Дар Маскав маросими тақдими ҷоизаи XXXII театрии «Турандоти булӯрӣ» баргузор шуд.
Дар ин рӯз аз саҳнаи театри ба номи Евгений Вахтангов номхои беҳтарин режиссёр, саҳнасоз, иҷрокунандаи нақши асосӣ, номи дурахшонтарин дебютанти мавсим эълон карда шуданд.
Ба ғолибон ҳафт ҳайкалчаи булӯрӣ дар ҳафт номинатсия супурда шуданд.
Дар байни онҳо ҷоизаи махсус — «Барои шаъну шараф ва хизмат ба тамошобин» ҳаст. Имсол он ба устоди ДДУК-и Тошканд, профессор Рустам Сагдуллаев, ки бо филми «Ба набард танҳо пиронсолон мераванд» ном баровардааст, дода шуд.
Солҳои пеш Василий Лановой, Олег Ефремов, Юрий Любимов, Олег Табаков, Марк Захаров, Армен Ҷигарханян, Валентин Гафт, Инна Чурикова, Владимир Машков, Евгений Миронов, Чулпан Хаматова, Юлия Пересилд ва бисёр дигарон лауреатҳои мукофот гардиданд.
Ин ҷоиза соли 1991 таъсис ёфтааст. Он ба шарафи песаи афсонавии «Малика Турандот», ки соли 1922 Евгений Вахтангов ба саҳна гузошта буд, ном гирифт.