Бастаи рӯзномаи “Овози тоҷик”-ро саҳифагардонӣ карда, дар он (аз 23 октябри соли 2021, № 84) “Шунидан кай бувад монанди дидан” ном мақолаи Мирасрор Аҳроровро дидаму мутолиа намудам.
Бастаи рӯзномаи “Овози тоҷик”-ро саҳифагардонӣ карда, дар он (аз 23 октябри соли 2021, № 84) “Шунидан кай бувад монанди дидан” ном мақолаи Мирасрор Аҳроровро дидаму мутолиа намудам. Муаллиф менависад, ки “ин сафари матбуотии журналистони маҳалливу хориҷӣ ба вилояти Навоиро Вазорати туризм ва варзиши ҷумҳурӣ ташкил кардааст. Мувофиқи барномаи сафар мо бештар аз минтақаҳое боздид мекардем, ки мутааллиқ ба соҳаи экотуризм мебошанд. Сафар ба ноҳияи Нурато низ маҳз бо ҳамин мақсад анҷом дода шуд”. Ин ҷо бояд гуфт, ки “сафар ба ноҳияи Нурато” не, балки ба шаҳри Нурато бошад. Ҳатто “бо маъзарати ҷонишини ҳокими вилоят, сардори садорати туризм ва варзиш Саъдулло Мирзоев” аз Деҳи Баланд, ки сари роҳ буд боздид накардаанд. Деҳи Баланд қаряи бузургест, ки нисбати шаҳрҳои Нурато ва Ғазғон дар баландӣ воқеъ буда, дорои таърихи қадим ва табиати дилнишин аст. Аҳолии ин деҳаи бузургу қашангро низ як чашма бо оби ошомиданӣ таъмин мекунад. Аҳолии муқимӣ тоҷикзабонанд. Ёдгориҳои зиёди таърихӣ дорад. Ин ҷо паҳлуи теппагие қабрҳои рамзии Имом Ҳасан ва Имом Ҳусайн бунёд шудаанд, ки ҳар рӯз садҳо нафар сайёҳон зиёрат мекунанд. Қабрҳо дар хонаҳои алоҳида ҷойгузинанд. Имом Ҳасан ва Имом Ҳусайн фарзандони Ҳазрати Алӣ (к. в.) ва духтари Паёмбарамон Муҳаммад алайҳиссалом Фотима (р. а.) мебошанд. Дар ноҳияи Нурато, ки асосан дар бағали кӯҳҳо ҷойгир аст, зиёданд чунин манзилу маконҳои зиёратӣ...
Нурато шаҳрест куҳану ҳамешаҷавон. Солҳои истиқлолият шаҳр тарҳи нави зебо ба худ гирифт ва рӯз аз рӯз сабзу хуррам ва дилкашу гуворо мегардад. Маҷмӯаи “Чашма” (на “Чашмаи Нур” – Ӯ. Р.) пурра тармим ёфт. Назди он меҳмонхонаҳои замонавӣ бунёд ёфтаанд. Кабудизоркунӣ ва бунёди боғи истироҳатӣ манзараи атрофи маҷмӯаи Чашмаро боз ҳам пуртароват намудааст.
Бахтиёр Ширинқулов, муаллими таърихи мактаби таҳсилоти умумии рақами 49 гуфтааст, ки “сокинони нӯҳ деҳи ноҳияро мардуми тоҷиктабор ташкил мекунанд. Дар мактаби ин деҳаҳо таҳсил ба забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст”. Камина сокини ҳамин ноҳияам. Дақиқ медонам, ки ноҳия панҷ деҳаи тоҷикнишин дорад ва дар панҷ мактаб таҳсил ба забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст. Синтоб ду мактаб дораду дар Симбулоқ филиали мактаби № 43 амал мекунад. Хуб медонам, ки дар ҳудуди ноҳия нӯҳто манзили мардуми тоҷиктабор мавҷуд аст. Ҳарчанд бошандагони бумии шаҳрҳои Нуратову Ғазғон ва деҳоти сернуфуси Деҳи Баланду Мазор ба забони тоҷикӣ дар хонаву кӯча, дохили муассисаҳои таълимии томактабиву мактабӣ ба забони тоҷикӣ ҳарф мезананд, ба забони ӯзбекӣ ва ё русӣ таълим мегиранд. Танҳо ҷараёни дарс ҳинни суолу ҷавоб бо муаллим ба ин забонҳо гуфтугӯ мекунанд. Хонандагон байни ҳам дар ҷараёни дарс ба забони тоҷикӣ муошират мекунанд.
“Дарвоқеъ, табиати пурасрори ин гӯшаи табиат хеле зебо ва дилпазир буд. Ба гуфтаи мардуми маҳаллӣ оби чашма (дар ҳамаи сарчашмаҳои таърихӣ ва забони мардуми маҳаллӣ ин макон Чашма ном дорад, бояд бо ҳарфи калон навишта шавад – Ӯ. Р.) дорои фосфор мебошад ва он хусусияти дармонбахшӣ дорад. Дар оби чашма моҳиҳои зиёд шино мекарданд”– навиштааст муаллиф. Дар ҳақиқат Нурато манзилест мафтункор. Табиате дорад рӯҳафзо. Чашмае дорад обаш шифобахш. Аз қадим ба ин шаҳр таваҷҷуҳи хоса доранд мардум. Ва имрӯз низ аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ, ҷумҳуриҳои ҳамсоя, Эрону Афғонистон, Амрикову Фаронса ва дигар мамлакатҳо мардуми бешумор Нураторо зиёрат мекунанд. Мардум ба оби Чашма эътиқоди қавӣ доранд. Дар рисолаи “Дар баёни вилояти Нур ва Чашмаи он”, ки ба асри XI нисбат дорад, омадааст:
Ҳар кас, ки ба Нур ояд, бар суд,
Аз оташи дӯзах тани ӯ озод
шавад.
Гар ғусл кунад ба оби Чашма
як бор,
Резад гунаҳаш, аз гунаҳ дур
шавад.
Ё худ дар ҳамин рисола замини Нурро ба боғи пурмеваи ҷаннат ташбеҳ додаанд: Замини Нур зи хулди барин нишон дорад.
Чашма муҳимтарин зиёратгоҳи Нурато аст. Аз шаҳодати байтҳои боло ҳувайдо, ки оби онро муқаддас ва шифобахш медонанд. Ба Чашма зиёда таваҷҷуҳ доранд зиёратчиён. Омӯзиши таркиби оби Чашма дар соли 1913 аз ҷониби академик А. Димо оғоз ёфтааст. Ӯ ҳашт намуд моддаи шифобахши таркиби оби Чашмаро муайян кардааст. Доктори илмҳои геология-минералогия, профессор Н. А. Кенесерин дар таркиби оби Чашма мавҷуд будани микроэлементҳои ба саломатии инсон манфиатдорро собит намудааст. То ба ҳол сездаҳ намуди чунин микроэлементҳо ошкор гаштааст.
Дарк кардан мушкил аст, сардори Садорати туризм ва варзиши вилояти Навоӣ Саъдулло Мирзоев аз таърихи Нурато ва Чашмаи он то куҷо огоҳӣ дорад, бо хондани мақола дарк кардам, ки ӯ ба рӯзноманигорон баъзан маълумоти носаҳеҳ додааст. “Моҳии чашмаи Нурато дар дарёҳои кӯҳӣ низ вомехӯрдааст ва ба забони илм онҳоро ширхӯрон мегуфтаанд”. Ошкор нест, кадом дарёҳои кӯҳӣ? Дар шаҳри Нурато ва атрофи он дарё вуҷуд надорад. Баъдан, чунин моҳиҳо дар чашмаҳои Деҳи Баланд ва Ғазғон вомехӯранд. Гумон меравад, ки ин чашмаҳо аз зери замин бо ҳам пайвандӣ доранд.
Моҳиҳои Чашмаро касе “ширхӯрон” нагуфта ва наномидааст. Моҳии Чашмаро “ширмоҳӣ” (маринка) мегӯянд. (Дар ин хусус Суюндик Мустафо Нуратоӣ дар «Табаррук нурли Нурота». Т., 2015, саҳ. 132-133.) муфассал ҳарф задааст).
Ҳазор сол муқаддам муаррих Абӯбакр Наршахӣ навиштааст: “...Нур ҷойи бузургон аст ва дар вай масҷиди ҷомеъ аст ва работ (мусофирхона)-и бисёр дорад. Ва ҳар соле мардумони Бухоро ва ҷойи дигар ба зиёрати ин ҷо раванд... Ва касе, ки ба зиёрати Нур равад, фазилати ҳаҷ дорад ...” (“Таърихи Бухоро“, Д., 1979, саҳ. 15 ). Дар ҳақиқат имрӯз назди Чашма ду масҷид вуҷуд дорад: яке масҷиди ҷомеъ, ки аз он Наршахӣ ёдовар шудааст, масҷиди “Чилсутун” меноманд ва дигаре масҷиди “Панҷвақта” мебошад. Мирасрор Аҳроров аз роҳбалади худ маълумоте ба ин зайл пайдо кардааст. Ӯ менависад: “Ин масҷид (масҷиди ”Чилсутун” – Ӯ.Р.) дар асри 9 сохта шуда, дар асри 16, ки ба замони салтанати Амир Темур рост меояд, аз нав эҳё гардидааст”. Бешубҳа, масҷиди “Чилсутун” куҳантарин масҷид аст дар Нурато, вале қисмати дувуми ҷумла ба ҳақиқати таърих созгор нест. Солҳои ҳаёти Амир Темур солҳои 1336 – 1405 буда, мутобиқ аст ба асрҳои 14 ва аввали асри 15. Охири асри 15, дақиқтар соли 1500 салтанати темуриён аз байн рафта, шайбониёни дашти Қипчоқ Мовароуннаҳрро истило карда, ҳукмрониро ба даст гирифта буданд. Мувофиқи маълумоти манбаъҳои таърихӣ масҷиди ҷомеъи “Чилсутун” дар аҳди Абдуллохон аз нав бунёд гардидааст. Масҷид бори сеюм солҳои 1907-1912 бо ташаббус ва маблағи маорифпарвари машҳури нуратоӣ Эшони Судур – Турсунхӯҷа Эшонхӯҷа (1872-1936) тармим ва таъмир ёфтааст.Солҳои истиқлолият масҷиди”Чилсутун” аз нав тармим ва таъмир ёфта намуди имрӯзаашро гирифтааст.
Муаллиф таъкид мекунад, ки “Ин масҷид (масҷиди “Панҷвақта” – Ӯ. Р.) дар солҳои 1570-1582 сохта шудааст. Маълум аст, ки сохтмони масҷид бо фармони амири Бухоро Абдуллои 2 оғоз шудааст”. Мо ин ҷо на ба мазмун ва маънои ҷумлаҳо, балки ба моҳияти ибораи “амири Бухоро” эътироз дорем. Шайбониён аз қавми муғул буданд ва онҳо давлати худро на аморати Бухоро, балки хонигарии Бухоро эълон доштаанд. Сулолаи манғитиҳо, ки худро аз қавми муғул намепиндоштанд, дар соли 1613 ҳокимиятро дар Бухоро ба даст дароварда, давлати худро дар муқобили хони аморати Бухоро эълон кардаанд.
“Ба мо гуфтанд, – навиштааст М. Аҳроров, – ки мақбараи Нур Ота низ ин ҷо воқеъ гаштааст. Тибқи ривоятҳое, ки то кунун омадаанд, пас аз шунидани муъҷизаҳои чашма дар асри 9 шайх Аҳмад ибни Муҳаммад Абдул Ҳасан, воиз (воизи ислом) аз Бухоро ба ҳайси таблиғгари ислом ташриф фармудааст”.
Ҳа, дар соҳили рости Чашма мақбараи мумтози Абулҳасани Нурӣ қомат афрохта. Дар санги сари қабр катибае кандакорӣ ёфтааст, ки бо матлаи зер оғоз ёфта:
Хоҷаи Нурӣ, ки зи анвори вай,
Гашт мунаввар ба ҷаҳон нури
дин...
Ин ҷо ибораи “мақбараи Нур Ота” низ баҳсталаб аст. Дар Нурато шахси таърихӣ бо номи Нур набудааст ва чунин шахси таърихиро дар ягон сарчашма дучор накардаем. Дин маърифат аст. Ибораи “нури дин” ба маънои нури маърифат аст. Абулҳасан шахси бомаърифати замони худ буд. Ӯ аз аҳли тасаввуф, аз Ироқ аст. Таълимоти илми тасаввуфро аз Сарии Сақатӣ омӯхтааст. Абдураҳмони Ҷомӣ Абулҳасани Нуриро «... ягонаи вақт, ӯро амир-ал-қулуб ва қамар-ул суфия” хонда бошад, Алишери Навоӣ чун “музайин” ва “наҷҷори хуб” ном бурдааст. Вазифа ва мақсади шайхҳо тарғиб ва ташвиқи дини мубини ислом буд. Овардани як таъкиди Мавлоно Ҷомӣ ба маврид аст: «Нурӣ бо нури фасоҳаташ аз асрори ботин хабар додӣ, ӯро сумма буд дар саҳро, ки ҳама шаб он ҷо намоз кардӣ, халқ ба он ҷо наздик шудандӣ, диданд, ки нур аз он ҷо медурахшид ба боло”.
Мегӯянд, ки об рӯшноӣ аст. Оби Чашмаи Нурато аз микроэлемент ва таркибҳои кимиёвӣ ғанӣ аст. Оби Чашма аз худ нур истихроҷ мекунад. Ин ҳодисаи воқеӣ аст. Моҳҳои май-июни соли 2004 ба нурафкании оби Чашмаи Нурато мардуми маҳаллӣ ва сайёҳони зиёд шоҳид шудаанд. Дар ин хусус нигаред ба асари дар боло зикршудаи Суюндик Мустафо Нуатоӣ. (саҳ.133.) Ин макон маҳз туфайли оби Чашма Нур ном гирифта, баъдан Нурато гуфтаанд ва имрӯз Нурота меноманд. Мафҳуми “Нурота” пас аз солҳои сиюми асри гузашта ба миён омадааст, ки то ин вақт дар ягон сарчашмаи хаттӣ дучор намешавад.
Ҳақ бар ҷониби Мирасрор Аҳроров аст, ки гуфта: “шунидан кай бувад монанди дидан”. Баъзан гуфторҳои беасос муаллифон ва мардумро ба иштибоҳ меандозанд.
Ӯзбакбойи РАҲМОН,
ноҳияи Нуратои
вилояти Навоӣ.