Номзадҳо ба мансаби Президенти Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданд

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон /КМИР/ номзадҳоро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли 2020 баргузор мегардад, ба қайд гирифт.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии  Тоҷикистон /КМИР/ номзадҳоро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли 2020 баргузор мегардад, ба қайд гирифт.
Мувофиқи моддаи 24-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Комиссияи марказӣ қарорҳои дахлдор дар бораи пешбарии номзадҳо аз ҷониби Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои қасабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ва Ҳизби демократии Тоҷикистон барои маълумот ворид гардида буданд.
Комиссияи марказӣ ҳуҷҷатҳои воридгардидаи номзадҳоро мувофиқи талаботи Конститутсия ва Қонуни конститутсионии болозикр мавриди омӯзиш қарор дода, номзадҳои ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Рустам Латифзода аз ҷониби Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Абдуҳалим Ғаффорзода аз ҷониби Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Рустам Раҳматзода аз ҷониби Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ва Мироҷ Абдуллоев аз ҷониби Ҳизби коммунистии Тоҷикистон пешбаригардидаро ба қайд гирифт.

АМИТ «Ховар».

Хатсайрҳои нави мошингард боз мешаванд
Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим 18 сентябри соли равон ҳайати намояндагони Вазорати нақлиёти  Ӯзбекистонро бо роҳбарии муовини аввали вазир Илҳом Маҳкамов ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, зимни мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаи нақлиёту роҳ мавриди баррасӣ қарор дода, баҳри густариши ҳамкориҳои минбаъда  мубодилаи афкор намуданд.
Дар мулоқот масоили интиқоли бемайлони бору мусофир миёни ду давлати дӯсту бародар баррасӣ гардиданд. Бахусус, масоили афзун намудани интиқоли бор миёни давлатҳо, ҳамкориҳо дар соҳаи роҳи оҳан ва кушодани ҳатсайрҳои нав дар роҳҳои автомобилгард низ мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт.
Азим Иброҳим гуфтааст, маълум аст, ки вазъи моҳҳои охир, даврони дар пандемия қарор доштани кулли ҷаҳон бори дигар моро муътақид сохт, ки  нақлиёти автомобилӣ дар рушди иқтисодиву иҷтимоии ҳар кишвар мавқеи хосса дорад.
— Аз ин хотир бояд дар густариши ҳамкориҳо дар ин самт низ боз ҳам бештар талош намоем, — таъкид доштааст вазир.
Ҷонибҳо баҳри пешравии ҳамкориҳо фикру дархостҳои судманд пешниҳод намуданд.

АИ «Asia-Plus».
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: