«Российская газета»: ӮЗБЕКИСТОН – МУҲАРРИКИ АСОСИИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Рӯзномаи машҳури «Российская газета» мақолаи директори Пажуҳишгоҳи тадқиқоти муносибатҳои байналхалқии иқтисодии Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Русия Виктория Перскаяро таҳти сарлавҳаи «Ӯзбекистон – муҳаррики асосии пешрафт ва шукуфоии минтақаи Осиёи Марказӣ» чоп кард.

Муаллиф дар мақола рушди кунунии Ӯзбекистонро аз тариқи нишондиҳандаи баённомаи молиявию маънавии ҳувияти инсон таҳлил мекунад.
«Роҳи нави ҷумҳурӣ – ин таъмин сохтани рушди муттасилу устувор мебошад, ки он бидуни татбиқ сохтани сиёсати пешбурди демократӣ ва баробарҳуқуқӣ, адолати иҷтимоиву ҳамдилӣ ғайриимкон аст», – менависад коршинос.
Таъкид мегардад, ки Сарқонуни моҳи апрели соли равон навшудаи мамлакат бунёди давлати инсонпарвари демократиеро, ки муттасил инкишоф меёбад ва бо тартиби адолатноки ҷамъиятӣ барои ҷомеаи ҷаҳон ошкорост, ҳамчунин рушди устувор ва дар оянда пешгӯишавандаро дар ҳамкории байналхалқӣ таъмин менамояд. Дар ин маврид аҳамияти тараққӣ додани бозори дохилӣ таъкид карда мешавад, ки ба рушди иқлими мусоиди сармоявӣ мусоидат хоҳад кард.
Муаллиф ба назари Ӯзбекистон нисбати инкишофи муносибатҳои байналхалқӣ бо давлатҳои ҳамсоя дар пояи ҳамкорӣ, дастгирии тарафайн, сулҳу салоҳ ва ҳамдилӣ эътибори махсус медиҳад.
«Ба тарзи дигар гӯем, сухан дар бораи ташаккул ёфтани консепсияи нави минтақасозӣ ва фароҳам овардани соҳати ягонаи геосиёсии Осиёи Марказӣ меравад, ки ченаки мушаххаси сиёсӣ ва иҷтимоӣ дорад, – гуфта мешавад дар мақола. – Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо ташаббуси ба минтақаи сулҳу салоҳ, рушди мустақим ва афзоиши некӯҳолии аҳолӣ табдил додани Осиёи Марказӣ баромад мекунад».
Таъкид мегардад, ки маҳз роҳбарияти мамлакат «муҳаррик»-и шаклҳои нави созмон додани соҳати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ гардид. Ин ба зиммаи ҷумҳурӣ ӯҳдадориҳои бузург мегузорад, талаботи нав, аз ҷумла рушди муттасил ва мустақими иқтисодиёти дохилӣ пеш гузошта мешавад.
Дар мақола муаллиф нишондиҳандаҳои макроиқтисодии пешрафти кунунии Ӯзбекистонро зикр карда, афзоиши савдои хориҷӣ ва ҳамкориҳои сармоявиро таъкид мекунад.
«Алҳол Ӯзбекистон бо кишварҳои ҳамсоя – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон муносибатҳои шарикии стратегиро муқаррар намуд, бо чанде аз онҳо ин шарикӣ то ба дараҷаи ҳампаймонӣ бардошта шуд», – қайд менамояд коршинос.
Самаранокии механизми Вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки соҳати мулоқоти ошкоро ва боэътимод, коркарди саъю кӯшишҳои ягона дар соҳаи рушди иқтисодиёти минтақавӣ ба шумор меравад, қайд карда мешавад.
Муаллиф ҳамчунин ба муносибати Ӯзбекистон бинобар ҷалби Афғонистон ба ҷараёнҳои минтақавии тиҷоративу иқтисодӣ эътибор додааст.
– Самти стратегии ҳамкориҳои минтақавӣ масъалаҳои ҳамкории тарафайн дар соҳаи амният боқӣ мемонанд. Ӯзбекистон дар ин самт муборизаро бо таҳдидҳои анъанавии экстремизм ва терроризм, ҷинояткории муташаккил ва хариду фурӯши нашъа, ҳамчунин киберҷинояткорӣ афзалиятнок мешуморад.
Ба ин маънӣ ба таклифи аз ҷониби Президенти Ӯзбекистон дар конфронси байналхалқии «Ҳамкории минтақавии байни давлатҳои Осиёи Марказӣ» пешниҳодшуда эътибор дода шудааст, ки дар байни онҳо дар минтақа кушодани идораи Раёсати зиддитеррористии СММ; даъвати Шӯрои ҷавонони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ барои баррасии масъалаҳои амнияти минтақавӣ; созмон додани Шабакаи ягонаи электронӣ оид ба кибертерроризм дар минтақа барои мубориза бо терроризм дар соҳати рақамӣ мавҷуданд.
Фикрҳои дар боло зикршударо хулоса карда, муаллиф таъкид менамояд, ки ташаббуси Ӯзбекистон бобати таҳкими шарикии боэътимоди кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби СММ ба сифати баённомаи махсуси Ассамблеяи генералӣ «Таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналхалқӣ бинобар таъмин сохтани сулҳу салоҳ, эътидол ва рушди устувор дар минтақаи Осиёи Марказӣ» дастгирӣ карда шуд.

АИ «Дунё»,
шаҳри МАСКАВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: