МАРКАЗИ ЗАМОНАВИИ ҶАРРОҲӢ БОЗ ГАРДИД

Дар доираи Симпозиуми байналхалқии Самарқанд — Санкт–Петербург, ки дар Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд бинобар мавзӯи «Таҷрибаҳои замони ҳозира дар хирургияи амалӣ» гузаронида мешавад, бинои нави клиникаи ҷарроҳии бисёрсоҳавии донишгоҳ кушода шуд.

Бино дорои 200 ҷой буда, бо ташаббуси роҳбари кишварамон бунёд гардидааст. Бунёди он, ки мувофиқи лоиҳаи андозаҳои байналхалқӣ аст, соли 2021 оғоз ёфта буд. Дар ин ҷо корҳои ба ивази 64 миллиард сӯм анҷомдодашуда ба итмом расиданд.
— Солҳои охир халқи мо ислоҳоти соҳаи тибро дар ҳаёти худ эҳсос мекунад, — гуфт ҳокими вилоят Э. Турдимов. — Аз ҷумла, алҳол дар Самарқанд 243 навъи амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида мешавад, ки шаҳодати мустаҳкамшавии пойгоҳи моддию­техникии муассисаҳои тиббии вилоят мебошад. Танҳо соли 2023 дар муассисаҳои тиббии вилоят дар асоси маблағи сармоягузорӣ ва буҷаи маҳаллӣ корҳои сохтмониву азнавсозӣ дар ҳаҷми 133 миллиард сӯм амалӣ шудаанд. Аз ҷумла, филиали вилоятии Маркази илмии ёрии таъҷилии ҷумҳурӣ ба бинои нав гузашт, бинои бемористони касалиҳои пӯст бунёд гардид, барои маҷмаи таваллудхонаи рақами 1-уми шаҳри Самарқанд дар мавзеи Қаросув бинои наву замонавӣ қад афрохт.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: