МАСЪАЛАҲОИ ҚАБУЛ БА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИ ОЛӣ МУҲОКИМА ГАРДИД

Дар Маркази матбуоти миллӣ бо ташаббуси Маркази давлатии тест доир ба мавзӯи «Дар бораи қабул ба муассисаҳои таълими олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» нишасти матбуотӣ баргузор шуд.

Зимни суханронӣ ҷонишини директори  Маркази давлатии тест Зафарбек Олимбеков таъкид намуд, ки соли ҷорӣ беш аз 1 миллион нафар довталабон ба муассисаҳои таълими олӣ имтиҳонҳои дохилшавӣ месупоранд. Онҳо ҳангоми супурдани ҳуҷҷат ба қоидаҳои зерин бояд амал кунанд: ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ, шахсоне, ки шаҳрвандӣ надоранд ва ё ба синни 16 нарасидаанд, қабул карда намешаванд; довталабон аз 15 июн то 15 июл ба самти таълими бакалаврӣ ҳуҷҷат супориданашон мумкин; довталаб қатъи назар аз рӯихати доимӣ, ба маркази давлатии тести ноҳия ё шаҳр метавонад ҳуҷҷат супорад; ба марказҳои мазкур аз ҷониби довталаб нусхаи аслии шиноснома, ҳуҷҷат дар бораи хатми муассисаи таълими миёна (синфи 11), миёнаи махсус ё касбу ҳунар (бо иловааш), ҳуҷҷати тасдиқкунандаи имтиёз, агар мавҷуд бошад, тақдим карда мешавад; бо кӯмаки маркази тест маълумот дар бораи довталаб ба базаи махсуси электронии “Абитур” дохил карда мешавад ва бо воситаи фототехникаи махсус акси довталаб гирифта мешавад. 
Роҳбари Садорати маркази давлатии тест Фарҳод Мирзоев таъкид намуд, ки ба ногироҳо, фарзандони хидматчиёни ҳарбӣ, хидматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми хидмат ҳалок гаштаанд, ба бемории вазнин дучор ё захмдор шудаанд як қатор  имтиёзҳо дода мешавад.
– Довталаб метавонад барои гирифтани рухсатномаи абитуриентӣ 29-31 июл ба коммиссияи қабули муассиса муроҷиат кунад. Комиссияи қабул бо кӯмаки  Маркази тест маълумотномаеро, ки ба довталаб дода шудааст, бо воситаи сканери махсус месанҷад, изи ангуштони ӯ гирифта мешавад ва рухсатномаи абитуриентӣ ба шахси дахлдор супурда мешавад.

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: