КӮЛИОДИНА ЗЕБОТАР МЕГАРДАД

Ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Кӯлиодина» дар самти шимолӣ-ғарбии ноҳияи Вобканд воқеъ гардида, дар ин ҷо 7 деҳа мавҷуд аст.

 855 оила, 591 хонадони маҳалла 2662 нафар аҳолӣ дорад. Машғулияти асосии мардум зироатпарварӣ ва чорводорӣ аст. Дар ҳудуд ҳафт хоҷагии фермерӣ, як мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 22, муассисаи таълими томактабии давлатии №12, ду боғчаи хусусии оилавӣ, шуъбаи поликлиникаи оилавӣ ва сехи дӯзандагӣ дар бинои мактаб фаъолият доранд. 
Вақте ки мо ба маҳалла омадем, дар идора фаъоли бонувон Гулмира Ҷумъаева саргарми кор бо компутер буд. Бо вай каме суҳбат карда будем, ки роҳбалади ҷавонон Ҷавлон Тошев, ёвари ҳоким Султон Бақоев ва раиси маҳалла Санъат Авезова даромада омаданд. 
– Аз 26 июл то 29 августи соли ҷорӣ баҳри ҷорӣ намудани мизонҳои «Хонадони обод», «Кӯчаи обод» ва «Маҳаллаи обод» дар маҳалла бобати омӯхтан ва бартараф кардани норасоиҳои ҳудуд низоми чораю тадбирҳо ба амал татбиқ гардиданд, – оғоз намуд раиси маҳалла. – Мувофиқи барнома «Харитаи амалиёт» таҳия ёфта, вазифаҳои пешистода ва масъулону иҷрокунандагони он муайян шуданд. Дар натиҷаи омӯзишҳо масъалаҳои зиёд ба қайд гирифта шуда роҳҳои  ҳаллу фасли онҳо дар ҷамъомади алоҳида муҳокима гардид. Аз ҷумла 131 хонадон таъмир ёфт. Бо кумаки ҳомиён манзилҳои 13 оилаи эҳтиёҷманд қисман таъмир ёфта, 6-тои дигараш аз таъмири асосӣ баромад. Ҳамин тариқ боми 56 хонадон, қисми берунии 126 хонадон, қисми дарунии 39 хонадон таҷдид ёфт. Қитъаҳои наздиҳавлигии садҳо хонадон ба тартиб дароварда шуда, ба онҳо тухми зироати гуногун кошта шуданд. Бо мақсади омодагӣ ба фасли зимистон ҳамаи хонадонҳо бо балонҳои гази моеъ ва воситаҳои гармкунӣ, инчунин ангишт таъмин карда шуда, бо онҳо кормандони шуъбаи вазъиятҳои фавқулодда оиди риояи қоидаҳои истифодабарӣ суҳбат гузарониданд. Бо мақсади бошуғлфарогирии 45 нафар шаҳрвандони бекор дар маҳалла ярмаркаи меҳнат созмон ёфта, 44 нафари онҳо бо кор таъмин, як нафарашон ба таълим фиристода шуданд.
Дар маҳалла таҳти унвони «Баҳри ҳаёти нав, баҳри Ӯзбекистони Нав» як идда тадбирҳо баргузор гардида, ғолибони озмунҳои «Хонадони обод», «Кӯчаи обод», «Китобхони доно» ҳавасманд гардонда шуданд. Дар ин ҷо дар доираи мизони «Кӯчаи обод» низ корҳои назаррас ба анҷом расид. 
Дар масофаи 4 километр хатти қубурҳои об кашида шуда, 1 километр хати қубурҳои оби ошомиданӣ таъмир ёфт. 
Бо мақсади шавқовар гузаронидани вақти холии бачагон варзишгоҳ ва майдончаи варкоут созмон ёфт ва он ҷо ҳоло ба ҷойи дӯстдоштаи наврасон табдил ёфтааст. Се мазори маҳалла низ обод гардид, атрофаш иҳота шуда, роҳҳояш шағалфарш, дарвозаю чароғҳояш таъмир ёфт. Роҳҳои пиёдагардон бетонфарш карда шуд. 
Бояд таъкид намуд, ки барои ҷараёнҳои ободонӣ аз ҳисоби буҷаи давлат бештар аз 2,5 миллиард сӯм маблағ ҷудо гардида, маҳалла зебо ва ҷозибанок мегардад. 

Амрулло АВЕЗОВ, 
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: