Ҷозибаи пул
– Наргисапа, табиби Шумо чӣ хел? Чойпулӣ мегирад ё не?
– Пул доданӣ шавед, “не” мегӯяд, лекин мегирад.
«Мафия»-и табиб ва дорусоз
Бемор шудаму ба диспансери кардиологӣ рафтам. Дар он ҷо манзараеро мушоҳида кардам.
Дорусоз, ки дорухонаи вай дар қарибии диспансер воқеъ буд ва аз он ҷо доруҳо харида будам, дасташро ба сари сина гузошта, як даста пулро ба табиб – зани миёнсоли хурдҷусса, сиёҳҷурда, бо чашмони бозигар дароз карда мегуфт:
– Аз хидмататон розӣ мешавед. Мо миннатдор. Ана пул. Мо боз хидмат мекунем.
– Хӯш… хӯш, – мегуфт занак, дастонашро ба сари дил болои ҳам гузоштаву бетоқат шуда. – Ба миннатдорӣ намеарзад, — вай ҳарисона пулро гирифта, ба кисаи хилъати сафедаш андохт.
Аммо бояд бигӯям, ки халқ ин ҳамаро медонад. Маротибае ҷиянам Мурод гуфта буд:
– Тағо, духтур доруҳои бисёри қиматро навишта диҳад, аптекачӣ ба вай ҳаққашро медодааст.
Ӯктам ИБРОҲИМ.
СОЛИ НАВ ДАР ҶАҲОН
Дар Италия Соли нав аз 6-уми январ сар мешавад. Мувофиқи анъана он рӯз ҳамаи чизҳои кӯҳнаро аз тиреза берун мепартоянд. Рӯи дасторхони идона ангур, донаи ёсуман ва чормағз мегузоранд. Бо иштироки бачаҳо тадбири аҷоиб гузаронида мешавад. Дар он маликаи равшанӣ Лючия интихоб мегардад. Шоми ид аз фонусҳои кӯчаҳои шаҳр шаб ба рӯз табдил меёбад.
***
Дар Шотландия рӯзи ид таомномаи махсус омода мегардад. Барои нонушта аз орди сулӣ кулча ё қуймоқ, пудинг, панир аз шири буз тайёр мекунанд. Шӯрбо аз гӯшти мурғобӣ хӯроки нисфирӯзӣ аст.
***
Дар Колумбия бо иштироки қаҳрамонҳои афсонаҳо ва масхарабозон Соли нав бошукӯҳ оғоз мегардад. Бобои барфӣ (Папа Паскуал) сартосари шаҳр сайр намуда, ба бачаҳо афсона мегӯяд.
***
Дар Фаронса барои дасторхони солинавӣ пирог мепазанд ва ба он як донаи лӯбиёи сурх меандозанд. Агар аз пироги касе, ки донаи лӯбиё барояд, ӯ шоҳи ид ба шумор меравад ва ҳама хоҳишашро иҷро менамоянд.
***
Дар Ҷопон ба наздикон дастпона тӯҳфа мекунанд. Ба бачаҳо либоси нав мепӯшонанд. Мувофиқи анъана 108 маротиба зангӯла садо медиҳад. Ба дасторхон ӯгрои дароз, биринҷ, лӯбиёи сурху сафед мегузоранд.
ШУГУНҲОИ СОЛИНАВӢ
Соли навро бо чӣ гуна кайфият пешвоз гиред, ин ҳолат тамоми сол шуморо тарк намесозад.
***
Агар дар соли нав либоси нав пӯшед, он либосатон то соли оянда нав меистад.
***
Баробари бонги соати 12 ҳар чӣ нияти нек кунед, албатта ҷомаи амал мепӯшад.
***
Бо касе ҷангӣ бошед, дар арафаи Соли нав ҳатман оштӣ шавед.
***
Агар аз касе қарздор бошед, дар арафаи Соли нав ҳатман баргардонед.
***
Дар арафаи Соли нав тамоми зарфҳоятонро аз об пур кунед, мегӯянд, ки агар зарфҳо пур бошанд, сериву фаровонӣ мешавад.
Таҳияи ФАРЗОНА.