НАТИҶАҲО ВАЗИРРО ҚАНОАТМАНД КАРДАНД

Вазири хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Азиз Воитов бо мақсади шиносоии густарда бо натиҷаҳои ислоҳоти иқтисодие, ки солҳои охир дар соҳаи кишоварзӣ пиёда мегарданд, ба вилояти Қашқадарё сафари корӣ анҷом дод.

Вай аз шаҳру навоҳии  ин вилоят дидан намуда, бо вазъи хоҷагии деҳот, хоса ихтирои навъи ба иқлими мо тобовари зироат, рафти корҳои обёрии қатравӣ, фаъолияти гармхонаҳо ва истеҳсоли маҳсулоти сифатан аълои кишоварзӣ шинос гардид. Вазир ба заминҳои тобеи Донишкадаи ҷанубии илмию тадқиқотии кишоварзии ҷумҳурӣ ташриф оварда, дастовардҳои илмии олимони соҳаро низ аз назар гузаронд ва аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки солҳои охир бо нишондоди ҳукумати кишвар дар ин соҳа пешравиҳои назаррас ба амал меоянд.
Азиз Воитов инчунин бо фаъолияти коргоҳи масъулияташ маҳдуди «Asian Golden Oil» шинос гардид, ки ба истеҳсоли орду равған ихтисос дорад. Бояд гуфт, ки коргоҳи мазкур на танҳо бозорҳои минтақаро бо маҳсулоти орду равғани хушсифат таъмин месозад, балки ба кишварҳои хориҷа низ содир намудаву даромади назаррас ба даст меоварад.

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори «Овози тоҷик». 

Вилояти ҚАШҚАДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: