ИСЛОҲОТИ НИЗОМИ ТАЪЛИМ – ТАЛАБИ ДАВР

Дар маҷлисе, ки 5 феврал зери раисии Президент Шавкат Мирзиёев баргузор гардид, ба вазифаҳои афзалиятноке, ки дар соҳаҳои таълим, тандурустӣ, рақамисозӣ, маданият ва варзиш татбиқ намудан лозим мебошад, эътибори алоҳида нигаронда шуд.

Хато ва камбудиҳое, ки дар ин самтҳо роҳ дода шудаанд, зери танқиди ҷиддӣ гирифта шуданд.

Таъкид шуда буд, ки сарфи назар аз маблағи зиёде, ки барои рушди низоми таълим ҷудо карда мешавад (барои мисол, соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, ки барои мактаб ва таълими томактабӣ 46 триллион сӯм ҷудо карда мешавад), нишондодҳои сифат ҳанӯз ғайриқаноатбахш боқӣ мемонанд. Инро натиҷаи барномаи байналхалқии PISA соли 2022 оид ба математика, хониш ва фанҳои табиӣ нишон дод. Дар ҳафт соли гузашта ба соҳаи илмиву инноватсионӣ беш аз 6 триллион сӯм равон карда шудааст, аммо формулаи «харҷ – тадқиқот – маҳсул» кор намекунад.
Роҳбари давлат масъала ва мушкилоти дарднокро ба миён гузошт. Ҳоло ҷамъиятамон ба ислоҳоти воқеӣ дар низоми таълим зарурати зиёд эҳсос менамояд.
Такомули ҷараёни таълим дар Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» низ қайд гаштааст, ки он аз ҷониби роҳбари давлат 11 сентябри соли 2023 ба имзо расидааст. Аз он ҷумла, яке аз мақсадҳои асосии ҳуҷҷат ба вуҷуд овардани низоми таълим, ки пурра ба талаби аҳолӣ ва стандартҳои байналхалқӣ ҷавобгӯ бошад, муайян гаштааст. Ғояи мазкур дар баробари кор оид ба тарбияи саломатӣ, насли ҷавони комили соҳиби дониш ва маънавият ба амал татбиқ мегардад.
Мақсади якуми стратегия, ки он то соли 2030 бояд дарёфт гардад, ба вуҷуд овардани шароити муносиб барои татбиқи потенсиали ҳар як одам ба шумор меравад. Дар стратегия ҳамагӣ 12 вазифа оид ба татбиқи ислоҳот дар низоми таълим то соли 2030 муайян гаштааст. Яке аз ин ислоҳот ба низоми таълими томактабӣ, чортояш ба рушди таълими миёнаи умумӣ, боз яке ба низоми таълими касбӣ, боқимонда шаштояш ба низоми таълими олӣ ва пас аз олӣ дахл дорад.
Дар самти рушди низоми таълими касбӣ вазифа оид ба таълими донишҷӯён ба дониш ва таҷрибаи замонавӣ муайян гаштааст. Ҳамин тариқ, пешбинӣ мегардад, ки гранти давлатӣ зимни тарбияи мутахассисони ҳалқаи миёнаи самтҳои технологияи иттилоотӣ, сохтмон, нақлиёт ва логистика то сад фоиз расонда шавад.
Якчанд вазифа дар самти вусъат бахшидани фарогирӣ бо таълими олӣ, баланд бардоштани сифати тарбияи мутахассисон  муайян гаштааст. Ҳамин тариқ, ҳадди ақалл то 50 фоиз боло бурдани дараҷаи фарогирии ҷавонон бо таълими олӣ, пурра муҷаҳҳаз намудани муассисаҳои таълими ҳамагонии миёна бо кадрҳои педагогии соҳиби маълумоти олӣ, баргузор намудани аккредитатсияи байналхалқии барномаҳои 30 муассисаи таълими олӣ, дарёфти дохил намудани 10 муассисаи таълими олӣ ба 1000 бонуфузтарин ташкилоти таълими олии ҷаҳон ва инчунин боло бурдани натиҷаи тадқиқотҳои илмӣ ва то 70 фоиз расондани потенсиали илмии муассисаҳои таълими олӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ғайр аз ин, ба сифати боз як вазифаи муҳим такомули фаъолияти ташкиливу идории муассисаҳои таълими олӣ, мустаҳкам намудани таъминоти моддиву техникии онҳо муайян карда шудааст.
Инчунин ба такомули корҳои илмиву тадқиқотӣ, аз он ҷумла ғанисозии тадқиқотҳои фундаменталӣ бо самтҳои нав бинобар талаботи замонавӣ, пурзӯрсозии тадқиқотҳои амалӣ дар соҳаҳои ҳарчи зуд рушдкунандаи иқтисодиёт, татбиқи низоми кластери «корхона – муассисаи таълими олӣ – ташкилоти илмӣ», афзудани саҳми олимони ҷавон, дастгирии пажӯҳишҳои илмии онҳо, васеъ татбиқ намудани фаъолияти инноватсионӣ дар тамоми самтҳо эътибори алоҳида нигаронда мешавад.
Бояд қайд кард, ки ба тариқи замонавӣ ва оқилона ислоҳ намудани низоми таълим яке аз шартҳои асосии пайвастани Ӯзбекистон ба сафи мамлакатҳои мутараққӣ ва ҷамъиятҳои шукуфон ба шумор меравад. Аз ин боис, аз суханони роҳбари давлат ва андешаву муҳокимаҳои ӯ хулосаи дуруст намуда, вазифаҳое, ки чун стратегӣ муайян гаштаанд, бояд сифатнок иҷро гарданд.

Шуҳрат ИСМОИЛОВ,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ. (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: