КУРСАНТҲОИ ФАЪОЛУ ТАШАББУСКОР ҲАВАСМАНД ГАРДОНДА ШУДАНД

Чорабинии тантанавӣ дар майдони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ бо садо додани суруди давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оғоз ёфт.

Сардори муассисаи таълимӣ, полковник Рустам Ҳотамов курсантҳоро бо 25-уми октябр – Рӯзи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ табрик намуда, аз таърихи пуршарафи фаъолияти мақомоти корҳои дохилии кишварамон, бахусус ислоҳоти густурдае, ки дар солҳои охир таҳти роҳбарии Президентамон амалӣ гардидаанд, суханронӣ намуд. 
Чунон ки маълум аст, механизмхои самарабахше, ки ба таъмини халқпарварии мақомоти корҳои дохилӣ нигаронида шудаанд, дар амал татбиқ мегарданд. Дар давраи ислоҳоти пайгирона бо роҳи наздик кардани низом ба аҳолӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоту масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи шаҳрвандон, ҷилавгирӣ аз ҷинояткорӣ дар минтақаҳо ва пешгирии барвақти ҳуқуқвайронкуниҳо корҳои ҳамаҷониба анҷом дода, натиҷаҳои мусбат ба даст оварда шуданд. Сардори академия ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дахл намуда, қайд кард, ки равандҳои омодасозии кадрҳо барои система мутобиқи талаботи замон ба таври куллӣ ислоҳ карда шудаанд.
- Аз соли хониши 2021-2022 низоми таълим ба марҳилаи комилан нав ворид шуд. Баланд бардоштани неруи илмию педагогии Академия, ба роҳ мондани таълими инноватсионӣ, пайвастани раванди таълим бо амалиёт, махсусан кушодани роҳи васеъ барои омӯзиши таҷрибаи пешқадами хориҷӣ ба самаранокии тарбияи кадрҳо хизмат мекунад. Давраи имрӯза боз ҳам пурзӯр намудани ҳисси ҳарбӣ-ватандӯстӣ, тайёрии касбӣ ва ҷанговаронаю ҷисмонии курсантҳои моро талаб мекунад. 
Чи хеле ки Президентамон таъкид намуданд, «Мақсади мо аз он иборат аст, ки ҷавонони Ӯзбекистони Навро ҳамчун шахсони баркамоли ҷаҳонбиниашон васеъ тарбия намоем, ки барои тақдири Ватан аз ҳар ҷиҳат масъулиятро ба дӯш гиранд». Дар фарҷоми чорабинӣ курсантҳое, ки дар соли таҳсил худро хуб нишон дода, дар азхудкунии фанҳо ва чорабиниҳои ҷамъиятӣ намунаи ибрат нишон доданд, бо туҳфаҳои хотиравӣ қадр карда шуданд. Ҳамчунин, сипосномаи роҳбари Академия ба волидони як гурӯҳ ҷавонон ирсол гардид.

Хидмати ахбори Академияи ВКД

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: