ҚАДРИ МЕҲНАТИ ФАРРОШЗАНОН

Мактаб даргоҳест муқаддас.

Мактаб даргоҳест муқаддас. Дӯст доштану ҳифз намудан, тозаю озода нигоҳ доштани ин муқаддасот вазифаи ҳар як фарди солимақл аст. Зеро ороста будани мактаб барои таълиму тарбияи насли наврас низ ҳамеша нақши муҳиме мебозад.
Дар мактаби таълими умумии рақами 52-юми ноҳияи Сариосиё гувоҳи ин гуфтаҳо шуда метавонед. Зеро мактаби мазкурро ҳамеша дар ҳолати тозаю саранҷом дидан мумкин аст. Фаррошони меҳнатқарини ин даргоҳи таълим шахсони ба касби худ содиқу вафодор: Салима Ибодуллоева, Гулбаҳор Сироҷиддинова, Райҳона Сайриддинова, Гулиасал Холмуродова, Муродбибӣ Шарипова, Мафтуна Ортиқова ва Дилноза Турсунова бо роҳбарии мудири хоҷагӣ Абдусаттор Қурбонов ҳамеша барои тозаю озодагии мактаби мо камарбастаанд.
Бо вуҷуди он ки синфхонаҳою бинои мактабро таҳтидилӣ рӯбучин менамоянд, дар мавридҳои дигар дар боғчаи наздимактабӣ низ меҳнати беандоза доранд.
Ҳар шахсе, ки ба мактаби таълими умумии мо меҳмон мешавад, албатта ба меҳнати содиқонаи фаррошони ин даргоҳ аҳсант мегӯяд. Ба ин хотир, ман низ ҳамчун як нафар аз омӯзгорони мактаб ба ин бонувони меҳнатдӯст чунин гуфтаниам:
– Офарин ба шумо бонувони меҳнатдӯсту ба касби худ содиқ. Ба ҳамаи шумо ташаккури бепоёни худро изҳор менамоям. Зеро меҳнати пурмашаққати шумо барои дар ҳама ҳолат тозаву озода нигоҳ доштани ин даргоҳи таълим хеле муҳим аст. Меҳнати софдилонаи шумо рӯсурхии аҳли ҷамоаи мост.
Дастатон дардро набинад, фидоиён!

Гулнора САЪДУЛЛОЕВА,
омӯзгори
 мактаби рақами 52-юми ноҳияи Сариосиё.
Вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: