мегӯяд соҳиби нишони “Келажак бунёдкори” Шабнам Адҳамбекова
Вай зодаи деҳаи Девайрони ноҳияи Сӯх мебошад. Иттифоқ афтод, ки Шабнам Адҳамбековаро дар маросими муҳташами “Иди ҷавонон” бубинам, ки 30-юми июн дар боғи «Ӯзбекистони Нав» таҷлил гардид. Ҳарду то саршавии ин маросим суҳбати кӯтоҳе анҷом додем ва ваъда кардем, ки бо анҷоми маросим суҳбатамонро боз идома хоҳем дод.
Зимни суҳбати муқаддамотӣ дарёфтам, ки Шабнам ҷавонзани фурӯтану хоксор ва ҳалиму меҳрубон аст ва беҳуда аз миёни ҷавондухтарони зиёди вилояти Фарғона ба ин мукофот сазовор нагардидааст.
Дар маросим Президенти кишвар иштирок ва суханронӣ кард. Баъд маросими бо мукофот сарфарозкунии як гурӯҳ ҷавонписарону ҷавондухтарон сурат гирифт. Ровӣ якзайл номи соҳибони мукофотҳоро мехонду зери қарсакҳои пурмавҷ онҳо баромада аз дасти Президент ин мукофотҳоро мегирифтанд.
Вақте ки ровӣ номи Шабнам Ёсинзода Адҳамбековаро эълон кард, дидаҳои ману ҳамроҳони журналистам, ки суҳбати кӯтоҳамон дар ҳузури онҳо сурат гирифта буд, ба майдон дӯхта шуд. Шабнам бардам қадамзанон ба назди сарвари давлат омад. Шавкат Мирзиёев ба гиребони вай нишони “Келажак бунёдкори”-ро овезон намуд.
– Президент мисли ману шумо одами оддӣ будаанд. То расидан ба назди он кас ҳаяҷони зиёд маро пахш карда буд. Вақте ки муҳтарам Шавкат Миромонович маро мисли фарзандашон истиқбол гирифта, “Духтараки сӯхӣ, табрик мекунам! Ҳалолат бод!” гуфтанд, дарҳол ҷойи ин ҳаяҷонро ифтихору ғурур иваз намуд. Дарк кардам, ки танҳо дар мамлакати мо – Ӯзбекистони Нав сарвари давлат ба як духтари деҳаи дурдаст чунин ғамхориву таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Аз бахтам болидаву шоду мамнун аз назди он кас дур шудам ва худро ба миёни дугонаҳоям задам, – мегӯяд бо табассуми хос Шабнам Адҳамбекова.
– Чӣ гуна тавсия ба ин мукофот ба вуқӯъ пайваст ва чӣ гуна донистӣ, ки соҳиби мукофот шудаӣ?
– Чанде муқаддам ба гирифтани нишони сарисинагии “30-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон” сазовор шуда будам. Аммо дар гӯшаи хаёлам гирифтани чунин мукофот аз дасти Президентро надоштам. Ба ягон ҷо ҳуҷҷате ҳам насупоридаам. Фикр мекунам, ки ин тасмими Агентии кор бо ҷавонон ва ҳокимияти вилоят аст, ки чанде пеш намояндагони он ба Сӯх омада, ҷараёни кору фаъолиятамро омӯхта рафтаанд. Баъди интишори Фармони Президент маро огоҳ карданд, ки зуд омодагӣ гирам, зеро ба пойтахт сафар хоҳам кард. Суръати ин холу хат ончунон тез буд, ки ҳатто ман андак осемасар шудам, – посух медиҳад ҳамсуҳбатам.
Шабнам Адҳамбекова тазаккур дод, ки бори нахуст дар чунин анҷумани бонуфуз ширкат дошт ва бевосита суханронии Президенти мамлакатро рӯ ба рӯ нишаста гӯш карду завқ бурд.
– Шавкат Миромонович зимни хондани маърӯза кӯшиш мекарданд, ки бо ҳарфҳои оддиву сода ба мо, ҷавонон фикру зикри худро фаҳмонанд. Ба гуфтаи сарвари давлат вохӯрӣ бо мо ва шунидани таклифу ташаббусҳоямон ба он кас ҳамеша шоду ифтихор мебахшидааст ва майлу ҳаваси мо ба он кас нерӯву тавон мебахшидааст. Ин ҳарфҳоро бо гӯши сар шунида, бори дигар дарк намудам, ки Ӯзбекистони Нав бо Президенти худ то чӣ андоза тағйир ёфтаасту ба сӯйи фатҳи қуллаҳои нав ба нав пеш меравад. Боз он кас моро соҳибони қудрати бузург арзёбӣ карданд, ки ҳамаи дидаҳову шунидаҳоямро ба ноҳияи Сӯх баргашта, ба ҷавонон нақл мекунам, – изҳор медорад Шабнам Адҳамбекова.
Зимни суҳбат Шабнам аз ҳаёт ва кору фаъолияташ ёдовар шуд. Ба гуфтаи ӯ, баъди хатми мактаби рақами 17 ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Фарғона супурд ва аз имтиҳонҳо бомуваффақият гузашт.
– Ҳамеша кӯшиш мекардам, ки забонҳои русиву англисиро хуб донам. Барои ҳамин солҳои донишҷӯӣ яке аз ҳадафҳои асосиам ба хубӣ омӯхтани ҳамин ду забон буд. Ҳоло ба забонҳои русиву англисӣ озодона ҳарф мезанам. Ҳатто дар кӯдакистони хусусие, ки бо сайъ ва эҳтимоми худ дар деҳаамон ташкил намудам, кӯдакон ғайр аз забонҳои модарӣ ва давлатӣ, инчунин ҳамин ду забон – русиву англисиро меомӯзанд, – мегӯяд Шабнам Адҳамбекова.
Маълум шуд, ки баъди анҷоми таҳсил ба далели кӯдаки ширхора доштан ду солро дар бекорӣ гузаронидааст. Аммо дар хона нишаста, ба такмили касбу кори пешаи худ – омӯзгорӣ сахт камари ҳиммат бастааст. Вақташро ҳамзамон ба омӯхтани забонҳои русиву англисӣ сарф намудааст.
– Солҳои 2019-2021 дар мактабе бо устодону ҳамкорони худ фаъолиятамро оғоз намудам, ки таҳсил кардааму сарчашмаҳои аввалини илму донишро омӯхтаам. Баъд дар сарам ғояи ташкил намудани кӯдакистони хусусӣ пайдо шуд. Зеро, дар кишварамон солҳои охир садҳову ҳазорҳо кӯдакистонҳои хусусӣ ба фаъолият шурӯъ менамоянд. Ин фикрамро ба падарам баён кардам ва он касро розӣ кардам, ки аз ӯҳдаи ин кор бо сарбаландӣ мебароям. Бобоям – Адҳамбек, ки маро хеле дӯст медоранд, ба падарам бо исрор гуфтанд, ки ба пеши корҳои ман монеа нашаванд, баръакс дасти кумак дароз кунанд, – иброз намуд ҳамсуҳбатам.
Ногуфта намонад, ки бародари Шабнам – Шоҳинбек ҳоло ба соҳибкорӣ машғул аст, аз рӯзи аввали пайдо шудани ғояи ташкилкунии кӯдакистони хусусӣ ба ҳамширааш гуфтааст, ки дар ин кор бо вай ҳамрайъ мебошад ва ҳар кори аз дасташ омадаро ҳаргиз дареғ намедорад.
– Ҳоло дар кӯдакистони ғайридавлатии “Happy kids academy” 30 нафар фарзандони аҳли деҳ фаро гирифта шудаанд. Чаҳор нафар ба корҳои омӯзишу парвариши кӯдакон машғуланд. “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” гуфтаанд донишмандон. Гузашта аз ин, дар шароити кунунӣ бидуни донистани забонҳои русиву англисӣ кас наметавонад ба ҳадафҳои худ бирасад. Маҳз барои ҳамин кӯдакистони мо дар ин самт аллакай корҳои назаррасеро анҷом медиҳад, – қайд намуд Шабнам Адҳамбекова.
Маълум шуд, ки роҳбари кӯдакистони ғайридавлатии “Happy kids academy” дар мавриди фароҳам овардани ҷойи кор ва ба шуғл ҷалб намудани занону духтарони бекори деҳ низ саҳми босазо мегузорад. Вай мегӯяд, ҳанӯз нақшаҳои вай куллан амалӣ нашудаанд ва талош ба харҷ хоҳад дод, ки боз ҳам бештар ҷойҳои нави кор фароҳам оварад.
– Ба наздикӣ барои васеъ намудани кӯдакистон як бинои иловагӣ сохтем, ки маросими баҳрабардории он баргузор хоҳад шуд. Дар он сурат теъдоди кӯдакони мо ба 50 нафар расидаву боз се-чор нафар занону духтарони деҳ ба ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд. Чунин тарзи кор тақозои Президенти мамлакат мебошад, ки мо, ҷавонон бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва бар асоси пешниҳоди ғояҳои худ дар ин замина саҳми бештар хоҳем гузошт, – тавзеҳ дод Шабнам Адҳамбекова.
Ногуфта намонад, ки падару модари Шабнам – Ёсинбек Ҳомидов ва Ибохон Додоева низ аз аҳли маърифату зиё мебошанд. Ҳарду дар мактаби рақами 17 омӯзгор шуда кор мекунанд. Ҳамширааш – Шаҳло дар бемористони марказии ноҳия ҳамшираи шафқат аст ва дар барқарор шудани саломатии беморон саҳм мегузорад.
– Агар гӯям, ки ман яке аз духтарони хушбахти ин мамлакат ҳастам, ҳаргиз муболиға нахоҳам кард. Талошҳои ман аз тарафи Президент қадр карда шуд ва ман бо сари баланд ва ифтихори бузург ба деҳа бармегардам. Ин ба гуфтан осон аст! Ба ҷавонзанони дигар низ гуфтаниам, ки аз имконияту шароитҳое, ки Президент ва Ҳукумати ҷумҳурӣ фароҳам овардаанд, босамар истифода кунанд, аз мушкилиҳо наҳаросанд. Зеро ҳамагӣ чанд сол муқаддам дасту дилам аз корҳои зиёд сард шуда буд. Аммо ба по хестаму кӯшиш кардам, ки тавассути қудрату тавоноии худ ба мақсадҳои наҷиби худ мерасам! – таъкид варзид Шабнам Адҳамбекова.
– Президенти мамлакатамон аз минбари баланд эълон карданд, ки теъдоди имтиёзҳои ҷавонони шомили «дафтари ҷавонон» аз 11 ба 25 афзоиш дода мешавад. Боз ҷавононе, ки дар соҳаи овозхонии мақом, мусиқанавозони фортепиано ба таҳсилоти миёнаи махсус ва олӣ ҷалб мегарданд, бидуни пардохти ҳақи шартнома таҳсил мекунанд. Аз Тошканд баргашта, ба ҷавонони соҳибистеъдоди деҳаам тарғибу ташвиқ мекунам, ки аз ин имкониятҳои фаровон пурсамар баҳра баранд, – тазаккур дод Шабнам Адҳамбекова.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.