«БАҲОРИ БОЙСУН» БО ШУКӮҲИ ХОС БАРГУЗОР ГАРДИД

Тавре ки муштариёни мо огоҳ ҳастанд, 2-7 майи соли равон маҳаллаи Бибиширини ноҳияи Бойсун, воқеъ дар вилояти Сурхондарё, меҳмонҳои зиёди маҳалливу хориҷиро ба канор пазируфт.

Субҳи рӯзи дувум ҷашнвораи байналмилалӣ бо ба ҳаво сар додани 20 шари бузурги рангоранг идома ёфт. Парвози шарро мардуми зиёди маҳаллӣ аз кӯчаву хиёбонҳо ва ҳатто ҳавлиҳои худ мушоҳида намуданд. 
Мувофиқи барнома яке аз рӯзҳои ҷашнвора ба тамошои барномаи 15 дастаи фолклории 13 кишвар бахшида шуд, ки барои ширкат дар он дастаҳо аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ҳиндустон, Покистон, Ҷопон, Белорус, Британияи Кабир, Белгия ва ҳоказо ташриф овардаанд. Ҳайати густардаи доварони варзида маҳорати овозхонҳо ва раққосони ин дастаҳои фолклориро тамошо карда, ба онҳо баҳои муносиб доданд. 
Ҷойи якум насиби дастаи фолклорӣ-этнографии «Бойсун»-и вилояти Сурхондарё гардид. Дастаҳои «Ҷондор»-и вилояти Бухоро ва «Чавкӣ»-и вилояти Самарқанд сазовори ду ҷойи дуюм шуданд, се ҷойи сеюмро дастаҳои «Хоразм»-и вилояти Хоразм, «Қазоқистон»-и Қазоқистон ва «Марвориди Ҷопон»-и Ҷопон ишғол карданд.
Ҳайати доварон аз рӯйи номинатсияҳои гуногун дастаҳои ғолибро эълон карда, ба ҳамаи ғолибон дипломҳои махсус ва ҷоизаҳои пулӣ тақдим намуданд.
– Дар ҳар як ҷашнвораи байналмилалии фолклории «Баҳори Бойсун» аҳли ҳунари тоҷик ташриф меоваранд ва дар баробари дастаҳои фолклорӣ-этнографии халқҳои дигар санъату ҳунари волои худро намоиш медиҳанд. Дар даври гузаштаи ҷашнвора дастаи фолклорӣ-этнографии «Бибиён»-и шаҳри Хуҷанд таҳти сарварии Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Сайрам Исоева меҳмон шудаву яке аз се ҷойи ифтихории онро ишғол кардаанд, – гуфт роҳбари ин даста, Аълочии фарҳанги  Тоҷикистон Сайфиддин Ӯроқов. – Боиси хушҳолист, ки ҳунарнамоии дастаи 7-нафараи фолклорӣ-этнографии ноҳияи Турсунзода – «Қаротоғ» низ аз тарафи дастаи ҳакамон баҳои сазовор гирифт. Баргузории чунин ҷашнвораҳо риштаҳои дӯстии байни халқҳо, хусусан робитаҳои байни ду кишвари ҳамҷавор – Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро боз ҳам мустаҳкам хоҳанд кард, – илова кард ӯ. 
Дар маҷмааи сайёҳии Бибиширин аз рӯйи тарзи гӯштии «кураш» дар вазни  +81 килограмм ва вазни мутлақ байни мардон ва аз рӯйи вазни +63 байни занон мусобиқаҳо ба вуқӯъ пайвастанд. Паҳлавонони вилояти Сурхондарё ва соири вилоятҳои ҷумҳурӣ бо азми том вориди сабқат шуда, талош намуданд, ки мукофоти асосии ин ҷашнвора – мошини сабукравро ба даст оваранд. Аммо дар охир паҳлавони ноҳияи Шӯрчӣ Бекмурод Олтибоев ғолиби мутлақи ин мусобиқа эълон гардид ва соҳиби автомашина шуд. Ҷойи якумро Муҳаммадкарим Хуррамов аз ноҳияи Шеробод (10 миллион сӯм), ҷойи дуюмро Абдузоҳид Ҳусайнов аз ноҳияи Узун (5 миллион сӯм), ҷойи сеюмро Ҷаҳонгир Маматраҳимов аз ноҳияи Олтинсой (3 миллион сӯм) ишғол намуданд. 
Дар байни занҳо: ҷойи якум аз Равзахан Адашова, шаҳри Тошканд (5 миллион сӯм); ҷойи дуюм аз Покиза Камолиддинова, вилояти Фарғона (3 миллион сӯм); ду ҷойи сеюм аз Фирӯза Хурозова, шаҳри Тошканд ва Юлдуз Муҳаммадиева ноҳияи Қумқӯрғон (1,5 млн сӯмӣ)-ро соҳиб гардиданд.
Ба ҷашнвораи байналмилалии фолклорӣ-этнографии «Баҳори Бойсун» консертҳои дастаҷамъӣ бо ширкати Ҳунарпешаҳои мардумии Ӯзбекистон Оғабек Собиров, Фаррух Зокиров, Гулсанам Мамазоитова, ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Мардони Мавлон, Ҳунарпешаҳои шоистаи ҷумҳурӣ Ҳосила Раҳимова, Сайёра Қозиева ва боз чанде дигарон шукӯҳи бештар бахшиданд.
Иштирокчиён ва меҳмонони ин ҷашнвора аз ёдгориҳои бостоншиносии Тешиктош, ғори Амир Темур, пайраҳаҳои динозаврҳои 65 миллионсола, Узундара, Қӯрғонзал, Туманқӯрғон, ки дар замони худ асрори таърихи гузаштаро фаро хондаву ҳамчун қалъа ва иншооти стратегӣ хидмат мекарданд, бо мароқ боздид намуданд. Инчунин ба деҳаи Сайроб рафта, чинорҳои азими онро диданд, аз обҳои шифобахши «Амонхона», «Хоҷамайхона» нӯши ҷон карда, моҳиҳои пурасрор, канонҳои сурхи Тангисар, яке аз чуқуртарин ғорҳои сайёра, ки 2 ҳазору 651 метрро ташкил мекунад, тамошо карданд. 
Ба сифати хотима ҳамин нуктаро мешавад зикр намуд, ки мардуми ноҳияи Бойсун, хусусан маҳаллаи Бибиширин, назокати меҳмондӯстиву меҳмоннавозии худро ба чашми оламиён намоиш дода тавонистанд. Онҳо собит намуданд, ки беҳуда Бойсунро созмони бонуфузи ЮНЕСКО эътироф накардааст. Интизор меравад, ки баъди чунин корҳои хуби ташкиливу роҳандозии чорабиниҳои фарҳангӣ мавҷи сайёҳони маҳалливу хориҷӣ ба минтақаи кӯҳистони Бойсун ба карат меафзояд. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири махсуси «Овози тоҷик».
ТОШКАНД – БОЙСУН –ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: