ДАР КИШВАРЕ, КИ ҚАДРИ ЗАН ГИРОМӢ ДОШТА МЕШАВАД, СУЛҲУ ОБОДӢ ҲУКМ МЕРОНАД

Зан – ҷинси латиф.

Ӯ сазовори муҳаббати бепоён аст. Аз ин рӯ, дар мамлакати мо занро аз қадимулайём ҳурмату эҳтиром мекунанд. Новобаста аз кӣ буданаш, касбу миллаташ ӯро пеш аз ҳама ҳамчун модар гиромӣ медоранд.
Сабук кардани бори душвори бонувон, ки рамзи меҳру муҳаббат ва садоқат мебошанд, ҳифзи ҳуқуқу манфиати онҳо, таъмини шуғл, таҳкими фазои соҳибкорӣ дар байни хоҳарони мо солҳои охир ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.


Ба рӯйи об баровардани иқтидори намояндагони ҷинси латиф, таъмин кардани баробарҳуқуқии онҳо, таваҷҷуҳи бузург ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо, ғамхорӣ ва эҳтиром ба боз ҳам баланд шудани мақоми зан дар ҷомеа хидмат мекунад.
Имрӯз занони мо на танҳо иштирокчиёни фаъоли равандҳои сиёсӣ, балки ба қувваи бузурги ҷомеа ва омили ҳалкунанда табдил меёбанд. Ба ин мисол овардан мумкин аст, ки қариб 2 ҳазор нафар занони бомаърифат, ташаббускор ва фаъоли мо дар ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар вазифаҳои роҳбарӣ кор мекунанд. Агар соли 2017 саҳми занону духтарон дар соҳаи идоракунӣ 27 фоизро ташкил дода бошад, имрӯз ин рақам ба 33 фоиз, дар сафи ҳизбҳои сиёсӣ аз 40 ба 47 фоиз, дар ҷабҳаи соҳибкорӣ аз 21 ба 37 фоиз расид. Бонувоне, ки дар корхонаю бонк, ширкат ва субъектҳои соҳибкорӣ фаъолият мебаранд, ба равнақи ватан саҳми арзанда мегузоранд. 
Онҳо бо донишу таҷриба, тахассус ва маҳорати касбии худ дар бисёр соҳаҳо мавқеъҳои пешқадам ва ҳатто роҳбариро ишғол менамоянд. Соҳаҳои кишоварзӣ, тиҷорат, илму фан, тиб, таълим ва фарҳангу санъатро бе иштирок ва ақлу заковати занон тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Сарвари давлатамон ба мавқеъ ва нақши занон дар ҷомеа баҳои баланд дода, қариб дар ҳар баромади худ зарурати баланд бардоштани фаъолнокии занон, омӯзонидани онҳо ба касбу ҳунари серталаб ва дар ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкории онҳо аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ намуданро таъкид менамояд. 
Дар мамлакати мо барои занон имконияту шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, ки ба шарофати он танҳо соли гузашта зиёда аз 872 ҳазор нафар занон бо кор таъмин гардиданд. Ба бештар аз 233 ҳазор нафар занон 4 триллиону 700 миллиард сӯм вом ҷудо карда шуд. Зиёда аз 252 ҳазор нафар хоҳарони мо касбу ҳунар ва соҳибкорие, ки дар бозори меҳнат талаботи зиёд доранд, омӯхтанд.
Бесабаб дар мамлакати мо ба занон чунин диққат дода намешавад. Зеро, дар кишваре, ки қадри зан, қадри инсон гиромӣ дошта мешавад, сулҳу амонӣ ва ҳамоҳангию баракот ҳукм меронад. Аммо вақтҳое буданд, ки бисёре аз падару модарон аз сабаби набудани имкони таҳсили духтаронашон дар асоси шартнома онҳоро барвақт ба шавҳар медоданд, ба хоҳиши фарзандашон эътибор намедоданд. Ҳол он ки онҳо ба хондан ва омӯхтан таваҷҷуҳи зиёд доштанд.
Хушбахтона, он рӯзҳо имрӯз дар таърих боқӣ мондаанд. Солҳои охир дар мамлакати мо таваҷҷуҳ ва муносибат ба занон куллан тағйир ёфт. Барои таҳсил ва касбу ҳунаромӯзии онҳо тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Ҳоло пули шартномавии духтарони дар магистратура таҳсилкунанда пурра аз ҳисоби буҷа ва шартномаи таҳсили намояндагони оилаҳои ниёзманд, духтарони донишҷӯе, ки аз падар ё модар ятим мондаанд, аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ пардохта мешавад. 
Бо мақсади ба таври назаррас афзоиш додани саҳми занони олима дар ҷомеа, ҳар сол барои занон дар докторантура квотаи мақсаднок ҷудо карда мешавад, ки ин далели эътибори баланд ба занон дар кишварамон мебошад. 
Ба туфайли таваҷҷуҳ ба таълими занон соли гузашта 60 фоизи донишҷӯёни ба мактабҳои олӣ қабулшударо занону духтарон ташкил доданд. Агар шаш сол қабл аз ин дар мактабҳои олӣ зиёда аз 100 ҳазор нафар духтарон таҳсил гирифта бошанд, ҳоло шумораи онҳо ба 500 ҳазор нафар расидааст. Магар, ин натиҷаҳо самараи амалии ислоҳотҳо таҳти роҳбарии Сарвари давлатамон нест?
Арбоби бузурги давлат Индира Гандӣ гуфта буд: «Як духтарро хононда, шумо ба тамоми оила илм меомӯзед». Ин суханонро беҳуда нагуфтаанд. Албатта, ҳамаи мо медонем, ки дар паси ин ҳақиқати ҳаётӣ пинҳон аст. Дар асл, доштани маълумоти олӣ метавонад бо хушбахтии оила алоқаманд набошад. Аммо ҷаҳони маънавӣ, тафаккур ва ҷаҳонбинии шахси илмнок аз дигарон комилан фарқ мекунад.
Рӯйирост гуфтан лозим аст, ки дар ягон давлат ба занон мисли мамлакати мо ба қадри кофӣ эътибор намедиҳад, шароит фароҳам оварда намешавад. Дар мамлакатамон ташаббуси занони закӣ ва донишмандро ҳамеша ва ҳарҷониба дастгирӣ мекунанд.
Замоне барои бо манзили имтиёзнок таъмин кардани занон имкон, заминаи ҳуқуқӣ ва маблағ вуҷуд надошт, имрӯз ба ҳазорон занони ниёзманд манзили нав месупоранд. Барои занони камдаромад барои харидани хона пешпардохт дода мешавад. Бо мақсади беҳтар намудани шароити манзили онҳо қисми зиёди субсидияҳое, ки барои қарзҳои ипотекӣ ҷудо карда мешаванд, ба занон равона карда мешавад.
Агар ба рақамҳо нигоҳ кунем, танҳо соли гузашта шароити манзили қариб 14 ҳазор нафар хоҳарони мо беҳтар гардида, пардохти иҷораи тақрибан 70 ҳазор бонувони эҳтиёҷманд сарпур карда шуд. Тасаввур карда метавонед, ки бо чунин амалҳои нек ба чӣ қадар хонаҳо шодиву хушбахтӣ ворид гардид, дараҷа ва сифати зиндагии бисёр одамон куллан тағйир ёфт. Рӯҳи ҳазорон занони мо бардошта, эътимоди онҳо ба фардои зиндагӣ мустаҳкам шуд. Дар хусуси диққату ғамхорие, ки нисбати бонувон зоҳир карда мешавад, бисёр гуфтан мумкин аст. Ислоҳоте, ки оиди таъмини иштироки ҳамаҷонибаи бонувон дар идоракунии ҷомеа ва корҳои давлатӣ, дастгирии онҳо аз нигоҳи иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ татбиқ мегарданд, намунаи адолати иҷтимоӣ дар таъмини баробарии гендерӣ дар кишварамон мебошад.
Чунин шароиту имтиёзҳо, ки ифодаи таваҷҷуҳи баланд дар сатҳи сиёсати давлатӣ нисбати сарнавишт, имрӯз ва ояндаи занон мебошад, дар таърихи кишвари мо ҳоло нашудааст. Имрӯзҳо ҳисси сипосгузорӣ аз кишвар ва Сарвари давлат, ки дар қалби хоҳарон ҷӯш мезанад, фаъолияти амалии моро боз ҳам пурратар намуда, моро ба дастовардҳои баланд дар ҳар як соҳа водор месозад. 
Дар Барномаи давлатӣ оиди татбиқи «Соли эътибор ба инсон ва таълими босифат» фароҳам овардани фазои оштинопазирӣ нисбат ба зулм ва зӯроварии занон дар ҷомеа, таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии занон ҳамчун вазифаи аввалиндараҷа муайян шудааст. 
Масъалаи расонидани ёрии иҷтимоию психологӣ ба заноне, ки ба вазъи ҷиддии иҷтимоӣ афтодаанд, дастгирии манзилии онҳо, инчунин васеъ намудани сафи занони соҳибмаълумот ва баланд бардоштани фаъолияти иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодии онҳо низ ифода ёфтааст. Ин ҳам аз он ҷиҳат аҳамият дорад, ки ба дар ҳалқаи оила зиндагии осоишта, солим, ободу хушбахтона доштани занон  ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҷомеа нигаронда шудааст.
Вақте ки ман дар маросими ботантана бахшида ба Рӯзи байналхалкии занон — 8 март нутқи Президентро дар қатори бисёр  хоҳаронамон гӯш мекардам, аз эҳтирому эъзозе, ки нисбат ба мо зоҳир гардид, руҳам болида шуд. 
Дар зери ҳар як сухани табрикӣ нисбат ба мо – занҳо боварӣ мавҷуд аст, ки ин ҳар яки моро хеле шод мегардонад. Воқеан, чунин имтиёзҳое, ки ба занон дода шудаанд, дар таърихи кишвари мо мушоҳида нашудааст. Хулоса, нақши зан дар ҷомеа бебаҳост ва бовар дорам, ки ҳамеша чунин хоҳад буд. Зеро, тамоми корҳои нек, ки дар мамлакатамон ба амал бароварда мешаванд, ба он нигаронида шудааст, ки барои занон ҳама чизи зарурӣ муҳайё карда шавад. Бигӯед, ки чунин кишваре, ки қадри занро аз ҳама бештар медонанду бонувонро гиромӣ медоранд, боз дар куҷо ҳаст?!

Одинахон ОТАХОНОВА,
депутати Палатаи қонунгузории 
Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: