Иқтидори сайёҳии Ўзбекистон дар телеканали машҳури Индонезия тарғиб карда мешавад

Ба мақсади то ба 7 миллион зиёд гардондани шумораи сайёҳон, ки ба кишварамон аз хориҷ меоянд, бобати васеъ тарғиб намудани иқтидори сайёҳии Ӯзбекистон дар кишварҳои хориҷӣ корҳо анҷом дода мешаванд.

Аз ҷумла, шабакаи телевизионии "Surya Citra Televisi", ки бузургтарин шабакаи расонаии Индонезия (SCTV) ба шумор меравад, дар бораи иқтидори сайёҳии кишвари мо наворҳоро пешкаши тамошобинон гардонд.

Барои маълумот, гурӯҳи эҷодии телеканали SCTV дар бораи иқтидори сайёҳии зиёратӣ ба Тошканд, Самарқанд ва Бухоро ҷиҳати ҷалби эътибори аҳолии мусулмони Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ба кишвари мо ҳамчун самти сайёҳӣ барномаҳо омода нумуд.  

Лоиҳаҳое, ки бо ташаббуси Кумитаи сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо сафорати кишвари мо дар Ҷакарта амалӣ карда мешаванд, барои боз ҳам бештар шудани ҷараёни сайёҳон аз Индонезия аҳамияти бузург доранд.

Шумо метавонед бо материалҳое, ки дар матбуоти Индонезия чоп шудаанд, дар ин ҷо шинос шавед:

https://youtu.be/irpJHg3GPH4

https://youtu.be/JVr-ZJ0RhPI

https://youtu.be/I6H8zxRmhC8

https://youtu.be/P-VOqEuTeNE

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: