Ҳамкорӣ бо Туркия дар соҳаи ҳукумати электронӣ ва рақамигардонӣ таҳким меёбад

Байни Вазорати оид ба рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия ва Идораи оид ба трансформатсияи рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Туркия муоҳида дар соҳаи ҳукумати электронӣ ва иқтисодиёти рақамӣ таҳия шуда буд.

26 январи соли ҷорӣ ба мақсади тезондани кор оид ба имзои муоҳида бо ҷониби Туркия муҳокимаи онлайнии лоиҳаи ҳуҷҷат гузаронда шуд. Дар рафти он гуфтушунидҳо оид ба муайян намудани самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ сурат гирифт.

Ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки саъю кӯшишро оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи технологияи интеллекти сунъӣ, ҳукумати электронӣ ва тиҷорати электронӣ муттаҳид гардонанд.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: