ГАВҲАРШИНОС БУД

Дар зиндагии ҳар як шахс ҳодисаю вохӯриҳои тақдирсоз рух медиҳанд, ки дер гоҳ дар хотир чун нақш бар санг боқӣ мемонанд.

Инак, чанд сухан доир ба адиб ва журналисти серкору саракор Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода, ки дар айни камолот аз байни мо рафта буд.


Хабари мудҳиш

8-уми майи соли 1975 Ҳамидамак бо ташвишҳои рӯзгор банд буд. Вай  духтари хурдиашро ба шавҳар медод. Занҳои хона ба ӯ гуфтанд, ки барои ба ҷо овардани расму ойинҳои арӯсӣ мошине зарур аст. Нону фатир, кулчаю санбӯсаҳои идӣ ва дигар туҳфаҳоро, ки ба дасторхон бастаанд, бояд ба хонаи домод фиристанд.
Падар сари кӯча баромад. Ногаҳон мошине наздаш қарор гирифт. Ҳамидамак хурсанд шуд, ки акнун мошинкобӣ намекунад. Аз мошин шиносе берун омад. Ронанда аввал дудила шуда, каме истоду сонӣ ба Ҳамидамак наздик шуд. Соҳибхона аз рӯйи одат ва таомул бо ӯ самимона вохӯрӣ карда, ба хона даъват намуд.
– Не-не, дафъаи дигар, – забон хоид вай. – Писаратон...
– Чӣ… чӣ… шуд?
– Амак, натарсед, писаратон ҳозир дар касалхона.
– А? – базӯр овоз баровард пирамард. Якбора дунё дар назараш торик шуд. Сараш чарх зад, мадори пойҳояш канд. 
На қуввати гап задан дошту на ҳаракат.
Аз байн чӣ қадар вақт гузаштану чӣ тавр дар мошин нишастанашро нафаҳмид. Фикру хаёлаш парешон шуда, дилаш ба сад кӯчаю пасткӯча мерафт.
– Ба касалхонаи шаҳр меравем, – хоҳиш намуд Ҳамидамак, – акояш Абдуғаффорро бинем.
Дар ҳавлии беморхона чанд мошин меистод. Мошини хидматии писараш ҳам он ҷо буд. Абдуғаффор аз кабинеташ баромаду падарро ба оғӯш гирифта: 
– Вой, додарам! – гӯён фарёд кард.
Пирамард аз ҳуш рафт...

Маро висолу мулоқоти он замон бошад

Хабари марги фоҷиавии Ҳоҷиқурбон, ҳангоми садама дар роҳи ноҳияи Каттақӯрғон, зуд паҳн шуд. Мардуми Самарқанд гӯё ба по хеста, барои видоъ бо  журналисти оташқалб, раиси Иттиҳоди адибони вилоят Ҳамидзода ба сӯйи маҳаллаи Боғимайдон мешитофт. Барои видоъ ҷисми марҳумро дар толори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии археология ва таърихи Самарқанд гузоштанд. Вай дар тобут рӯкушода, рангбохта, вале дар лабонаш табассум буд.
Аз Тошканд як гурӯҳ ҳамкасбони собиқаш аз идораи рӯзномаи «Овози тоҷик» омаданд, ки ба аҳли оилаи марҳум ҳамдардӣ изҳор намоянд.
Ҷасади ӯро дар қабристони Шоҳизинда гузоштанд. Аз байн қариб ним аср гузашта бошад ҳам, ҳанӯз мо, шогирдон ҳар гоҳ сари хокаш меравем ва оятеро аз Қуръони карим тиловат карда, ба рӯҳи покаш мебахшем. Бояд гуфт, ки дӯстону шогирдон маблағ ҷамъ карда, дар сари қабраш муҷассамаи ӯро гузоштаанд.
Ҷамоаи рӯзномаи «Овози тоҷик» низ хотири неки собиқ ходими худро пос медоранд. Чанде пеш аз таҳририят сим зада супориш доданд, ки дар бораи ӯ ба муносибати Рӯзи хотира ва қадр чизе нависам. 

Қадами қатъӣ

Ҳоҷиқурбон панҷсола буду китобҳои хоҳарашро бо шавқ варақ мезад. Аз расмҳояш чашм намеканд.
Арафаи соли таҳсили нав буд. Хоҳари калониаш тараддуди мактабравӣ дошт.
– Дада, ман ҳам ба мактаб равам? – гуфт писарча. – Ойтем катӣ мехонам.
Сарвари оила аз хоҳиши писар ба андеша рафт. Зеро Хоҷиқурбон бачаи хеле хурдҷусса, лоғар буд, бар замми он як пояш обила дошт, озод гашта наметавонист, каме мелангид. Падар барои хафа накардани фарзанд назди муаллими деҳа рафт.
– Писарак шавқи хондан дошта бошад, хеле хуб, – гуфт омӯзгор Ҳасан Нуруллоев. – Масъалаи рафтуояш чӣ мешавад?
– Ҳар пагоҳ худам меоварам, – ваъда дод Ҳамидамак. – Шумо иҷозат диҳед шуд.
Аз якуми сентябр Ҳоҷиқурбон ба мактаб рафт. Вай бо хушзеҳнӣ, кӯшишу ғайрат, қобилият устодашро дар ҳайрат мегузошт. Бо ҳаваси зиёд дарс мехонд. Пайваста рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» (ҳоло «Анбоз») ва маҷаллаи «Машъал»-ро мутолиа мекард. Рӯз аз рӯз меҳру муҳаббаташ нисбат ба хондан бештар мешуд.
Боре аз назди клубе, ки дер боз сохтмонаш нотамом буд, гузашта дар ин бора ба навиштан азм кард ва мушоҳидаҳояшро ба рӯзномаи «Ӯзбекистони сурх» (ҳоло «Овози тоҷик») фиристод. Хабари танқидии «Клуби гӯшти уштурхӯрда» чоп шуду барои тафтиши он ба деҳаи Боғи майдон аз Тошканд, кумитаи ҳизбии вилоят, хоҷагии ҷамоатии ба номи Пушкин (ҳоло Фотима Қосимова) вакилҳо омаданд. Онҳо ба хулоса омаданд, ки танқид  дуруст аст. Вакили марказ роҳбарони хоҷагӣ ва ноҳияро барои бепарвоӣ коҳиш намуда, хоҳиш кард, ки бо муаллифи мақола ҳам шинос шавад.
Дар як дам Ҳоҷиқурбонро аз дарс оварданд. Вакил бо писараки даҳсола рӯ ба рӯ шуда, дар ҳайрат омад.
– Ҳамидов ту ҳастӣ? – нобоварона пурсид вай
– Ҳа, – кӯтоҳакак ҷавоб дод Ҳоҷиқурбон.
– Мақоларо кӣ навишт? – тааҷҷубомез боз пурсид вакил.
– Ман навиштам, – гуфт ва ба вакил рост нигоҳ кард. 
– Офарин, ба ту! – вакил дасти ӯро самимона фишурд. – Ҳамин хел камбудиҳоро навишта исто. Мухбирон мардуми нотарс мешаванд. Далер бош! Дар оянда аз ту журналисти зӯр мебарояд.
Ҳамин воқеа сабаб шуду Ҳоҷиқурбон бо лақаби «мухбирча» машҳур гардид. Хабару мақолаҳои вай доир ба навигариҳои мактабу деҳа зуд-зуд дар рӯзномаю маҷаллаҳои гуногун пайдо мешуданд.
Муаллимон қобилияташро пай бурда, ӯро ба рӯзномаи девории мактаб муҳаррир таъйин карданд. Вай кӯшиш мекард, ки рӯзномаи деворӣ аз ҳар ҷиҳат хоно, шавқовар ва ҷолиби диққат бошад. Барои ҳамин худ бисёр мехонд, таҳлил мекард, аз китобу адабиёти гуногун истифода мебурд. Дар мактаби тоҷикӣ таҳсил мекарду забонҳои русӣ ва ӯзбекиро низ пайваста меомӯхт. Мактаби миёнаро бо медали тилло хатм намуд.
Бидуни имтиҳонсупорӣ ба факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тошканд дохил гардид. Дар солҳои донишҷӯйӣ низ дар матбуоти ҷумҳурӣ ва марказӣ бо хабар, мақола, очерк, репортаж, мусоҳиба ва фелетонҳояш иштирок менамуд. Вай ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ озод менавишт ва сухан мекард.
Аз ҳаққи қалам пасандоз карда, китоб мехарид. Барои волидон ва додару хоҳаронаш аз Тошканд туҳфаҳо меовард.
Ҳоҷиқурбон факултаи журналистикаро бо дипломи сурх ба итмом расонд. Бо таклифи устодонаш дар аспирантураи донишгоҳ таҳсилро давом дод. Пайваста бо редаксияҳо ҳамкорӣ дошт. Баъди ҳимояи рисолаи номзади фанҳои фалсафа дар идораи рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ба кор шурӯъ намуд. Ба ҳайси хабарнигори хоссаи рӯзнома ба гӯшаю канори Ӯзбекистон сафар карда, дар бораи мардуми касбу корашон гуногун очерку лавҳаю репортажҳои дилчасп менавишт. Вале чун ба Самарқанд ояд, падараш ба ӯ: 
– Акнун саёҳати дунё бас аст, – мо ҳам бо модарат мехоҳем келин биёрем, ки хидматамонро кунад, мегуфт. Охир кору хондан ҳам ҳадду ҳудуд дорад.
Вай бо дархости волидайн ба шаҳри Самарқанд омада, дар идораи рӯзномаи «Ленин йӯли» ба кор даромад. Акнун ба забони ӯзбекӣ менавишт. 
Дере нагузашта, ӯро дар кумитаи ҳизбии вилоят ҳамчун мушовири матбуот ба кор гирифтанд. Вай дар ин вазифа бо ҳавсалаи том кор мекард. Дар идораҳои рӯзномаҳои вилоятию ноҳиявӣ, кумитаи радио ва телевизион ҳамсуҳбат шуда, барои беҳтар намудани корҳои эҷодӣ маслиҳатҳои муфид медод. Ҳамчун ректори Университети мухбирони коргару деҳқон, ки дар назди рӯзномаҳои вилоятӣ арзи вуҷуд дошт, фаъол буд.
Худ низ пайваста эҷод мекард. Мехост, ки дар бораи шаҳри бостонӣ китоби «1001 ҳақиқат дар бораи Самарқанд»-ро нависад. Бо ин мақсад дар матбуоти вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва марказӣ аз ҳаёт, таърих, осорхона ва анъанаҳои неки халқи шаҳри бостонӣ чанд мақола ва сафарномаҳо чоп кард.

Чаро ман даъвои шогирдӣ дорам?

Ҳаққи устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.
Инҷониб баъди хизмати ҳарбӣ дар хоҷагии ҷамоатии «Гулистон» деҳқони одӣ будаму дар рӯзномаю маҷаллаҳо хабар менавиштам. Боре бародари калониам Холмурод гуфт, ки дар кумитаи ҳизбии вилоят шиносе дорам, ки ба корҳои матбуот роҳбарӣ мекунад. Исму насабаш Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода аст. Дар бораи ту гап задам. Наздаш рав.
– Магар маро қабул мекунанд? – ҳайрон шуда пурсидам, – обком ҷойи андак не...
– Чаро қабул накунанд? – гуфт бародарам. – Ҳамидзода одами одӣ ва хоксор. Фақат навиштаҳоятро ҳамроҳат бар. 
«Аз карнайчӣ як пуф» гӯён, он рӯзномаю маҷаллаҳоеро, ки мақолаҳоям чоп шуда буданд, зери каш гирифта, сӯйи бинои кумитаи ҳизбии вилоят «парвоз» кардам. Дар қабати дуюм, болои дари рақами 62 «Ҳ. Ҳамидов» навишта шуда буд. Дарро тақ-тақ накарда, ба дарун сар халондам
Марди тахминан 30-35 сола ғарқи мутолиаи маҷаллае буд. Нигоҳаш ба ман афтоду аз ҷой хеста «марҳамат» гуфт ва барои нишастан ҷой нишон дод. Вай як одами кулчарӯйи бо чашмони калони мешӣ, мӯйи ба як тараф шоназада, абрӯвони сиёҳ, лабони моили табассум ва нигоҳи пур аз меҳр буд. 
Мо мисли шиносони дерин вохӯрӣ кардем.
Ман аз чунин истиқболи хуш, муносибати самимии як журналисти номӣ, рости гап, дар ҳайрат мондам, вуҷудамро хурсандии ҳаяҷономез фаро гирифт. 
– Акоям назди шумо фиристоданд, – папкаро дароз карда гуфтам ман, – дар газетаҳо кам-кам мақолаҳо менавиштам.
Вай папкаро кушода, ба рӯзномаҳо чашм давонд, ба назари ман чунин намуд, ки ӯ бештар ба ороиши саҳифаҳо аҳамият медод, ба мақолаҳои ман рӯякӣ нигоҳ мекард.
– Аз матбуоти даврӣ кадомашро бештар мутолиа мекунед? – пурсид вай.
– «Шарқ тонги», «Ҳақиқати Ӯзбекистон», «Машъал».
– «Комсомолка», «Известия», «Маориф ва маданият», «Садои Шарқ», «Огонёк» ва дигар газетаю журналҳоро ҳам хондан даркор, – маслиҳат дод мусоҳибам. – Журналист бояд ҷаҳонбинии васеъ дошта бошад. Ба ҳамаи онҳо обуна шудан шарт нест. Ба китобхонаҳо аъзо шавед. Аз журналистҳо киҳоро медонед?
– Зайниев, Пӯлод Ҳамдам, Муҳаммадиев...
– Борис Стрелников, Василий Песков, Отахон Латифӣ ва даҳҳо дигарҳоро донистан лозим, – иброз дошт вай, – Гиляровский, Мартен Лютер Кинг, Михаил Колсов ва бо асарҳои дигарҳо ҳам шинос шавед-дия! Худатон бештар нависед. Тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ, – сипас, гӯё чизе ба ёдаш расида бошад, боз илова намуд. – Дар назди идораҳои рӯзномаҳои вилоятӣ мактаби мухбирони ҷавон ташкил намудем. Шумо ҳам равед, журналистони пурмаҳорат дарс мегузаранд.
– Аз ман имтиҳон мегиранд? – соддалавҳона пурсидам ман.
– Шуморо бе имтиҳон қабул мекунем, – завқ кард ӯ. – Ректораш худам, ҳамин суҳбати мо кифоя. Фаҳмо?
Аз вохӯрии нахустин хеле шод баргаштам. Акнун тез-тез наздаш рафта, маслиҳатҳои муфид мегирифтам.

Даргоҳи муқаддас

– Дар назди осорхонаи Устод Айнӣ, – боре гуфт вай, – қабулхонаи рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» фаъолият дорад. Ҳар рӯзи якшанбе адибону эҷодкорони тоҷик ҷамъ омада, суҳбат мекунанд. Шумо ҳам иштирок кунед.
Рӯзи бозор соатҳои тақрибан нӯҳуним-даҳ ба он ҷо рафтам. Дар рӯйи ҳавлии осорхона ба кадом дар даромаданро надониста меистодам, ки марди хушқадду қомат берун омада, маро истиқбол намуд.
– Ҳоҷиакаро мепурсед? – баъди салому алейк гуфт вай. – Дар ҳамин ҷо.
Бо роҳбаладии ӯ вориди утоқи хурдакак шудем, ки дар он ҷо шахсони зиёд ҳозир буданд, ки ҳеч кадомро намешинохтам.
Ҳамидзода дар мобайн, пойҳояшро болои ҳам гузошта менишаст. Пас аз вохӯрӣ ӯ каминаро муаррифӣ кард.
– Ин кас мухбири ҷавон Зоҳир Ҳасанов, аз Хоҷа Аҳрор, ба наздикӣ аз хизмати ҳарбӣ омаданд. Ба навиштан шавқу ҳавас доранд.
Ҳама ба ман нигаристанд. Пас аз шиносоӣ вай ба марде, ки дар шафаташ нишаста буд, гуфт:
– Ҳа, Болтаака, давом диҳед.
Ва он мард, ки дертар донистам, Болта Ортиқзода будааст, дар бораи сафари навбатиаш ба Душанбешаҳр ҳикоя мекард. Сипас, чанде аз ҳозирон шеър, ҳикоя, лавҳа хонданд. Сомеон бо диққати том гӯш карда, ҳар кас фикру андешаи хешро баён менамуд.
Агар гӯям, ки рӯзҳои истироҳат дар ин ҷо гули назму насри Самарқанд ҷамъ мешуданд, муболиға намешавад. Баъзан аз Тоҷикистон низ адибон ташриф меоварданд, ки мо, ҷавонон, аз дидору суҳбати онҳо баҳра мебардоштем.
Боре баҳс дар бораи тахаллус рафт.
– Маънои «қул» чист? – ногаҳон ба Норқулака рӯй овард Ҳамидзода. 
– Ғулом, банда, – ба ҷойи вай зуд ҳозирҷавобӣ намуд дигаре.
– Салимҷон дуруст гуфтанд, – Ҳамидзода як калавида дар курсиаш боз хубтар нишасту завқ карда хандид. 
– Норқулака, аз ҳамин рӯз шумо Нор Остонзода, ана ин кас Салим Кенҷа, – вай ба атрофиён чашм давонда нигоҳаш ба камина бархӯрду – ана ин шогирдамон Зоҳир Ҳасанзода, директорамон Абдукарим Ғанизода… норозиҳо ҳастанд? – бо шӯхӣ ва нигоҳи саволомез ба аҳли нишаст рӯ овард ӯ.
Ҳама аз соҳиби тахаллус шудан қаноатмандона табассум намудем. Баъди ҳамин воқеа мо навиштаҳоямонро бо имзои нав чоп мекардем, ки ин анъана то ҳол идома дорад. 
Аҷибаш ҳамин буд, ки Ҳамидзода баъди ҷамъомад рағбати тамошои атрофи Регистон карда, то хонаи истиқоматиаш, ки дар хиёбони Горкий (ҳоло Донишгоҳ) воқеъ буд, мерафт. Бештар каминаро ҳамроҳаш мегирифт. Агар ягон филми нави ҳиндӣ намоиш дода шавад, хоҳиш мекард, ки ҳамроҳ равем.
– Аз кино ҳам манзараҳо зӯр-а? – баъди тамошо мепурсид ӯ. – Бо як сӯм  Ҳиндустонро тамошо мекунем. Боз чӣ даркор! – завқ карда механдид вай.
Сад дареғ, ки суҳбату сайру гашти мо дер давом накард, марги нобаҳангому асрорангез ӯро аз байн хеле барвақт рабуд.

Ёде дар дил

Ҳар баҳор дар гирду атрофи қабри ӯ сабзаҳо дамида, гулҳои зебову хушбӯ шукуфон мешаванд. Ба назари зиёраткунандагон чунин мерасад, ки устод гулгункафан зери хок аст. Зеро раҳматӣ қурбони нотавонбинӣ, ҷаҳолат, ҳақиқат шуда, нобаҳангом, асрорангез, ба таври фоҷиавӣ чашм аз олами ҳастӣ пӯшид. Дар натиҷа рисолаи қариб тайёри докторӣ, китоби «1001 ҳақиқат дар бораи Самарқанд» нотамом монданд. Аз ҳама бадаш, дар ҳасрату фироқи ҷудоӣ падару модар ва ҳамсари меҳрубонаш Раъно Ҳамидова обу адо шуда, аз шафати ӯ хонаи охират ёфтанд. Фақат таскини дил он аст, ки бисёр шогирдон ёди неки устодро мекунанд:
– Ман ду сол дар Донишкадаи омӯзгории ба номи Устод Айнӣ аз устод Хоҷиқурбон Ҳамидзода аз фалсафа сабақ гирифтам, – мегӯяд адиб, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Маҳбуба Турсунова аз деҳаи дурдасти Миронқул. – Ҳанӯз дар ёд дорам, вай марди миёнақади пешонафарохи хушсарулибос буд. Ҳамеша дар даст сумкаи калон дошт. Гоҳ-гоҳ китобҳои тозанашру шавқангезро ба мо намоиш дода, аз куҷо пайдо кардани онро маслиҳат медод. Ҳатто онҳоро барои истифода ба муддате дар ихтиёри мо мегузошт. Ҳангоми суханронӣ бисёр арақшор мегашт ва зуд-зуд пешонӣ ва лабу даҳонашро бо рӯймолча пок мекард. Ин ҳолати ӯ бештар вақте рӯй медод, ки аз ҷавобҳои муҷмали шогирдон норизо бошад.
Гуфтору рафтори ӯ моро ҷалб мекард, аз ин рӯ пас аз дарс ба пароканда шудан шитоб намекардем. Як вақт медидем, ки вақт аз пешин гузаштааст ва дар ошхона хӯрданӣ намондааст. Ноилоҷ бо чою нон қаноат мекардем…
– Аҷиб, солҳо чӣ хел тез мегузаранд, – бо ҳасрат мегӯяд писараш Далерҷон, – аллакай аз марги қиблагоҳ қариб ним аср сипарӣ гашт. Аммо навозишу меҳрубонии падари зиндаёдам фаромӯш нашудааст. Воқеан, мо фарзандон мардонагӣ, сархам набудану некӣ карданро аз ӯ омӯхтем. Ният дорем, ки мунтахаби асарҳои падари бузургворро ҷамъ карда, нашр кунем. Аз фурсат истифода бурда, ба аҳли ҷамоаи «Овози тоҷик» сипосгузорӣ мекунем, ки гоҳ-гоҳ мақолае дарҷ намуда, рӯҳи гузаштагонро шод мекунанд. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: