Ба нафақа баромада бошам ҳам, касби бошарафи омӯзгориро идома медиҳам.
Ба нафақа баромада бошам ҳам, касби бошарафи омӯзгориро идома медиҳам. Ҳаракат мекунам, ки ба хонандагон бо забони адабии тоҷикӣ ҳарф занам. Вагарна, хонанда ба шеваи худ, ба забони гуфтугӯйии маҳалли худ одат мекунад ва барои фаҳмидани забони китоб ва рӯзномаву маҷаллаҳо душворӣ мекашад. Гувоҳи он гардидаем, ки баъзе муаллимон бо шеваи маҳалли худ дарс меомӯзонанд...
Мо – омӯзгорон тарғибкунандаи забони адабии тоҷикӣ ҳастем, бехато хондану навиштан ва сухан гуфтанро насли наврас бояд аз мо омӯзад. Илова бар ин, китоб ва рӯзномаву маҷаллаҳоро бисёртар мутолиа намояд. Ман то худро мешиносам, бо аҳли оилаам «Овози тоҷик»-ро мехонем.
Падару модарам маърифатпарвар буданд, солҳои бачагӣ низ ҳар як шумораи рӯзномаи ягонаи тоҷикии ҷумҳуриро интизор мешудем. Аллакай барои соли оянда низ обуна шудем.
Дӯстдорони забону каломи ноби тоҷикӣ, ҳаммиллатони худшиносу худогоҳро ба рӯзномахонӣ, хусусан ба «Овози тоҷик»-хонӣ даъват мекунам. «Овози тоҷик» розгоҳи мо, забони ширини аҷдодии мост.
Ӯзбакбойи РАҲМОН,
омӯзгори мактаби 30-юми ноҳияи Нуратои
вилояти Навоӣ.
«Овози тоҷик» – овози шумо!
Ба «Овози тоҷик» – рӯзномаи
96-солаи ягонаи тоҷикии ҷумҳуриявӣ барои соли оянда обуна сар шудааст. Тартиби расмӣ кардани он дар сартосари ҳудуди Ӯзбекистон як хел аст ва аз солҳои пешин фарқ намекунад. Агар то ба охир расидани мавсими обуна он расмӣ карда шавад, тамоми соли 2021 аз он баҳраманд шудан мумкин аст.
Ҳоло тамоми шуъбаҳои алоқа, ширкатҳои хусусӣ ва агентиҳои махсусе, ки бо рӯзнома дар ин бобат қарордод доранд, бо нархҳои гуногун ҳуқуқи обуна карданро соҳибанд.
Шитобед, то аз «Овози тоҷик» бебаҳра намонед!