МУҲРИДДИН МУАЛЛИМӢ НИЗ МЕКАРД

Дар Рӯзи омӯзгорон ва мураббиён одатан муаллимону тарбиятгарон, алоқамандони мактабу маориф иди касбии худро қайд мекунанд.

Омӯзгорӣ яке аз касбҳои пуршараф аст. Меарзад муаллим ин санаро чун яке аз рӯзҳои фаромӯшнопазири ҳаёташ ҷашн намояд. Бо шунидани беҳтарин суханҳо ва мавҷи табрикот худро сарбаланд ҳис кунад, мутмаин гардад дар интихоби касб хато накарда будааст. Ба худ фахрад, ки Устод аст...
Зимнан, ҷуз дабистонҳои муқаррарӣ боз «мактаби устод-шогирд» мавҷуд, ки чӣ будани онро хуб медонем. Анъанаи ин мактаб, ки фарогири соҳоти зиёд аст, давом мекунад. Аз ҷумла, аҳли ҳунар (аҳли санъат) таълиму тарбияи мактаби устодиву шогирдиро дар шароити нав мазмунҳои тоза мебахшанд.
Тасмим гирифтем дар бораи овозхоне як-ду сухан гӯем, ки устодони худро тамоми умр гиромӣ дошт. Дар навбати худ шогирдҳои сазовор тарбия кард. Вай (Муҳриддин Холиқов) ҳоло дар қайди ҳаёт нест, вале нафақат аз ӯ садо (савту суруд) монд, боз шогирдҳое монд, ки хотираашро пос ва номашро зинда медоранд.
Муҳриддин дӯстони зиёд дошт. Вале байни ӯву овозхон Охун Мадалиев ва шоир Муҳаммад Юсуф риштаҳо боз ҳам мустаҳкам буданд. Бародарвор ба ҳам муносибат доштанд. Аз қазо, марги ногаҳонии ин се чеҳраи намоёни ҳунар дар авҷи камолот қариб ба як давр рост омад. Падрудгӯйии «Ситораҳои барвақт хомӯшшуда» мардуми диёрро басо мутаассир сохт.
Мегӯянд, Муҳриддин мошинсавориро чандон хуш надошт. Вақте паси фармон нишаст, оҳиста ва бо эҳтиёт мошин меронд. Вале маҳз мошине, ки дучори садама гашт, ба ҳалокати ӯ сабаб шуд.
Ноябри соли 2001. Моҳи Рамазон. Дӯстон хостанд лаби дарё раванд. Истироҳат дар соҳил хуб гузашт, вале дар бозгашт (мошин аз Қибрай ҷониби Чирчиқ ҳаракат мекард), эҳтимол бинобар носозии техникӣ, фалокат рӯй дод: автомобил ба ҷарӣ парид. Дар паси фармон яке аз рафиқони Муҳриддин нишаста буд. Ҳама ҳалок гашт...
Дар вақташ қариб ҳамаи сурудҳое, ки Муҳриддин иҷро мекард, «хит» шуда буданд. «Паризод», «Меёфтагистам», «Наргис»,»Лайлӣ», «Комила», «Сумбула» барин таронаҳои Муҳриддин Холиқов дар рӯзҳои мо низ шунавандаи зиёд доранд.
Дар давоми фаъолияти ҳунарӣ 20 консерт гузошт. Баробари ӯзбекӣ бо забонҳои арабӣ ва англисӣ месуруд. Ситораи эстрадаи ӯзбек Ботир Зокировро устоди маънавӣ мешумурд. Шералӣ Ҷӯраеви зиндаёдро устоди аввал меҳисобид.
Баъде аз дунё гузашт, додараш Ҳусниддин, ки дар гурӯҳ созанда буд, таронаҳои ӯро иҷро кард. Ба хотири бародар даҳҳо сурудҳои нав офарид. Вале умр ба вай низ вафо накард. Додари хурдӣ Шаҳобиддин, айни замон, аҳли санъат аст. Қалами нависандагӣ низ дорад. 
На ҳама чеҳраҳои ҳунар ба тарбияи шогирд таваҷҷуҳ доранд. Мисле шунидани калимаи «устод», эҳтироми ҷавононе, ки аз онҳо тарбият мегиранд, барояшон беаҳамият. Аммо Муҳриддин Холиқов вақти зиёди худро бо шогирдон мегузаронд. На танҳо сарояндагони ҷавон, айни дам Обид Асомов ва Шукрулло Исроилов барин ширинкорҳо аз маслиҳат ва сабақҳояш баҳра бардоштаанд, ки баъдан инро борҳо иқрор гаштанд.
Сентябри соли 2012 дар қасри муҳташами «Дӯстии халқҳо»-и пойтахт ба хотири сарояндаи номвар, Ҳунарпешаи шоистаи ҷумҳурӣ Муҳриддин Холиқов шабнишинӣ бо унвони «Аз пайи устодон» рӯйи кор омад. Дар ёдбуд онҳое бо баромадҳои ҷолиб эътибори умумро ба худ кашиданд, ки худро бевосита ё билвосита шогирди Муҳриддин мешумурданд. Баробари шогирдон Алишер Файз ва Нуруллоҳ Зарифов овозхонҳои маъруфе чун Азим Муллохонов ва Ғиёс Бойтоев таронаҳои Муҳриддинро суруданд. Ва гуфтанд ҳар қадар назди хотираи устодоне чун Муҳриддин Холиқов сари таъзим фуруд орем, кам аст. Дар воқеъ, қисмате аз шогирдони М. Холиқов ҳоло шахсиятҳои номваранд ва худ ба дараҷаи устодӣ расидаанд. Аз ҷумла, Озодбек Назарбеков, Абдулло Қурбонов ва Анвар Санаев барин ситорагони санъати эстрадии рӯз худро шогирди Муҳриддин Холиқов меҳисобанд.
Оре, давраҳое буд, ки овозхони шинохта М. Холиқов муаллимӣ низ кунад, чун мураббӣ ба халқи хеш хидмати шоиста намояд.

Ш. МУҲАММАД.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: