САД ҶОНУ ДИЛ ФИДОИ МОДАР

Рӯ ба рӯйи модар нишастаам.

Имрӯз вай меҳмони хонаи ман. Моҳе як-ду маротиба меояд. Инро дар хонавода ҳама медонанд. Бо дасторхону чою нони мо коре надорад. Баъди суҳбати кӯтоҳи муқаррарӣ ба назди ҷевони китобҳо меравад. Ин бор низ китобҳои мақбули хешро интихоб мекунаду баргашта ба ҷойи барояш муқарраршуда менишинад ва ба машғулияти дӯстдоштааш – мутолиа мепардозад. 
Муқобилаш пеши компутер нишаста, дар чашм айнак сари китоби навбатӣ кор мекунам, аммо ӯ – модари 84-солаам бе айнак ба завқ китоб мехонад. Дурудароз, бо меҳри зиёд назорааш мекунам, вай аз мутолиа лаззат мебараду ман аз лаззати вай. Оҳиста, беилтифоту овоз пиёлаи чойро наздаш мегузорам. Мабодо, хаёлаш халалдор шавад. Номаълумакак аксашро ҳам мебардорам. Тамошои ин манзара чӣ зебо ва гуворост!
Хеле зиёданд касоне, ки бо вуҷуди вақти кофӣ барои мутолиа доштан, онро бештар бо фориғболӣ мегузаронанд. 
Хушбахтона, модари ман аз ин тоифа нест. Вай китобҳои китобхонаамро бештар аз ман мутолиа кардааст. Меҳмони ғайриодию хонандаи хубест. Одати аҷибе дорад: таассуроти бардоштаашро бо дигарон ба ҳам мебинад, мухтасар нақл месозад, яъне таҳлил мекунад, ба муаллиф сипосу дуоҳо мефиристад. Баъзан фикрҳояшро бо қалам дар ҳошия ва варақҳои поёни китоб менависад.
Бо ин баҳона метавонам мавзӯю мазмуну мундариҷаи китобҳои нахондаамро аз вай бифаҳмам. Саволҳо медиҳаму вай бо иштиёқи зиёд посух медиҳад. Ин ҳам ба фоидаи ман аст, яъне хоҳишам ба хондани баъзе аз китобҳо меафзояд ва ё дар бораи баъзеи онҳо аллакай нахонда маълумот пайдо мекунам. 
Ҳар бор сидқан мегӯям: бошӣ, илоҳо, модараки китобхону мабдаи илҳоми ҳамешагии ман!
Солҳост, ки дар бораи ин маъбудаи заминӣ, устоди беназирам, муттакои рӯзгорам, дӯсти беҳамтою дугонаи беҳтаринам (дар зиндагӣ чандон дугонаи бисёр надорам) мехоҳам чизе бинависам, зеро бобати касони зиёде – дӯсту ҳамкору устоду шахсиятҳои гуногунтоифа зиёд навиштаам... Ҳар боре, ки пайи ин иқдом азм мекунаму қалам ба даст мегирам, эҳсоси оҷизӣ, нотавонӣ, масъулияти бузурге вуҷудамро фаро мегирад, метарсам, ки сухани сазовортаринро дар ҳақаш пайдо карда натавонам... Ва боз қалам аз даст во мегузорам.
Ин рӯз, ҳамин лаҳза сӯяш дурудароз чашм дӯхтаму дар қаъри дилам туғёне рӯ зад, ҷасорате пайдо шуд ва қарор кардам, ки дигар ҷойи истихораву кашол додан нест ва корҳои дигарро сӯе гузошта, қаламу коғазро пеши худ кашидам. 
Худоё, ақли равшану забони гӯёям деҳ, то битавонам суханони диламро рӯйи коғаз бирезам!
Фикр мекунам, ҳатто дар вожаномаи мукаммалтарини инсоният наметавон калимаеро муқаддастару муқаддамтар аз вожаи «модар» пайдо кард.  
Хостаам ба решаю асли маънии ин калима бирасам. Вожаномаю сарчашмаҳои зиёдеро варақгардон кардаам. Ҳамин қадар дарёфтаам, ки маънии  калимаи модар – зани фарзанддор, некӯ ва муътабар, соҳибахона будааст! 
Агарчи ҳақиқат аст, ростӣ, аз ин шарҳҳо на он қадар қонеъ шудаам. Ба назари ман, «модар»-ро бояд бо калимае мукаммалу арзандатаре эзоҳ дод, то шаҳомату қудрати варо ифода карда бошад.
Модар!
Гӯё муаммое, фалсафаест, ки, ба назарам, то ҳол то ба охир тадқиқ накардаанд. 
Фикру саволҳое дар зеҳнам мечарханд, мехоҳам шарҳу ҷавоби саҳеҳи онҳоро дарёбам.
Кист модар?
Чаро ба эҳтироми фарзанд се маротибаи аввал сазовортарин модар асту пасон падар?
Чаро модархудо мехонандаш?
Чаро Замин – модар мегӯянд?
Чаро биҳиштро зери қадамҳои модарон гузошта, меҳри саршор ва муҳаббати гарми ӯро бо файзу раҳмати Худованд баробар донистаанд.
Оё модар ягона доваре нест, ки тамоми хато ва гуноҳҳои фарзандро мебахшад?
Чаро вай фарзандонашро барои ноомадию камбудиҳояшон бештар дӯст медорад?
Чаро тамоми дороию ҳастияшро зарра-зарра, қатра-қатра барои фарзандҳояш, ҳатто барои ношуду безоритарини онҳо, ки ҳеч хубие дигар аз эшон наметавон чашм дошт, мебахшад. 
Чаро «фарзанд, агарчи тӯдаи хокистар аст, сурмаи чашми падару модар аст»?!
Модар беҳтар аз адвокати варзида ва додситони пурқудрат аст, ки метавонад фарзандонашро аз ононе, ки меранҷонандашон ҳимоят кунад ва ё ҷазошон бидиҳад. 
Ҳама метавонанд аз азизу аниси худ рӯ тобанд, аммо ӯ. Ҳаргиз! Чаро?
Чаро вай метавонад ҷойи ҳамаро бигирад, аммо нафаре наметавонад ҷойи варо иваз кунад?
Бино ба андӯхтаҳоям метавонам исрор кунам: модар нафарест, ки зиндагӣ меофарад. 
Сарчашмаи ҳамаи муқаддасот аст ӯ. 
Фариштатар аз зубдаи фариштагон аст.  Оғозу анҷоми ҳама меҳру муҳаббатҳост. 
Заҳмату бедорхобиҳои шабонарӯзӣ, муҳаббат ва сабру таҳаммули бемисли модар танҳо хоси ӯст, нафаре дигар онҳоро надорад. Муҳаббаташ яксон аст – ивазнашаванда. Аввали шаб бе кӯрпа хобат мебарад, саҳар бедор мешавию худро зери кӯрпа мебинӣ. Бо меҳр бедорат мекунад. Ғизо омода месозад. Либосат мешӯяду мепӯшонад. Ба мактаб гусел мекунад ва то аз назарҳо ниҳон шудан аз пасат чашм медӯзад, баргаштанатро бесаброна интизор мешавад ва...
Вай дӯстест садоқатманду беназир, ки на ҳасадат мебарад ва на ба ту бадиро раво мебинад, дӯстон низ метавонанд рӯзе ба душман табдил ёбанд, ҳама метавонанд ғайбатат кунанд, вале на модар!
Дастони муъҷизавии вай муддати кӯтоҳ дастони кӯдаконаамонро медоранд, аммо қалбаш як умр! 
60-сола шудам.
60-сола! Беш аз ним аср!
Шукргузорам, ки дар ин муддат бахти модарӣ,  саодати бибигӣ насибам гаштааст. Чи дар оила ва чи берун аз он ба меҳру навозиш ва маслиҳатҳои ман ниёз доранд, аммо то ҳол худро дар ҳузураш кӯдаки эркаю азиз, нозпарвард ва муҳтоҷи маслиҳатҳо меҳисобам. 
Эҳсосоти аҷибе!
Хушбахтам, ки ӯро дорам.
Худоё! Ин бахтро то дер насибам гардон!
Модарам – парастор, аввалин мураббӣ, муаллим ва маслиҳатгари беминнати ман. Мехоҳад фарзандони хешро бе ҷурму мукаммал бинад ва бо ин мақсад аз тамоми роҳу воситаҳо истифода мекунад. Аз ин лиҳоз, аз кӯдакӣ ба гӯшамон чун қӯрғошим мерехт, ки фақирнавоз бошем, зеро ҳамнишинӣ ва мурувват бо фақиру камдастаҳову бархурдорӣ аз самимияти эшон ба руҳи одамӣ сафо мебахшад.
Намедонам, ки кулли пандномаҳои башарият аз таҷрибаи модарон ғизо гирифтаанд ва ё модарон аввалин тарғибгарони андарзҳои мавҷудаанд?
Ба назари ман, модарам донишмандтарин ва хайрхоҳтарин зан аст, ки бо меҳру муҳаббати бемислу корбурди таҷрибаҳои ғании зиндагӣ мехоҳад дигаргун кунад, беҳтар созад. Вай омӯзгорест бидуни таълими олӣ ва ростӣ, сазовор аст ба ҳама гуна тоифаву дараҷаву мукофоту қадршиносиҳо.
Воқеан, модар мисли Замин яктост ва меҳру муҳаббату дасти раҳмату шафқати ӯ бар сари фарзанд сарчашмаи ҳамаи хушбахтиҳо. 
Лозим ба таъкид аст, ки дар олами илму адаб эҷоди модарномаҳо ё худ ситоиши модарон роиҷ аст ва ҳар кадом дорои мавқеи муносиб ва рангу таровати ба худ хосанд. 
«Бузургони олам аз қадим то ба имрӯз раҳму шафқат, фазилату порсоӣ, фурӯтаниву хоксорӣ, заҳмату бедорхобиҳои модарро ситоиш мекунанд ва ба номи покаш ҳамду сано мехонанд. Вале тамоми ҳамду сано, таърифу ситоиш дар васфи модар бо ҳама тобишҳои хеш кӯчактарин заҳматеро, ки модар барои фарзанд кашидааст, ба таври комил ифода карда наметавонанд, зеро бузургию шаҳомати Зан-Модар, пеш аз ҳама, бар мабнои рисолати ҳаётбахши ӯ устувор буда, ҳатто сухани бузургони олам дар тасвири мукаммали тамоми ҷузъиёти он оҷиз мемонад», – гуфта мешавад дар сарчашмае. 
Тамоми бузургони олам аз дасти дуои модар баракат ёфтаанд ва маҳз ба сифати қадршиносию  эҳтиром тамоми умр модаронро дар осору эҷодашон васф кардаанд. 
Дар фарҳанги мо мақоми модар басо баланд аст. Ин сухани паёмбари ислом Ҳазрати Муҳаммад (с)-ро, ки «Биҳишт зери пойи модарон аст» мегӯяд, Низомии Ганҷавӣ чунин ба риштаи назм кашидааст:
Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,
Дар зери қудуми модарон аст.
Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ низ мисраъҳои зерро дар таъкиди ин матлаб гуфтааст: 
Сар зи модар макаш, 
ки тоҷи шараф,
Гарде аз роҳи модарон бошад. 
Хок шав зери пойи ӯ, ки биҳишт,
Дар қадамҳои модарон бошад.

Мирзо Бедил «тифлию домони модар»-ро ба биҳишт ташбеҳ карда:
Тифлию домони модар хуш 
биҳиште будааст,
То ба пойи худ равон гаштем, 
саргардон шудем.
Модар тоҷи офариниш аст. Ӯ ҳатто пас аз марг ҳам муқаддастарин мавҷуди зиндаи ҷаҳон боқӣ мемонад. Яъне пас аз сари модар низ, кас дар ҳар кореву ҷое, ки дар бимонад, «модар» мегӯяд, ӯро ҳамчун як инсони зинда ба имдоду ҳамдардӣ мехонад, аз насиҳатҳои модар, пас аз вафоташ ҳам, кушоиш металабад, баҳра мебарад.
 Мо, фарзандон, дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ наметавонем муҳаббате беҳтар ва ҳақиқиву самимитареро аз муҳаббати модари худ пайдо бикунем. 
Модар на танҳо азизтарин шахс барои ҳар фарзанд, балки гаронбаҳотарин сарвати ҳар халқу миллат аст. Бинобар ин, башарият имрӯз, аслан ба ҷомеае арҷ мегузорад, ки дар он мақому манзалати зан, ба хусус модар гиромист.
Модари ман аз онҳоест, ки бо матонату ҷасорат баҳри насли ояндасози миллат – моро ба воя расонида, то ба имрӯз рисолаташро аз даст надодааст, якҷо бо падари зиндаёдам бо назокату нафосати хосаш дар ҷомеа баробар хизмат кардааст. Барои ташаккули ҳамаҷонибаи мо тамоми ҳастиашро бахшидааст, то фарзандонаш бонангу номус бошанду номи худу волидайну гузаштагони азизи хешро боло бардоранд.
Мехоҳам тамоми хусусиёти беҳтаринаш (меҳнатдӯстӣ, таҳаммулпазирӣ, камгапӣ, хоксорӣ, бурдборӣ, хастагинопазирӣ, фурӯтанӣ, шукргузорӣ)-ро дошта бошам. Бо ин мақсад зиёд рӯ ба рӯяш мехоҳам бинишинам, ҳамсуҳбат шавам, ба чеҳраи нурониаш нигоҳ кунаму аз қалби беолоишаш маънӣ бубарам.
Гоҳ-гоҳ фарзандон пешаш ҷамъ меоем. Дар асл барои зиёраташ меоем, аммо ноогоҳона ба вай навбат надода, суҳбати мо – додару хоҳарон тафс пайдо мекунад ва дуру дароз саргарми баёни масоилу муаммоҳои рӯзгори худ мегардем. Ба ӯ барои сухан гуфтан тақрибан имкон намедиҳем. Мебинам, ки модаракам аз ин рафтори мо намеранҷад, нороҳат намешавад, баръакс суҳбатамонро халалдор накарда, орому батамкин гӯш мекунад. Ҳатто лаззат мебарад. Шояд меболаду хотирҷамъ аст, ки фарзандонаш тавони ҳамдигарро гӯш кардан доранд, бо ҳам забон меёбанд ва роҳҳои ҳалли масъалаҳоро якҷо меҷӯянд. Имкон медиҳад, ки дар муҳокимаҳо озод бошем.
Дар кадом сарчашмае хонда будам: – Модар – ту дар рӯйи Замин ягона офаридгорӣ, ки шояд худошиносон инро намедонанд... 
Пур гуфтам, аммо, фикр мекунам, боз ҳам суханҳои беҳтарини дилро натавонистам баён кунам, хеле гуфтаниҳоям нагуфта монданд. Амалан ба таъкиди худат – Модарҷон, ки «бо пургӯии хеш мардумро хаста накунед, аз беҳудагӯӣ бипарҳезед» мегӯӣ, ҳамин ҷо бо ин нукта иктифо мекунам.
Эй мавҷуди маҳбубам, бояд бигӯям, ки:
Хоҳем-нахоҳем зиндагии мо дар ин ҷаҳон поён хоҳад ёфт. Агар аз неъмати онҷаҳонӣ умеде дошта бошем, пас бояд шитобем қарзи асоситарини инҷаҳонии хеш, яъне 80 қарз (40-тои он ҳангоми ҳаёт будану 40-тои баъд аз реҳлат)-и назди волидайн доштаро ба пуррагӣ адо намоем.
Пас, сад ҷону дил фидои Модар бод!    
Амина ШАРОФИДДИНОВА, 
САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: