ӮЗБЕКИСТОН – ЯКУМ

Дар шаҳри Қӯқанд барои ҷоизаи Президенти Ӯзбекистон миёни писарону духтарони солҳои таваллудашон 2005-2006 мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштии камарбандӣ ба анҷом расид.

Дар он аз 20 кишвари ҷаҳон 182 варзишгар ширкат карданд. Онҳо  шарафи Русия, Муғулистон, Озарбойҷон, Белорус, Исроил, Гурҷистон, Ҳиндустон, Молдова, Руминия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро ҳимоя карданд. 
Дар 11 вазн писарон ва дар 7 вазн духтарон болои қолин баромаданд.
Аз рӯи натиҷаҳо Ӯзбекистон ҷойи 1-ум, Тоҷикистон – 2-юм ва Қирғизистон 3-юмро ишғол карданд. Варзишгарони вилояти Фарғона дар ин мусобиқаҳо 18 медалро ба даст оварданд.
Дар маросими ҷамъбастӣ ташкилотчиён ба ғолибони ҷойи якум дар ҳар як вазн медалҳо ва 5 миллион сӯмӣ, ба ҷойи дуюм 3 миллион сумӣ, ба ду ҷойи сеюм 2 миллион сӯмӣ, инчунин, диплому тӯҳфаҳои хотиравӣ супурданд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: