Президенти Ӯзбекистон ба сатҳи ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ баҳои баланд дод

  • Президенти Ӯзбекистон ба сатҳи ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ баҳои баланд дод
  • Президенти Ӯзбекистон ба сатҳи ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ баҳои баланд дод
  • Президенти Ӯзбекистон ба сатҳи ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ баҳои баланд дод
  • Президенти Ӯзбекистон ба сатҳи ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ баҳои баланд дод

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 16 октябр дар шаҳри Самарқанд Котиби генералии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ (ЮНВТО) Зураб Пололикашвилиро, ки дар доираи сессияи 25-уми Ассамблеяи генералии ин созмони пешбари соҳавии низоми СММ ба кишвари мо омадааст, қабул кард.

Масъалаҳои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Институти мазкури махсуси СММ оид ба рушди иқтидори сайёҳии Ӯзбекистон  баррасӣ шуданд.

Сатҳи баланди ҳамкориҳои бесобиқа бо ЮНВТО, ки шарики стратегии Ӯзбекистон дар ислоҳоти соҳаи сайёҳӣ гардидааст, бо қаноатмандии амиқ қайд карда шуд.

Ба саъю талошҳои муштарак ҷиҳати оммавигардонии бренди «Туризм дар Роҳи абрешим», аз ҷумла татбиқи барномаву лоиҳаҳое, ки ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ, оммавигардонии самтҳои сайёҳӣ дар мамлакати мо, омода намудани кадрҳои баландихтисос нигаронида шудаанд, баҳои баланд дода шуд.

Натиҷаҳои муҳими амалии ҳамкорӣ дар кишвари мо баргузории сессияи ҷашнии Ассамблеяи генералии ЮНВТО, ифтитоҳи Академияи байналмилалии сайёҳӣ ва Дафтари мавзӯии «Роҳи Абрешим» дар шаҳри Самарқанд гардид.

Котиби генералии ЮНВТО ба Президенти Ӯзбекистон барои кумакаш дар омодагӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии асосии байналмилалии соҳаи сайёҳӣ дар соли ҷорӣ изҳори сипос кард.

Таъкид гардид, ки иштироки ҳайатҳои олӣ дар форум, ки намояндагони беш аз 140 кишвари ҷаҳон ҳастанд, аз афзоиши таваҷҷуҳ ба Ӯзбекистон ҳамчун яке аз марказҳои сайёҳии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ шаҳодат медиҳад.

Дар доираи Ассамблеяи генералӣ форумҳои сармоягузорӣ ва таълимӣ бо иштироки ширкатҳои бонуфуз, мактабҳои олӣ ва созмонҳои соҳаи сайёҳӣ низ баргузор мешаванд. Бинобар натиҷаҳои онҳо дар назар аст, ки қарордодҳо ва созишномаҳо оид ба татбиқи барномаву лоиҳаҳои муштарак дар ин самтҳо имзо шаванд.

Дар поёни мулоқот дар бораи қабули “харитаи роҳ”-и муштарак ҷиҳати татбиқи амалии натиҷаҳои асосии сессияи ҷашнӣ тавофуқ ҳосил шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: