Сафари Президенти Ӯзбекистон ба Олмон ба анҷом расид

  • Сафари Президенти Ӯзбекистон ба Олмон ба анҷом расид

Сафари дурӯзаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Олмон ба анҷом расид.

Сарвари давлати мо дар Берлин бо Канслери Олмон Олаф Шолтс ва Президенти Федералӣ Франк-Валтер Штайнмайер мулоқот кард.

Бо роҳбарони ширкату бонкҳои пешрафтаи Олмон мулоқот баргузор шуд.

Президентҳои Ӯзбекистон ва Олмон якҷоя ба Галереяи Ҷеймс Саймон ташриф оварда, дар он ҷо намоишгоҳи нодири «Хазинаҳои археологии Ӯзбекистон. Аз Искандари Мақдунӣ то империяи Кушониён"-ро кушоданд.

Дар ҷараёни сафар 16 санади байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, молия, маориф, илм ва инноватсия ба имзо расид.

Дар анҷоми чорабиниҳои сафар дар фурудгоҳи "Берлин-Бранденбург" меҳмони олиро шахсони расмии Олмон гусел карданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: