НАҚШАИ ҲАРАКАТҲОИ ФОРУМИ ГЛОБАЛӢ

Дар Маркази байналмилалии сайёҳии «Роҳи бузурги абрешим»-и Самарқанд форуми глобалӣ дар мавзӯи «Таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон» баргузор шуд.

Тадбир бо ташаббуси Маркази миллии ҳуқуқи инсон дар ҳамдастӣ бо Садорати Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон, Бюрои минтақавии Комиссари олӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ, Садорати комиссари олии СММ доир ба корҳои фирориён, ЮНИСЕФ, Бюрои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) доир ба институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон, идораи ҳамоҳангсози лоиҳаҳои САҲА дар Ӯзбекистон, Шӯрои Аврупо ва Фонди Фридрих Эберт ташкил гардид.
Дар форум аз давлатҳои гуногуни дунё мутахассисони соҳаи таълими ҳуқуқи инсон, органҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ, муассисаҳои ихтисосонидашудаи таълимӣ, ташкилотҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ, инчунин вакилони институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ, зиёда аз 120 нафар меҳмонони хориҷӣ иштирок намуданд.
Директори Маркази миллӣ доир ба ҳуқуқи инсон Акмал Саидов таклиф кард, ки форум таҳти шиори «Таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон: аз декларатсия то амалиёт» гузаронида шавад ва ин ташаббусро иштирокчиён дастгирӣ карданд.
Дар маросими кушодашавии форум видеомуроҷиати Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон Фолкер Тюрк, паёми табрикии иҷрокунандаи вазифаи Координатори доимии СММ дар Ӯзбекистон Мунир Мамедзода, инчунин, видеомуроҷиати раиси Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон, сафир Федерико Вилегас, табрики директори Бюрои САҲА доир ба институтҳои демократӣ ва ҳуқуқии инсон Маттео Мекаччи, видеомуроҷиати директори генералии Садорати ҳуқуқи инсон ва устувории қонун Гиякумопулос Христос шунида шуданд. Нутқи раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ – котиби иҷрогар Сергей Лебедевро муоивини раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ – котиби иҷроия Бекетжан Ҷумаханов хонд.
– Таълим дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон дар Ӯзбекистон яке аз самтҳои устувори сиёсати давлатӣ оид ба ташаккули маданияти ҳуқуқи инсон ба шумор меравад, – гуфт Акмал Саидов. – Аз ҷониби Олий Маҷлис дар соли 2019 қабул гардидани Барномаи ҳаракатҳои миллӣ оид ба татбиқи қоидаҳои декларатсияи СММ дар бораи таълим ва тарбия дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва аз рӯи иҷрои Дастури ҳаракатҳои миллӣ то моҳи декабри соли 2021 пурра иҷро гаштани вазифаҳои «Харитаи роҳ» инро баръало тасдиқ менамоянд.
Дар доираи форум дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд дарсҳои маҳорати «Таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон» ташкил гардид.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: