Лоиҳаҳо оид ба ҳифзи муҳити зист ва идоракунии партовҳо муаррифӣ шуданд

  • Лоиҳаҳо оид ба ҳифзи муҳити зист ва идоракунии партовҳо муаррифӣ шуданд
  • Лоиҳаҳо оид ба ҳифзи муҳити зист ва идоракунии партовҳо муаррифӣ шуданд
  • Лоиҳаҳо оид ба ҳифзи муҳити зист ва идоракунии партовҳо муаррифӣ шуданд

Президент Шавкат Мирзиёев бо тақдимоти корҳое, ки дар соҳаи экология ва ҳифзи муҳитни зист татбиқ мегарданд ва нақшаҳои оянда шинос шуд.

Тавре маълум аст, аз 12 то 17 феврали соли равон дар шаҳри Самарқанд конфронси 14-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба ҳифзи намудҳои муҳоҷирати ҳайвоноти ваҳшӣ (COP-14) баргузор гардид. Дар он ҳудуди 2 ҳазор намоянда аз беш аз 130 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд.

Дар натиҷаи чорабинӣ Нақшаи стратегии Самарқанд оид ба намудҳои муҳоҷирати ҳайвоноти ваҳшӣ барои солҳои 2024-2032 тасдиқ карда шуд, ки барои татбиқ аз ҷониби давлатҳои аъзои Конвенсия пешбинӣ шудааст. Ташаббуси Шарикии глобалӣ баҳри ҳамбастагии экологӣ (GPEC) ба роҳ монда шуд.

Ӯзбекистон президенти конвенсияи зикршудаи СММ барои солҳои 2024-2026 интихоб шуд. Дар Тошканд нахустин дафтари дар Осиёи Марказӣ нахустини  Иттиҳодияи байналмилалии ҳифзи табиат (IUCN) кушода шуд. Ҳамчунин дар бораи ифтитоҳи намояндагии Барномаи муҳити зисти СММ дар Ӯзбекистон созиш ҳосил шуд.

Бо Бонки ҷаҳонӣ дар мавриди татбиқи лоиҳаи таъсиси 6 ҳудудҳои табиии фаромарзӣ дар Осиёи Марказӣ тавофуқ ҳосил шуд. Миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва созмонҳои байналмилалӣ як қатор санадҳо ба имзо расид.

Сарвари давлат ҷиҳати идомаи ҳамкориҳо дар ин самт, таҳияи нақшаи чорабиниҳо оид ба Ӯзбекистон ва лоиҳаҳои нави грантӣ, инчунин ташкили такмили ихтисоси кормандон дар созмонҳои байналмилалии экологӣ ва қароргоҳи конвенция супориш дод.

Дар муаррифӣ ҳамчунин дар бораи лоиҳаи «Барқарорсозии манзараҳои устувори ҷангал дар Ӯзбекистон» маълумот дода шуд. Арзиши умумии лоиҳа, ки бо иштироки Ассотсиатсияи рушди байналмилалӣ амалӣ мегардад, беш аз 205 миллион долларро ташкил медиҳад, ки татбиқи он ба 6 сол пешбинӣ шудааст. Ин маблағ барои васеъ кардани майдони ҷангал, таҳкими заминаи моддию техникии хоҷагии ҷангал, ҷорӣ намудани идоракунии устувор ва рушди инфрасохтори экотуризм истифода мешавад.

Аз ҷумла, дар раванди барқарорсозӣ ва ҳифзи ҷангал низоми инноватсионии идоракунӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ҷорӣ карда мешавад. Заминҳои харобшудаи ҷангал барқарор карда мешаванд. Барои барқарор кардани манзараҳои манотиқи марзӣ бо кишварҳои ҳамсоя ҳамкорӣ ривоҷ меёбад.

Дар натиҷа, аз ҷумла, барқарорсозии 175 ҳазор гектар ҷангал ва 38 ҳазор гектар чарогоҳ, бунёди 19 ҳазор гектар ҷангалҳои кишоварзӣ ва 5 ҳазор гектар ҷангалҳои саноатӣ, инчунин азхудкунии 63 километр шоҳроҳҳои экологӣ дар назар аст.

4 январи соли ҷорӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон   куни Ўзбекистон «Дар бораи чораҳо оид ба такмил додани системаи муомилоти партовҳо ва кам кардани таъсири манфии онҳо ба вазъи экологӣ» қабул шуд. Дар тақдимот инчунин дар бораи корҳо оид ба татбиқи ҳуҷҷат маълумот дода шуд.

Дар мамлакати мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 6,8 миллион тонна партови маишӣ ҳосил мешавад. Дар солҳои охир шумораи маҳаллаҳое, ки бо хизмати санитарӣ фаро гирифта шудаанд, аз 90 фоиз гузашт. Аммо дараҷаи коркарди партовҳо ҳанӯз паст аст. Ҳоло ҳамагӣ 313 ҳамин гуна корхона мавҷуд аст.

Дар фармони Президент чораҳои ҳавасмандгардонии минбаъдаи ин гуна фаъолиятҳо пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, аз 1 июни соли 2024 фурӯши ашёи хоми такрорӣ аз партовҳои маишӣ танҳо тавассути биржа анҷом дода мешавад. Ҷамъоварии ҷудогонаи партовҳо ба категорияҳои «аз нав коркардашаванда», «ба азнавкоркард мутобиқнабуда » ва «хӯрокворӣ» ҷудо карда мешаванд. Шарикии хусусӣ дар соҳаи ҷамъоварӣ ва коркарди партовҳо инкишоф меёбад.

Тадбирҳои масъулият барои ба ҷойҳои номуқараршуда партофтани партовҳо пурзӯр карда шуда, ӯҳдадории тоза кардани ҷои ғайриқонунӣ партофтани партовҳо, инчунин баровардани он муайян карда мешавад.

Илова бар ин, дар муаррифӣ масъалаҳои оптимизатсияи партовгоҳҳои маишӣ ва таъсиси корхонаҳои истеҳсоли маҳсулот аз онҳо баррасӣ шуданд.

Аз ҷумла, барои ҷалби сармоягузорӣ ба партовгоҳҳо ҷорӣ намудани низоми минтақаҳои махсуси иқтисодӣ дар минтақаҳои буферии онҳо, инчунин таъсиси низоми нави истеҳсоли неруи барқ ​​ва нуриҳои органикӣ тавассути сӯзонидани партовҳо пешбинӣ шудааст. Аввалин лоиҳаи озмоишии ин системаи нав дар вилояти Андиҷон амалӣ карда мешавад.

Ҳамин тариқ, роҳандозии лоиҳаҳо оид ба истеҳсоли 10 ҳазор тонна нурии органикӣ аз партовҳои органикӣ аз ҳисоби  13 миллион доллар сармоягузорӣ дар ноҳияи Андиҷон ва соле  истеҳсоли 2 миллион киловат соат қувваи барқ  аз партовҳо дар Асака ба нақша гирифта шудааст. Дар оянда таҷрибаи Андиҷон дар дигар вилоятҳо низ ҷорӣ карда мешавад.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: