор буд. Дар пояи раванди «Барои шаъну шарафи инсон» корҳо бобати татбиқ намудани Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030», ки рушди ояндаи моро муайян месозад, оғоз ёфтанд.
Дар арафаи соли нави 2024 дар табрикоти солинавии мардуми Ӯзбекистон Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев чорабиниҳои асосии соли даргузарро, ки дар ҳаёти мо нақши амиқ гузоштанд, хотиррасон кард. Чунончи, бори аввал халқи мо аз тариқи раъйпурсӣ Сарқонуни навро қабул намуд.
«...Бешубҳа, дар ҳаёт баробари хурсандиву комёбиҳо мушкилоту ташвишҳо ҳам мешаванд, – зикр кард Президент. – Вале инсон ва халқ ба шарофати зеҳни худ, меҳнати фидокорона, иродаи мустаҳкам қодир аст ҳама гуна санҷишҳоро паси сар намояд». 
Миллионҳо нафар хориҷиёне, ки ба кишвари мо омадаанд, ба корҳои созандагие, ки дар мамлакатамон татбиқ мешаванд, баҳои мусбат додаанд. Дар арсаи байналхалқӣ аз ҷониби Президенти мо ташаббусҳои муҳим пешбарӣ шуданд.
Бо мақсади ба ҳаёт татбиқ сохтани вазифаҳое чун баланд бардоштани шарафи инсон, таъмин кардани манфиатҳои аҳолӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев соли 2024-ро дар мамлакати мо «Соли дастгирии ҷавонон ва тиҷорат» эълон кард.
Барои мо дар ин ташаббуси дастгирии ҷавонон ва тиҷорат мафҳуми бузург нуҳуфтааст. Пеш аз ҳама, бояд гуфт, ки дар кишварамон зиёда аз 60 фоизи аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ин маънои онро дорад, ки бояд фарогирӣ бо таълими томактабӣ вусъат пайдо кунад, бобати ҳаллу фасли мушкилот дар низоми таълими халқ, баланд бардоштани сифати он, амиқсозии ислоҳоти низоми таълими олӣ ва аз байн бардоштани мушкилот, такмил додани низоми таълими касб ба ҷавонон чораҳо қабул карда шаванд, барои онҳо ҷойҳои нави корӣ ташкил гарданд. Афзоиши 900 ҳазор нафараи солонаи аҳолии мамлакат тақозо дорад, ки дар самти мазкур қарорҳои дахлдор ва таъҷилӣ қабул карда шаванд. 
Мо таҳти мафҳуми «дастгирии тиҷорат» чиро мефаҳмем? Биёед эътибори худро ба ин масъала ҷалб намоем. Пеш аз ҳама, маънии вожаи business (тиҷорат) – кор, шуғл, корхона аст. Яъне дар таҳти ифодаи дастгирии тиҷорат мо бояд дастгирии шуғл, корхона ва корро идрок намоем. Ҳар қадар, ки тиҷорат инкишоф ёбад, ҳамон қадар ба коргар талаб меафзояд, ин маънои онро дорад, ки аҳолӣ бо шуғл таъмин мешаванд, ҷалби ҷавонон ба ҷараёни муҳоҷират кам мегардад.
Тавре ки дар муборакбодии Президент таъкид гардид, дар соли нав ба ҷалби сармояҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти мо, рушди илм, техника, инноватсияҳо, соҳаи IT, технологияҳои сабз ва рақамӣ эътибори махсус дода мешавад.
Хулоса, тамоми нирӯ ва имкониятҳо ба сохтмони ҳаёти нав, Ӯзбекистони Нав нигаронида хоҳанд шуд.

Абира ҲУСЕЙНОВА,
узви Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 
намояндаи минтақавии Омбудсман дар вилояти Бухоро.
ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: