БОҒИ «CRIC-21» БАРПО КАРДА ШУД

Дар доираи сессияи 21-уми Кумитаи бозрасии татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза алайҳи биёбоншавӣ дар маҳаллаи Оҳалики ноҳияи Самарқанд «Боғи сабзи CRIC-21» таъсис дода шуд.

Дар ифтитоҳи ҷамъомад вазири экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Ӯзбекистон Азиз Абдуҳакимов таъкид кард, ки аз соли 2021 бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев дар кишвари мо лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» татбиқ мегардад, ки дар доираи он дар саросари кишвар шинондани дарахтон дар фасли тирамоҳ идома дорад ва иштирокдоронро даъват намуд, ки дар бунёд намудани «Боғи сабзи CRIC-21» дар Самарқанд иштирок кунанд.
Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Норбоева, вазири экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим Азиз Абдуҳакимов, муовини Котиби генералии СММ, котиби иҷроияи Конвенсияи оид ба мубориза алайҳи биёбоншавӣ ва хушкшавӣ Иброҳим Тиав ва намояндагони ҳайатҳои хориҷӣ дар боғи нав, ки дар ҳудуди майдони се гектар ташкил карда мешавад, ниҳол шинонданд.
Зиёда аз 1200 бех ниҳол дар даҳ намуд аз он ҷумла садақайрағоч, сафораи японӣ, каталпа ва шумтол шинонда шуд. Муҳим аст, ки дар боғ низоми замонавии обёрӣ ба кор дароварда шуд.
Дар айни ҳол дар кишварамон дар доираи лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» зиёда аз 1200 гектар боғ ва хиёбонҳои ҷамъиятӣ, беш аз 1 миллион гектар ҳудудҳои сабз ташкил карда шуд. Дар ин мавсими тирамоҳӣ шинондани дарахтон, ки то 1 декабр идома меёбад, 85 миллион бех ниҳол дар хоҷагиҳои ҷангал, боғчаҳои бачагона, мактабҳо, мактабҳои олӣ ва беморхонаҳо, дар периметри майдонҳо бунёд намудани «камарбанди сабз» дар атрофи партовгоҳҳо ва корхонаҳои бузурги саноатӣ ба нақша гирифта шудааст. Инчунин барпо намудани «сарпӯши сабз» дар 100 ҳазор гектар қаъри хушки Арал пешбинӣ шудааст.

Ғ. ҲАСАНОВ, мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: