Пешниҳодҳо оид ба васеъ гардондани имкониятҳо дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуданд

  • Пешниҳодҳо оид ба васеъ гардондани имкониятҳо дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуданд
  • Пешниҳодҳо оид ба васеъ гардондани имкониятҳо дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуданд
  • Пешниҳодҳо оид ба васеъ гардондани имкониятҳо дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуданд
  • Пешниҳодҳо оид ба васеъ гардондани имкониятҳо дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуданд

Президент Шавкат Мирзиёев бо муаррифӣ оид ба зиёд намудани ҷараёни сайёҳон ва густариши сайёҳии дохилӣ шинос шуд.

Кишвари мо пур аз мавзеъҳои ҷолиби диққати  таърихӣ, фарҳангӣ ва табиӣ мебошад. Татбиқи ҳамаҷонибаи иқтидори онҳо ба афзоиши шумораи сайёҳони хориҷӣ ва сафарҳои онҳо ба кишвари мо тамоми сол такон хоҳад бахшид. Бо ин мақсад бо супориши Президент ҷиҳати истифодаи самараноки имкониятҳои сайёҳӣ тадбирҳо таҳия гардиданд.

Ҳамин тариқ, дар 12 ноҳия ва шаҳр барои сайёҳон ҷолибтарин марказҳои сайёҳӣ таъсис дода мешавад. Ин марказҳо бо тарабхонаҳо, қаҳвахонаҳо, муассисаҳои тандурустӣ ва ҳавзҳои шиноварӣ шабонарӯзӣ фаъолият хоҳанд кард.

Дар минтақаҳои курортии “Зомин”, “Чимгон”, “Амирсой” ва дигар маҷмӯъҳои фароғатӣ мағозаҳои брендҳои байналмилалӣ, матоъҳои миллии абрешимӣ, сувенирҳо, маҳсулоти заргарӣ ва бари тилло ташкил карда мешаванд. Барои ноил шудан ба ин пешбинӣ шудааст, ки то 1 январи соли 2027 ставкаи андози замин ва молу мулки соҳибкороне, ки дар марказҳои сайёҳӣ фаъолият мекунанд, 90 фоиз кам карда, то 1 марти соли 2026 таҷҳизот ва технологияҳои барои истеҳсоли ҷавоҳирот ва маҳсулоти заргарӣ  зарурӣ аз боҷҳои гумрукӣ озод карда шаванд.

Инчунин, аз соли ҷорӣ сар карда, барномаи “Боз як рӯз дар Ӯзбекистон” татбиқ хоҳад шуд. Он ташкил намудани «ҳалқаҳои сайёҳии ҷумҳуриявӣ»-ро пешбинӣ менамояд, ки объектҳои сайёҳии вилоятҳо ва «ҳалқаҳои туристии минтақавӣ»-и байни ноҳияҳо ва шаҳрҳоро мепайванданд. Кумитаи туризм Феҳристи ягонаи маршрутҳои туристиро пеш мебарад.

Татбиқи барномаи «Саёҳат дар ҳар фасл» ба нақша гирифта шудааст. Дар доираи он чорабиниҳо оид ба рушди туризми экологӣ, экстремалӣ, табобатӣ ва солимгардонӣ дар фасли баҳору тирамоҳ, туризми обию курортӣ дар тобистон, экстремалӣ ва лижаронӣ дар фасли зимистон амалӣ карда мешаванд. Дар ифтитоҳи мавсими туристӣ фестивалҳо баргузор мешаванд.

Дар ҳар ду сол дар моҳи май Ҳафтаи байналмилалии мӯди “Матоъҳои абрешими Ӯзбекистон” бо фонди ҷоизавии 2 миллион доллар баргузор мешавад.

Бо мақсади тарғиби иқтидори сайёҳии кишвари мо дар хориҷи кишвар институти «сафирони сайёҳӣ»-и Кумитаи сайёҳӣ ҷорӣ карда мешавад.

Оид ба дастгирии ҳунармандон, рушди туризми тиббӣ, ҷорӣ кардани таҷрибаи байналмилалӣ дар таълими сайёҳӣ чораҳо андешида хоҳанд шуд.

Барои бунёди кемпингҳо, юртаҳо, экохонаҳо ва хостелҳо, ҳавзҳои шиноварӣ дар меҳмонхонаҳо ҷудо кардани қарзҳои имтиёзнок пешбинӣ шудааст. Бо мақсади дастгирии соҳибкорон таҷҳизот ва ҷиҳозҳои меҳмонхонаҳо ва марказҳои савдо, ҳавзҳои шиноварӣ ва аквапаркҳо ба мӯҳлати 2 сол аз пардохти боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.

Сарвари давлат ин пешниҳодҳоро пазируфта, ҷиҳати рушди минбаъдаи сайёҳии экологӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои сафарҳои маъюбон дастурҳо дод.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: