65 СОЛ БОЗ МЕХОНАМУ МЕНАВИСАМ

Ман бо «Овози тоҷик» аз соли 1957 то ҳол ошноӣ дорам ва онро дӯст медорам.

Мунтазам мехонам. Аз муаллифони доимӣ  ва тарғибгари он ҳастам. Бо бисёр адибону рӯзноманигорон тавассути ҳамин рӯзнома ошноӣ пайдо карда, дӯст шудаам. Нусхаҳои нодири рӯзнома дар бойгонии ман маҳфузанд. Аз соли 1958 то имрӯз бештар аз 500 номгӯй хабар, мақола, гузориш, мусоҳиба, тақриз, китобнома, саҳифаҳои махсус, осори бадеӣ ва тарҷумаҳоям дар саҳифаҳои он  нашр шудаанд. Дар бораи фаъолияти корӣ, ҷамъиятӣ ва эҷодии банда дар рӯзномаи мазкур зиёда аз 150 хабар, лавҳа, гузориш, тақриз ба китобҳоям  ва  фотосуратҳо нашр  шудаанд.
Ба нашри нахустин шумораи рӯзномаи маҳбуби мо моҳи августи соли равон расо 100 сол пур мешавад. Ба ҳамин муносибат хостам, ёддоштҳоямро вобаста ба он барои хонандагони «Овози тоҷик» ҳикоя намоям.
ОШНО

Ҳанӯз замоне, ки дар синфи панҷуми мактаби миёнаи рақами 21-уми ноҳияи Самарқанд таҳсил мекардам, барои газетаҳои девории мактаб шеъру мақолачаҳои хурд менавиштам. Баъд бо ҳидояти омӯзгорони забон ва адабиёт Босит Ҳамроев ва Ҳалим Одилов ба навиштани хабарҳо аз ҳаёти мактаб барои рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» ҷуръат намудам.  
Ногуфта намонад, ки  ҳамон солҳо ва ҳатто то соли 1991, яъне то пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ рӯзнома, маҷалла ва китобҳое, ки дар Тоҷикистон нашр мегардиданд, дар Ӯзбекистон низ васеъ паҳн шуда, муштариёни зиёде ҳам доштанд. Аз ҷумла, ба мактаби мо ҳам чандин номгӯй рӯзнома ва маҷаллаҳои Тоҷикистон меомаданд. Муштариёни «Пионери Тоҷикистон» ҳам бисёр буданд. Аз ин рӯ, нашри ҳамон хабарчаҳои ман байни хонандагон ва муаллимони мактаб ба зудӣ овоза мешуд. Барои мақолаи «Китобро ҳама хонд», ки баъди қироати қиссаи Сотим Улуғзода «Субҳи ҷавонии мо» навишта будам, ба ман аз идораи рӯзнома ҳамчун туҳфа як даста китобҳои бадеӣ фиристода буданд.
Иртиботи ман бо рӯзномаи «Ӯзбекистони сурх» («Овози тоҷик») танҳо вақте дар синфи даҳум таҳсил мекардам, яъне аз соли 1957 оғоз ёфт.
Тобистони соли 1957 мактаби миёнаро хатм кардам. Бинобар он ки бародарам дар сафи армия хидмат мекарду дар оила ғайр аз ман ба падару модар парасторе набуд,  ба мактаби олӣ нарафта, дар хоҷагии ҷамоавӣ (онро «колхоз» мегуфтанд) ҳисобчии бригада ва хаткашон шуда кор кардам. Аз сабаби он ки муштариён ба рӯзномаю маҷаллаҳо хеле бисёр буд ва барилова аз ҳар куҷо мактубу барқия (телеграмма)-ҳои бисёре меомад, баъд тамоман бо хаткашонӣ банд шудам. 
Шуъбаи алоқаи мо ба унвони  шӯрои қишлоқ – Даштакиболо номида шуда,  ба 12 деҳаи хоҷагии ҷамоавии «Ленин байроғи» хидмат мерасонд. Ҳар рӯз аз почтаи марказии шаҳри Самарқанд танҳо ба мо се-чаҳор халта рӯзномаю маҷалла ва қариб як халта мактубу барқия, баргаҳои пули нафақахӯрон, ҳаққи қалами хабарнигорон, пули алимент ва ғайра меомад. Мудири алоқа иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Аҳмадов ном як марди солхӯрда буд. Ғайр аз ман боз як иштирокчии ҶБВ хаткашони куҳансол Тошпӯлодамак Юнусов кор мекард. Намедонам барои чӣ ӯро Офаринамак ном мебурданд. Ҳатто баъзеҳо номи аслии он касро намедонистанд. Мо музофоти хидматрасониро ба ду тақсим карда будем.  Тахминан аввалҳои моҳи октябр буд. Ман бо сумкаҳои пур дар ду шохи велосипед ва боғоҷмонак ба деҳаи Мӯлиён расида, газетаю журналҳои дахлдорро ба чойхона   доданӣ будам, ки як марди тануманди болоқад, ки дар тан шинели ҳарбӣ, лекин бе погон дошт, ба ман наздик шуда:
– Писар, ту хаткашон менамоӣ? «Ӯзбекистони сурх» дорӣ? – гуфта пурсид. Он вақт  «Ӯзбекистони сурх» дар як варақ (ду саҳифаи ҳаҷми ҳозира) ҳафтае 5 маротиба нашр мешуд.  
– Ҳа ҳаст, ҳозир аз почта овардам, – гуфтам баъди салому алейк.
– Канӣ, бинем дар ин шумора чӣ бошад?
Ман аз сумка нусхаеро аз ин газета гирифта додам. 
Ӯ ному насаби маро пурсид. 
– Қамаров Аслиддин, – гуфтам ман.
Вай бо завқ:
– Ман Қамариддин Шамсиев. Мо бо ту падару писар будаем-ку, – гӯён дубора завқ кард. Ман дар ҳамин «Ӯзбекистони сурх» кор мекунам. Аслан аз Самарқандам. Дар маҳаллаи Мӯлиён ҷиянҳоям ҳастанд. Ҳоло ба назди онҳо омадам...
Ман аз ин мулоқот бағоят хурсанд шудам. Охир корманди як рӯзномаи ҷумҳуриявӣ бо мани хаткашон ин қадар самимона мулоқот кард!
Бегоҳӣ ба падарам дар ин бора нақл кардам, падарам гуфтанд, ки он касро мешиносанд, иштирокчии ҷанг аст.
Ҳамин шуду ба ин газета муҳаббати ман бештар шуд. Акнун ба он тез-тез хабарҳо навишта меистодам. Баъзан бо имзои он Қ. Шамсиев, инчунин М. Васфӣ, Р. Норов номаҳо мегирифтам.
  
МАЪРАКАИ ОБУНА

Дар замони шӯравӣ обуна ба рӯзномаю журналҳо аз масъалаҳои муҳими сиёсати ҳизби коммунистӣ  ба шумор мерафт. Гарчи он вақт  қариб сари ҳар қадам дукон (киоск)-ҳои газетафурӯшӣ вуҷуд дошту даста-даста газетаю журналҳо ба фурӯш меомаданд, хурду калон – мактабхону донишҷӯй, омӯзгору коргар, хидматчию низомӣ – аксар  ба чандин рӯзномаю журнал  обуна мешуданд. 
Ин масъала ҳанӯз аз солҳои аввали қаробатам ба рӯзномаи «Ӯзбекистони сурх» дар маркази диққат қарор дошт. Дар ин хусус навиштаи ман бо номи «Ба газетаю журналҳо обуна мешаванд» ҳанӯз 1 декабри соли 1958 дар «Ӯзбекистони сурх» нашр шудааст. 
Мо ҳамчун тарғибгари рӯзномаи худамон ба корхонаҳо, мактабу муассисаҳо, хоҷагиҳои ҷамоавӣ рафта, бобати обуна корҳои тарғиботӣ мегузаронидем. Доир ба фаъолияти он корхона ё муассиса, мактабҳои олӣ ва ғайра саҳифа, лавҳаю очеркҳо таҳия карда мефиристодем. Дар ин ҷода мо бо Салим Кенҷа ва Рауф Маъруфӣ  ҳамкорӣ мекардем. Баъзан мудирони қабулхонаи ҷамъиятии газета Мӯъмин Фаттоев ва  сонитар Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода ба мо ҳамроҳӣ мекарданд.
Ташкил кардани маъракаҳои махсуси обуна низ ба зиммаи мо буд. Баъзан ба мо аз кормандони идора Қамариддин Шамсиев, Саъдулло Солеев, сонитар Ҷонибек Қувноқов, Маъруф Отахонзода, Муайяна Хоҷаева, хабарнигори вилоятӣ Акбар Усмонов ва дигар масъулон ҳамроҳ мешуданд. Дар ҷойҳо ҷамъомадҳои газетхононро ташкил мекардем. Теъдоди обуна аз ҳисоби  донишҷӯёну муаллимон ва коргарон меафзуд. Баъзе солҳо теъдоди обуначиёни «Ҳақиқати Ӯзбекистон» дар Самарқанд аз 6-7 ҳазор нафар мегузашт. 
Он солҳо Султоналӣ Исмоилзода ном марди фидоӣ мухбири махсуси рӯзнома дар водии Фарғона буд. Вай натанҳо хабарнигору тарғиботчии рӯзнома, балки  ғамхори тоҷикони ин минтақаи Ӯзбекистон буд. Баъди мақолаҳои мо доир ба шуъбаи тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд, ки  дар рӯзнома аввали солҳои 60-ум  чоп шуда буд, нахустин бор аз ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона ду нафар – Гадойбой Назарқулов ва Маҳмадалӣ Қамбаров ба шуъбаи рӯзонаи факултет дохил шуданд. Баъд натанҳо аз Сӯх, балки аз ноҳияҳои Риштон, Косонсой, Чуст, ки он замон дар ин ноҳияҳо мактабҳои тоҷикӣ бисёр буданд, ба донишгоҳ ҷавонон ва ҳатто як-ду нафар духтарон ҳам омаданд. Бо мақсади шинос шудан бо рафти таҳсили онҳо ва умуман фаъолияти Донишгоҳи Самарқанд Султоналӣ Исмоилзода ҳам ба Самарқанд омад. Баъди вохӯрӣ бо омӯзгорону донишҷӯён вай таклиф ба миён гузошт, ки аз хатмкардагони донишгоҳи мо як-ду нафар ба Фарғона раванд. Дар вилоят деҳаҳое ҳастанд, ки аҳолиашон ҳама тоҷик, вале мактабҳои тоҷикӣ надоранд, зеро муаллим нест.
Худи ҳамон сол аз хатмкардагони факултети мо Ҳасан Қудратуллоев, ки ҷавони ҳушёр ва эҷодкор ҳам буду ба газета хабару мақолаҳо навишта меистод, бо даъвати Султоналӣ Исмоилзода ба Фарғона рафт. Дар он ҷо яку якбора ташкил кардани мактабҳои тоҷикӣ ғайриимкон буд. Бо дархости мардум ва  дастгирии роҳбарони Вазорати таълими халқи Ӯзбекистон ба хонандагони мактаби деҳаи  Кафтархонаи ноҳияи Фарғона  ба ҷойи забони хориҷӣ забони форсӣ ҳамчун забони хориҷӣ омӯзонида шуд. Соли дигар мо – чаҳор нафар устодони донишгоҳ, дотсент Талъат Абдуҷабборов, омӯзгорон Самариддин Аслиддинов, Восеъ Қосимов ва ман  мувофиқи дастури таълимӣ барои ҷамъоварии маводи эҷодиёти даҳанакии халқ ва омӯхтани лаҳҷаи мардумӣ (фолклор ва диалектология) бо як гурӯҳ донишҷӯён ба хоҷагии ҷамоавии Сӯх рафтем.   
Мо бояд як моҳ дар ин ҷой меистодем. Султоналӣ Исмоилзода аз меҳмони диёри ӯ шуданамон хабар ёфта, баъди ягон ҳафта ба Сӯх омад. Ӯ як-ду рӯз дар ин ҷой бо мо монд, баъд ману Талъат Абдуҷабборовро ҳамроҳ гирифта ба чанд деҳаи тоҷикнишини вилоятҳои Фарғона, Намангон ва Андиҷон бурд. Мо дар Арсиф, Мӯён, Лоғон, Водил, Қувасойи Фарғона, Шукурмергани Андиҷон, Косонсой, Чуст, Ғавои Намангон барин ноҳия ва деҳаҳои водии Фарғона шуда, дар чанде аз ин деҳаҳо бо вуҷуди сад дар сад тоҷик будани аҳолӣ  набудани мактабҳои тоҷикиро донистем. Дар давоми ин сафари худ, ҳатто дар Учқӯрғон ном ноҳияи вилояти Ӯши Қирғизистон, ки дар ҳамсоягии ноҳияи Қувасой мебошад, зиндагӣ доштани тоҷикон ва дар он ҷо аз амал кардани чанд мактаби тоҷикӣ хабардор шудем. (Яке аз ҷонфидоёни фарҳангу маърифати тоҷик, донишманд, адиб ва журналисти номӣ Муҳсин Умарзода, ки дар «Овози тоҷик» чандин сол ҷонишини сармуҳаррир буд, аз  тоҷикони Учқӯрғони Қирғизистон маҳсуб меёфт). 
Дар бораи таассуроти сафар, вохӯриҳо бо мардум дар саҳифаҳои газета хабару лавҳаҳо чоп мешуданд. Баъди ин дар деҳоти мазкур якчанд мактаби тоҷикӣ кушода, ҳатто баъзе аз хатмкардагони ин мактабҳо дар донишгоҳи мо, инчунин мактабҳои олии Хуҷанду Душанбе таҳсил гирифта, соҳиби маълумоти олӣ шуданд ва ба деҳаи худ баргашта, омӯзгорӣ карданд. Лекин... сонитар, махсусан баъди вафоти нобаҳангоми Султоналӣ Исмоилзода ба худшиносии мардум дарз рафт ва таълим ба забони тоҷикӣ дар он мактабҳо низ пасу пеш барҳам хӯрд. Теъдоди рӯзномахонон низ сол аз сол кам шуда, ниҳоят ба дараҷаи нестӣ расид.


Соли 1964 чилсолагии нашри шумораи нахустини рӯзнома мутантан таҷлил шуд.  Минбаъд эътибори рӯзномаи мо дар байни омма хеле афзуд ва чанд муддат  «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (аз соли 1965 газета бо ин ном мебаромад) ҳафтае панҷ маротиба нашр мешуд. Эътибор ба мухбирони ҷамоатӣ ҳам  афзуд ва банда аз фаъолтарини онҳо  будам. Аз идора  ба номи  ман «Гувоҳнома»-и мухбири ҷамоатӣ навишта фиристоданд. Акнун барои навиштани хабару мақолаҳо бештар супоришҳо дода меистоданд, ба тадбирҳо даъват мекарданд.
Ман  ба ғайр аз кормандони собиқи рӯзнома Мардонқул Муҳаммадқулов,  Мирбарот Фозилов ва Қамариддин Шамсиев, мухбирони махсуси он дар вилояти Самарқанд Юсуф Юнусзода, Эргаш Бозоров (Садоӣ), Восеъ Қосимов, ки низ пештар шинос будам, акнун бо сармуҳаррир Шавкат Ниёзӣ, ҷонишини сармуҳаррир Муҳсин Умарзода, мудирони шуъбаҳо ва ходимони масъул Раҳматҷон Норов, Саъдулло Солеҳов, М. Васфӣ, М. Бобохонов, А. Исҳоқбоев, Ҷонибек Қувноқ, Акбар Усмонов, Ҳоҷиқурбон Ҳамидов, Юсуфалӣ Мирзоев, Тоҳир Олимбоев, Михаэл Бобохонов, Муҳаммад Шодӣ, Абдулло Субҳон, Тӯхтамиш Тӯхтаев, Тоҷибой Икромов, Шерпӯлод Вакилов, Эҳсон Турдиқулов, Бекназар Тӯйназаров, Матлуба Шоалиева, Гулҷаҳон Кабирова ошно шудам.  Инчунин бо кормандони радио Бенямин Калонтаров ва Миша Зеркиев  тавассути «Ҳақиқати Ӯзбекистон» («Овози тоҷик») шиносоӣ пайдо кардам. Минбаъд бо устодони донишгоҳ Талъат Абдуҷабборов, Раҳим Муқимов, Ботурхон Валихоҷаев, мухбирони рӯзнома дар вилояти Самарқанд Муайяна Хӯҷаева, Адаш Истад, Хурсанд Ҷумъа, Аҳрорқул Ҳамроқулов, Зоҳир Ҳасанзода, хабарнигорони ҷамоатӣ ва фаъолони рӯзнома Салим Кенҷа, Рауф Маъруфов, Аҳмадҷон Саъдиев, Бекназар Аҳмадов, Болта Ортиқов, Зоҳир Акрамов, Аслам Асроров, Насим Наимов, Абдулазиз Ҳошимов, Ҳасан Қудратуллоев дар таҳияи гузоришу мақола ва саҳифаҳо ҳамкорӣ кардам. 
Бо Журналисти шоистаи Ӯзбекистон Муайяна Хоҷаева, ки дар донишгоҳ шарикдарсам ва ҳамкорам дар радиои Самарқанд буду солҳо мудири шуъба ва чанд муддат мухбири махсуси рӯзномаи «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд  шуда кор кардааст, то ҳол хоҳару додарем. 
Ба сармуҳаррири кунунии «Овози тоҷик» Шерпӯлод Вакилов, Журналисти шоистаи Ӯзбекистон Маъруф Отахонзода, рӯзноманигорон Хӯҷамурод ва Султонмурод Қӯлдошевҳо (руҳашон шод бод), Ҳисомиддин Абдувалиев,  Абдусалом Самадов, Адаш Истад, Тӯхтамиш Боқиев, Зафар Сӯфӣ, Зоҳир Ҳасанзода, ки хатмкардагони Донишгоҳи давлатии Самарқанд мебошанд ва  дар рӯзнома хизмат мекунанду  кардаанд, ҳаққи устодӣ дорам.
Ҳар сол дар мавсими маъракаи обуна, ки ба моҳҳои сентябр-ноябр рост меояд, кормандони идора ба вилоятҳо баромада, якҷо бо хабарнигорони вилоятӣ  Саъдулло Солиев, Акбар Усмонов ва мухбирони фаъол дар ҷойҳо бо газетхонон вохӯриҳо ташкил мекарданд. Вохӯриҳо дар мактабҳои олию миёна, корхонаю муассисаҳо, маҳаллаҳо ва хоҷагиҳои ҷамоатии  шаҳру ноҳияҳои  вилояти Самарқанд  хеле серодам мегузаштанд. Муштариён дар бораи ҳусну қубҳи маводи рӯзнома изҳори ақида мекарданд.
Дар чунин вохӯриҳо баъзан масъалаҳои забон ва услуб, нигориши матолиб низ баррасӣ мешуданд. 
Дарвоқеъ, мувофиқи талаботи ҳамон давру замон дар рӯзнома чоп шудани хабар ва ё мақолаҳои танқидӣ, аз ҷумла фелетон ва луқма, ки дар онҳо нуқсонҳои ҷамъият ва ё кирдукори шахсони  ҷудогона танқид ва ё ҳаҷв карда мешуданд, боиси афзудани шумораи муштариёни рӯзнома мегардиданд.
Ёд дорам, бо супориши идора мо як гурӯҳ мухбирони ҷамоатии рӯзнома дар ҳайати Салим Кенҷа, Бекназар Аҳмадов, Рауф Маъруфӣ ва муаллифи ин сатрҳо доир ба ҳолати  ҳаракати нақлиёти мусофиркашонӣ дар Самарқанд як рейди хоса ташкил карда, дар асоси маводи он таҳти унвони «Автобусҳо вайрон, роҳбарон ҳайрон» мақолаи калони танқидиро таҳия кардем, ки дар рӯзнома нашр шуд. Баъди нашри он мутасаддиёни мусофиркашонӣ, роҳбарони автобазаҳо низ «Ҳақиқати Ӯзбекистон»-ро шинохтанд ва кормандони худро ба он обуна мекардагӣ ҳам шуданд.
Дар боло ишора шуд, ки журналисти варзида Қамариддин Шамсиев маро бо Ҷонибек шиносонида, ба дӯстию бародарии мо асос гузошта буд. Минбаъд ман ҳар боре ба Тошканд равам, албатта ба идораи «Овози тоҷик» ва пеш аз ҳама,  ба утоқи Ҷонибек медаромадам. Ҷонибек ҳам ба Самарқанд ояд, албатта бо ман вохӯрда, мулоқот мекард ва мо бо маслиҳати дӯстон Муқимҷон Орифии Гулханӣ ва Латиф Раҳимов, ки дар идораи кумитаи ҳизбии шаҳри Самарқанд  кор мекард, ба ташкили обуна ва гузаронидани тадбирҳо ба ин муносибат ҳамроҳӣ мекардем. 
Бо гардиши айём баъди чанд сол ман хоҳарзодаи Қамариддин  Шамсиев будани  Шавкатҷонро, ки чандин сол раиси маҳаллаи Мӯлиёни қадим буду дар ташкили обуна ба «Овози тоҷик» саҳм мегузошт, донистам.
Ҳангоми дар сафари Амрико будан санъаткори самарқандӣ, хонандаи сурудҳои мақом Мардон Худойбердиев, ки аз деҳаи Тошлоқи деҳкадаи Боғи Майдони Самарқанд аст, иброз дошт, ки Қамариддин Шамсиев амаки ӯсту вай бо тарбияи маънавии амакаш донишгоҳи санъатро хатм кардааст.
Дар ташкили обуна ба «Овози тоҷик» баъзе маърифатпарварони равшанфикр аз ҳисоби маблағи пасандози худ саҳмгузорӣ ҳам мекарданд. Охири солҳои 80-ум, ки Иттиҳоди Шӯравӣ дар арафаи пошхӯрӣ қарор дошт, дар ҳаёти иқтисодии мамлакат душвориҳои зиёд ба миён омада буданд. Ҳарчанд бинобар нархи ҳамон давр қимати обуна ба  газета чандон гарон набуд, адади муштариён – обуначиён  хеле кост.  
Боре маърифатпарвари самарқандӣ Хуршед Маҳмудов  ном дӯсти наздики мо иброз дошт, ки  аз ҳисоби маблағи пасандози худ барои обунаи газетаи маҳбубаш ҳазор сӯм ҷудо мекунад. Он вақт нархи солонаи обуна барои «Ҳақиқати Ӯзбекистон»  4 сӯму 08 тин буд. Яъне ҳазор сӯм барои 250 нусха обунаи яксола мерасид. Марди саховатпеша ин маблағро ба суратҳисоби «Союзпечат» – идораи  тарғибу ташвиқ ва паҳн кардани матбуот гузаронд. 
Мутаассифона, тайи солҳои охир кам шудани теъдоди обуначиён ва пайваста ба  ин костани миқдори нашри он сабабҳо дорад.
Назар ба фикру мулоҳизаҳои аксар рӯзномахонон, бинобар бо суръат ривоҷ ёфтани воситаҳои нави ахбори электронӣ таваҷҷуҳ ба матбуоти нашрӣ костааст ва танҳо нашри маводи реклама, хабару мақолаҳои нишонрас, матолиби ахлоқиву тарбиявӣ, маслиҳатҳои муфид оид ба ҳифзи саломатӣ ва амсоли инҳо метавонанд эътибори онҳоро ҷалб кунанд.
Шукр, ки туфайли истиқлол ва фароҳам омадани имкониятҳои васеъ барои худтаъминкунӣ дар байни соҳибони корхонаҳои калон, ширкат ва фермерҳо, корхонаҳои хусусӣ миқдори давлатмандон сол аз сол зиёд шуда, адади супермаркету тӯйхона, шохобҳои сӯзишворию дорухонаҳо ва ғайра меафзоянд. Мардум маъракаву маросимҳои бодабдабаю сермасриф ташкил мекунанд, барои мошинҳои қиматбаҳояшон рақамҳои давлатиро бо маблағи гарон мехаранд. Умуман худнамоиҳои зиёд ба назар мерасанд. Вале, мутаассифона, нашунидем, ки давлатманде дар паҳлуи ҳамон супермаркет ё заправкааш, аққалан ягон дукони китоб ё китобхона сохта бошад, ё худ ба донишҷӯй ё мактабхоне китоб армуғон,  ба ягон муштарӣ барои обуна ба рӯзнома маблағ ҷудо карда бошад. Шояд ин гуна давлатмандони саховатпеша ва маърифатпарвар бошанд, лекин онҳоро пайдо кардан, ба дилашон роҳ ёфтан ҳам маҳорати хосаеро тақозо мекунад.
Ёд дорам, вақте бо чунин як масъала ба Муродҷонака – соҳиби як тарабхонаи на чандон калон, ки бо номи «Истаравшан» дар қарибии идораи «Овози тоҷик» вуҷуд дошт, муроҷиат карда будем. Он кас ҳамчун як маърифатпарвар саховатпешагӣ зоҳир карда буданд, ки ҳеч гоҳ аз хотир фаромӯш намешавад. Оре, чунин ашхос ҳастанд, бояд онҳоро пайдо кард ва ба дилашон шамъи маърифат  афрӯхта тавонист.
  
Аслиддин ҚАМАРЗОДА, Корманди шоистаи фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон, хабарнигори ҷамоатии «Овози тоҷик» 
аз соли 1963.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: