ДАР ШАҲРИ НАГОЯИ ҶОПОН КОНСУЛГАРИИ ИФТИХОРИИ ӮЗБЕКИСТОН КУШОДА ШУД

Консулгарии ифтихории навтаъсис аз ҷумлаи натиҷаҳои пурмаҳсули сафари Президенти Ӯзбекистон ба шаҳри Нагоя мебошад, ки моҳи декабри соли 2019 ба вуқӯъ пайваста буд.

Ба мақсади инкишоф додани муносибатҳои дӯстонаи байни минтақаҳои Ӯзбекистон ва Ҷопон, вусъат бахшидани робитаҳои дуҷонибаи иқтисодӣ, маданиву инсонпарварӣ, сайёҳӣ, ҳамаҷониба дастгирӣ кардани шаҳрвандони мо, ки дар префектураи Айтӣ зисту зиндагӣ доранд, дар шаҳри Нагоя Консулгарии ифтихории Ӯзбекистон кушода шуд.
Дар маросими кушоиши он, ки 19 сентябр ба амал омад, маслиҳатгари  ширкати «IM Corporation» мушовири Иттиҳодияи дӯс-тии «Нагоя – Ӯзбекистон» Хироюки Ито консули ифтихории Ӯзбекистон дар Нагоя эълон гардид ва ба ӯ дар вазъи мутантан боварномаи дахлдори консулгарӣ супурда шуд.
Дар маросими кушоиш намояндагони парлумони Ҷопон, Лигаи парлумонии «Нагоя – Ӯзбекистон», парлумон ва  маъмурияти шаҳри Нагоя, оҷонсии оид ба илм ва технологияи Ҷопон, созмонҳои дигар ширкат варзиданд.
Дар баромадҳо таъкид шуд, ки Консулгарии навтаъсиси ифтихорӣ аз ҷумлаи натиҷаҳои пурмаҳсули ташрифи роҳбари давлати мо Шавкат Мирзиёев ба шаҳри Нагоя мебошад, ки моҳи декабри соли 2019 ба вуқӯъ омада буд. Он ҳамчунин маҳсули рушди муносибатҳои дӯстонаи байни Ӯзбекистон, шаҳри Нагоя ва  префектураи  Айтӣ буда, барои ҳифзи ҳуқуқи ҳамдиёрони мо, ки дар минтақаи мазкури Ҷопон таҳсил ва кор мекунанд, нақши муҳим мебозад.
Зикр шуд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ, илмиву техникӣ ба амиқсозии муносибатҳои муҳоҷириву консулгарӣ, пешрафти ҳамкорӣ дар соҳаи дипломатияи халқӣ, вусъатёбии дӯстии байни халқҳои ду мамлакат муоидат менамояд.
Раиси кумитаи оид ба масъалаҳои қонунгузорӣ ва ҳуқуқшиносии палатаи поёни парлумони Ҷопон Тадахико Ито аз кушоиши Консулгарии ифтихории Ӯзбекистон дар шаҳри Нагоя, ки вай он ҷо зиндагӣ дорад, қаноатмандии бузург изҳор кард. Мавсуф таъкид сохт, ки сафари Президенти Ӯзбекистон дар соли 2019-ум ба Донишгоҳи Нагоя ва ба ӯ додани унвони ифтихории доктори донишгоҳи мазкур кафолати пешрафти робитаҳои дуҷонибаи таълимӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба шумор меравад.
Депутати ҷопонӣ изҳор намуд, ки якҷо бо Консулгарии ифтихорӣ ба роҳ монда шудани хатсайри авиатсионии Нагоя – Тошканд ва рушди хатсайрҳои мунтазам ба мақсади ба Ӯзбекистон ҷалб сохтани сайёҳони ҷопонӣ ва фароҳам овардани мусоидат барои зиёда аз 500 ҳамватанони мо, ки дар префектураи Айтӣ зиндагӣ доранд, кумаки амалӣ мегардад.
Депутати палатаи поёнии парлумони Ҷопон, узви Лигаи парлумонии «Ҷопон – Ӯзбекистон», собиқ муовини вазири иқтисодиёт ва саноат Ясумаса Нагасака аз боз шудани Консулгарии ифтихории Ӯзбекистон дар Нагоя қаноатмандии бузург изҳор карда, фаъолияти онро ба мақсади инкишоф додани ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва муносибатҳои дӯстона бо кишвари мо куллан пуштбонӣ намуд. Вай таъкид сохт, ки ба парлумони Ҷопон ва ҳукумат барои дастгирӣ кардани рушди ҳамкориҳои стратегӣ бо Ӯзбекистон кумак хоҳад кард.
Ҳокими шаҳри Нагоя Такаси Кавамура хотираҳои гарми худро аз вохӯрӣ бо Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев моҳи декабри соли 2019 баён намуд. Вай рушди фаъоли муносибатҳои дӯстона бо Ӯзбекистон, таҳкими робитаҳои дӯстонаи байни халқҳои ду мамлакат, аз ҷумла ба роҳ монда шудани мубодилаи ҳайатҳо, сафарҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ, вохӯрии мактаббачагон ва арбобони санъатро зикр кард, ҳамчунин қайд намуд, ки дар оянда якҷо бо Консулгарии ифтихорӣ барои вусъат додани ҳамкориҳои дуҷониба тамоми чораҳо андешида мешаванд.
Хотиррасон менамоем, ки ҳоли ҳозир дар кишварҳои гуногуни хориҷӣ тақрибан 40 Консулгарии ифтихории Ӯзбекистон амал мекунанд.

АИ «Дунё»,
шаҳри НАГОЯ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: