ШАРОФАТИ ИСТИҚЛОЛ

Тантанаҳои идона бахшида ба 32-юмин солгарди истиқлол дар вилояти Қашқадарё аз ҷойҳои дурдасти қаламрав оғоз гардида, дар шаҳри Қаршӣ ҷамъбаст шуд.

Таҷлили ид дар шаҳри Қаршӣ бо ширкати раҳбарони тамоми секторҳои шаҳру навоҳӣ, сарварони идороту муассисаҳои мухталиф, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фидоиёни меҳнат дар шукӯҳи ба худ хосе баргузор шуд ва боиси фараҳмандии мардум гардид. 
Муротҷон Азимов — ҳокими вилоят тамоми мардуми қаламравро бо ҷашни истиқлол сидқан табрик намуда, гуфт, ки истиқлол барои Ӯзбекистон роҳи умед ба зиндагии фаровон ва озодро кушод. Тӯли 32 сол аст, ки ҳукумат дар таҳкими сулҳу субот дар кишвар ва як зиндагии намунавӣ часпу талош меварзад. 
– Натиҷаҳо хушнудкунанда ҳастанд ва боиси фахр аст, ки дар ин авохир дар саросари кишвар ислоҳоти амиқи иқтисодию иҷтимоӣ роҳандозӣ мешаванд ва аз шарофати он намои Ӯзбекистон куллан дигаргун шуда, ба чашми аҳли ҷаҳон чун мамлакати озоду мардумсолор ва ободу пешрафта ҷилвагар мегардад, – таъкид кард ӯ.
Ҳоким боз аз он корҳои хайре ёдовар гашт, ки бо шарофати истиқлоли Ватан майлони наве пайдо карда, дар солҳои наздик симои вилояти Қашқадарёро назар ба пеш куллан тағйир хоҳанд дод. Вай бо боварии қатъӣ гуфт, ки вилоят  ба туфайли ислоҳоти густурда ба як минтақаи аз нигоҳи иқтисодӣ пешрафта мубаддал шу-да, зиндагии бошандагони он рӯ ба беҳбудӣ ва фаровонӣ овардааст.  
Чорабиниҳои идона дар шаҳри Қаршӣ бо барномаҳои рангини консертии ҳунармандону ҳофизони номии кишвар дар сатҳи баланд баргузор гардиданд, ки боиси фараҳмандӣ ва хушии табъи мардум шуданд. 

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти Қашқадарё.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: