ҲАЙАТИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР ИҚДОМИ ШАМЪГУЗОРӢ БА ХОТИРАИ ҚАҲРАМОНОНИ ҶАНГИ ДУЮМИ ҶАҲОН ИШТИРОК КАРД

Ҳайати Сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Нидерландия (бо қароргоҳаш дар Брюссел) дар иқдоми ёдбуди фурӯзон кардани шамъ дар маҷмӯи ёдгории «Майдони шуҳрати шӯравӣ» дар шаҳри Амерсфорт ширкат ҷуст.

Дар ин ҷо тӯли солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон тақрибан 1000 нафар аскарони шӯравӣ, аз ҷумла 101 нафар ӯзбекистониён ҳалок шудаанд. Ҳамаи онҳо дар «Майдони шуҳрати шӯравӣ», ки муаррихи шавқманд Ремко Рейдинг якҷо бо ҳамзамонон хотираи ин қаҳрамононро бо тадқиқоташ бобати аниқ кардани шахсияти аскарон, абадӣ мекунад, мадфун шудаанд.
– Тӯли 20 сол ман муваффақ шудам, ки хешовандони зиёда аз 200 аскарро, ки дар Амерсфорт ҳалок шудаанд, пайдо кунам, – мегӯяд ӯ. – Мутаассифона, дар байни онҳо танҳо кӣ будани ду нафар ӯзбекистониён маълум шуд. Алҳол дар сангҳои ёдгорӣ навиштаҷоти «ҷанговари номаълуми шӯравӣ» сабт шудааст. Мақсади ман муқаррар сохтани ҳамаи онҳо мебошад. Агар мо онҳоро фаромӯш накунем, номҳои ин ҷанговарон дар қалбҳои фардоиён низ боқӣ мемонад. Барои ман он чиз муҳим ва боқадр аст, ки ӯзбекистониёни кунунӣ дар ин кор ба ман чӣ гуна кӯмак расонида метавонанд.
Номи аскарони ӯзбек, ки шахсияти онҳо муайян шуд, Зоир Муротов ва Ҳотам Қодиров мебошад. Муаррихи нидерландӣ изҳор дошт, ки тайёр аст бо шахсон ва идораҳои манфиатдори мамлакати мо бобати муайян кардани номҳои дигар ӯзбекистониён, ки дар Амерсфорт фавтидаанд, ҳамкорӣ кунад. 

ОИ «Дунё».
Шаҳри АМСТЕРДАМ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: