Шаҳрванди косонӣ барои ба хориҷа рафтан 81 миллион сӯм алимент дод

Тибқи аризаи қарздор дар бораи пешакӣ супурдани алимент ҳалномаи суд бароварда шуд.

Бо ҳукми суди байниноҳиявии ноҳияи Косони вилояти Қашқадарё аз 12 июни соли 2018 аз қарздор И.Д. ба ба фоидаи Д.Р.   барои 1 кӯдаки ноболиғи соли таваллудаш 2017 ба андозаи 1/6 қисми даромади умумии қарздор то синни 18-солагӣ алимент муайян карда мешавад.

 Падар пули алиментро сари вақт пардохта омадааст.

 Зимни гузаронидани чорабиниҳои маҷбурӣ И.Д.  изҳор доштааст, ки ҳадафи ба хориҷи кишвар рафтанро дорад, бо ариза дар бораи тағйир додани усул ва тартиби иҷрои санади судӣ ба суд муроҷиат кардааст.

Тибқи аризаи қарздор дар бораи пешакӣ додани алимент ҳалномаи суд бароварда шудааст.  Ба қарздор мувофиқи қонун алименти 5-сола -- 81 миллиону 100 ҳазор сӯм ҳисоб карда шуд.

 21 феврали соли равон маблағ пурра пардохта шуда, ба корти махсуси пластикии ситонанда гузаронида шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: