Унсурулмаолии Кайковус дар боби чилу чаҳоруми «Қобуснома», ки дар оини ҷавонмардӣ ном дорад, меорад: «Бидон, эй писар, ки се чиз аст аз сифати мардум, ки ҳеҷ одамӣ наёбӣ, ки гӯяд маро ин се чиз нест...
Аз ин сегона яке хирад, дувум ростӣ ва савум мардумӣ». Ва ҳамин маъноро Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар «Футувватномаи султонӣ» доир ба боби «Дар баёни маънии футувват» чунин фармудааст: Футувватро се мартаба аст: аввал сахо, ки ҳар чӣ дорад, аз ҳеч кас дареғ надорад. Дуюм сафо, ки синаро аз кибру кина поку покиза созад ва мартабаи охир вафост, ки бо халқ нигоҳ дорад».
Айнан бо каломи бузургон оғоз кардани навиштаҳоям бесабаб нест. Зеро дар шароити кунунӣ, дар қатори бисёр масоиле, ки боиси доғи рӯз донистан мумкин аст, масъалаи китобдориву китобхонӣ низ муҳим ва ҳалталаб гаштааст. Ва ё умуман аз чор тараф ба гӯш мерасад, ки мардум ба китобу маҷалла ва рӯзномаву дафтардорӣ рӯз то рӯз беэътиборӣ зоҳир мекунанд. Борҳо ҳатто ба гӯшам расид, ки бастаи рӯзномаву маҷаллаҳо ва ҷилд-ҷилд китобҳо бо кадом як сабабҳои номаълум, ё дуруст тарғибот накардан ё бинобар гаронии нарх, ё ҷурми беэътиноии расонандагон ва ё беэътибории худи муштариён дар кадом як ҷову манзил ғарам шуда мондаанд. Ва боз чанде «ё»-ҳои дигар!
Айнан ана дар ҳамин гуна вазъият ҳастанд нафароне, ки бо ҷавонмардӣ ва саховатпешагии худ дасти кумак дароз мекунанд ва ба гуфтаи баъзеи онҳо «нағзӣ куну ба об андоз, об надонад, моҳӣ медонад, моҳӣ надонад Холиқ медонад». Қаҳрамони имрӯзаи мо низ аз ҳамин гуна тоифаҳоест, ки ба қарибӣ шароити мактабҳои тоҷикии кӯҳистони Нураторо ҷиҳати таъмини китобҳои бадеӣ тавассути шабакаҳои маҷозӣ дарак ёфта, ба кори хайру савобе даст мезанад. Вай 18 намуд китоби бадеиро ройгон ба китобхона ва талабагони мактаби 43-юми деҳаи Эҷ, 30-юми деҳаи Сойихурд, 21-уми деҳаи Соб, 38-уми деҳаи Синтаб, 32-юми деҳаи Моҷарм, 46-уми деҳаи Ӯхм ва 13-уми деҳаи Порашт аз ҳисоби худ ба тадбири «Занги охир» эҳдо намуд. Дар радифи ин китобҳо якчанд намуд барои шогирдони хурдтараки мо, ки ҳанӯз дар синфҳои ибтидоӣ таҳсил мекунанд, ҳастанд, ки баъзан волидонашон барои харидорӣ дасткӯтаҳӣ мекашанд ва аз ин рӯ ин амали хайр, бешубҳа боиси аҳсан аст. Барҳақ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар «Футувватномаи султонӣ» байти зеборо меоварад, ки айни муддаост:
Хубии мардум на накӯрӯӣ аст,
Хӯи накӯ мояи некӯӣ аст.
Шукри беҳади ҳамин сарзаминро кардан зарур аст, ки баъзан аз рафтору кирдори ҷавонмардони он кас курта-курта гӯшт мегирад. Аслан, суҳбати мо бо Нуриддинҷон Амонов чанд сол пеш дар яке аз маросими дафни нафаре аз ҳамдеҳагон сурат гирифта буд. – Муаллимҷон, як хоҳиш дорам, ки доир ба таърихи ана ҳамин деҳаҳоямон, ҳар як пуштаю гузари он, ҳаёту саргузашти мардуми меҳнаткашамон, таърихи баромади номи маҳалҳоямон, ки аксарият бо вожаҳои суғдӣ номгузорӣ шудаанд, ягон китобе нашр созанду бо завқ хонда, ҳисси ифтихори худро дучандон зиёд гардонам. Чунки ҳарчанд дар дуриҳо аз кишвар зиндагӣ мекунам, ҳамеша дилам ба ёди зодгоҳ гум мезанад...
Нуриддин рост мегӯяд. Вай зиёда аз понздаҳ сол аст, ки дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико. Аҳён-аҳён ба зодгоҳ, ба дидори волидону таборон меояд. Азбаски кори масъулиятнокро ба дӯш дорад, на ҳама вақт фурсат меёбад, ки гӯшаю канори кишварашро ба серӣ тамошо кунад ва ё ҷойҳои кӯдакиашро ба роҳат сайр намояд. Гузашта аз ин, наметавонад, ки аз лаззати гуфтори забони модарӣ ба серӣ баҳра барад ва ба гуфти худаш, лаҳҷаи зебои кӯҳистонияшро гаштаю баргашта шунида ҳаловат намояд.
Нуриддин зодаи Эҷи ноҳияи Нуратост. Мактабро дар зодгоҳ хатм кардааст. Пас аз хатми синфи нӯҳ як сол дар литсейи назди Донишкадаи педагогии Навоӣ аз рӯйи ихтисоси физика-математика таҳсилро идома медиҳад. Бо тақозои тақдир ва бинобар завқи худ ба Самарқанд омада, омӯзишро дар литсейи назди Институти хоҷагии қишлоқ идома медиҳад. Дертар ба Институти хоҷагии қишлоқи Самарқанд дохил шуд. Маҳз ҳангоми таҳсил хабардор шуд, ки донишҷӯёни хоҳишмандро дар асоси программаи махсуси ҷорӣ ба муддати як-яку ним сол бо мақсади омӯхтани таҷрибаи хоҷагиҳои ҷаҳонӣ ба мамолики мутараққӣ ирсол менамоянд. Вай зуд ҳуҷҷат тайёр кард ва роҳи сафарро пеш гирифт. Худи вай дар ин бора чунин мегӯяд:
— Мақсади барномае, ки дар асоси он ман аз ҷониби донишкада ба Амрико фиристода шуда будам, ҷавононро аз тамоми ҷаҳон барои мубодила ва омӯхтани ғоя, таҷриба дар соҳаи кишоварзӣ, таҷрибаи кишоварзӣ тавассути программаҳои байналмилалӣ ҷамъ овардан ва баъд аз он баргашта, дониш ва таҷрибаи омӯхтаро дар кишвари худ кор фармудан нигаронида шуда буд. Ин программа хеле нағз кор карда шуда буд, зеро дар он аз тамоми ҷаҳон талабгор-талабаҳо буданд. Мебоист, барои ислоҳ кардани хоҷагии қишлоқи кишварамон ҳамаи соҳаҳои кӯҳнашударо аз нав кор кардан, техникаро иваз намудан, коррупсияро нобуд кардан, замин ва обёриро ба тартиб даровардан ва аз ҳама асосиаш ба фермер ва тадбиркорон озодӣ ва имкониятҳо фароҳам овардан зарур буд, ки имрӯзҳо ин талабот ба роҳ монда шудаанд.
Ҳамин тавр Нуриддин дар шаҳри Чикаго баъди таҷрибаомӯзӣ ба кор гузашт ва ҳоли ҳозир дар соҳаи логистика, ширкати таъминотӣ ва тақсимотӣ кор мекунад. Чор нафар фарзанд дорад. Фарзандони калониаш, гарчанде ки дар Амрико мезиянд, балади забони модариашон ва якчанд забони дигар мебошанд. Худи Нуриддин сабабҳои ба Амрико рафтанашро дар хуб донистани забони англисӣ медонад, зеро ҳангоми бори нахуст ба он ҷо рафтан аз суолҳои тест ба забони англисӣ холи аз ҳама зиёдро ҷамъ карда буд.
Мо ба қарибӣ бо Нуриддин сӯҳбати телефонӣ доштем. Баъд аз ҳолпурсӣ масъалаи чанд сол пеш гуфтаашро ба ёд оварда, аз ман хоҳиш кард, ки дар ин иқдоми хайр мақсади ӯро дастгирӣ намоям ва кори омодасозии китобро ба ӯҳда бигирам...
Ин масъаларо мавқуф гузошта ӯро ба амали хайраш миннатдорӣ кардам. Дар ҳақиқат, имрӯзҳо, ки теъдоди китобхонон ва хусусан баъди ба таври оммавӣ ҷорӣ шудани кори телефон ниҳоят кам шуда мондааст, тарғибу ташвиқ ва амалан дастгирӣ кардани нашру паҳн кардани китобҳои бадеӣ кори хайру нек аст.
Ҳикмат СУЛТОНЗОДА,
мухбири ҷамоатии
«Овози тоҷик».
Вилояти ТОШКАНД.