Эрон оид ба нақшаҳо бобати ба кайҳон баровардани одам маълум кард

Эрон нақша дорад, ки дар тӯли панҷ соли оянда парвози одамро ба кайҳон амалӣ намояд.

Дар ин бора вазири технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияи кишвар Исо Зарепур изҳорот дод.

"Барои ба кайҳон фиристодани инсон ё дигар мавҷудоти зинда бояд биокапсулаи махсус офарид, ҳоло бошад, мо дар марҳилаи аввали ин раванд ҳастем", - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, дар моҳҳои наздик гузаронидани озмоишҳои биокапсулаи нав ба нақша гирифта шудааст, хабар медиҳад lenta.ru.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: